Акнун шумо метавонед се ҷилди “Самаки айёр”-ро аз талеграмканали мо боргирӣ кунед

Мундариҷаи китоби “Самаки айёр”-ро зоҳиран саргузашти тулонии ду ҷавони дилдода – Моҳпарии Чинӣ ва Хуршеди Ҳалаби ташкил менамояд. Ин навъ ибтидои ишқро дар бисёр қиссаҳо мебинем. Аммо асли мақсади гӯяндаи китоб, ғояи иҷтимоиву аҳамияти таърихии асар ва компазитсияи роман чун асари мукаммали насри бадеии асрҳои миёна ба воситаи образи ҷавонмардону айёрон ва корномаи онҳо ифода ёфтааст. Қаҳрамонони асосии асар Самаки айёру Шағоли Пилзӯр, Хуршедшоҳ ва дигар ҷавонмардону паҳлавонон мебошанд.

“Самаки айёр” беҳтарин намунаи насри классикии тоҷик аст, ки асрҳост шуҳрат дорад ва имрӯз ҳам хонандагони ин гуна асарҳо кам нестанд. Бо таваҷҷуҳ ба завқи хонандагон ҳоло ин имконро барояшон фароҳам овардем, ки се ҷилди онро дар телеграмканали сомонаи Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд ва ё боргирӣ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки ин китоб зери назари донишмандони маъруф Иосиф Брагинский, Ҷалол Икромӣ, Носирҷон Маъсумӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Раҳим Ҳошим, Расул Ҳодизода, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ интишор ёфтааст.

Муқаддимаи ҷилди аввал қобили мутолиа аст. Аз он хонанда дар бораи чигунагии чопи ин достони насрии пуршӯр маълумоти лозимӣ дарёфт мекунад.

 ГУНАИ ЭЛЕКТРОНИИ КИТОБРО АЗ ИН ҶО ДАСТРАС НАМОЕД: