Зиёвуддини Нурзод дар маҳфили “Ганҷи сухан”

Зиёвуддини-НурзодБо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11-уми апрели соли равон маҳфили “Ганҷи сухан” доир гардид.  Ба маҳфил рӯзноманигор ва ҳунарманди хушсадо Зиёвуддини Нурзод ва сармуҳаррири идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии радиои Тоҷикистон Лутфуллои Азиз ташриф оварданд.

Маҳфилро муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуд ва аз ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони имконияташон маҳдуд ёдовар шуд.

Баъдан, рӯзноманигор ва ҳунарманди шинохта Зиёвуддин Нурзод аз зиндагӣ ва фаъолияти кориаш ҳарф зада, бо иштирокдорон ки аксарият шахсони имконияташон маҳдуд буданд, суҳбати самимие  анҷом дод. Аз ҷумла таъкид намуд, ки Шумо ҳеч гоҳе набояд рӯҳафтода бошед аз он ки Худованд барои шумо нуқси ҷисмонӣ ва ё дигар иллатеро додааст, чунки дар замири ҳар яки шумо истеъдоди хоссае нуҳуфтааст. Дар идома аз чанд тан онҳое мисол овард, ки новобаста аз вазъи саломатиашон имрӯз дар ҷомеа мавқеъ пайдо намудаанд ва метавонанд мустақилона зиндагии худро пеш баранд.

Лутфуллои Азиз,  сармуҳаррири идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии радиои Тоҷикистон атрофи касби журналистӣ ва суҳбату вохӯриҳо бо шахсони муваффақе, ки ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, ҳамеша барои ҳаёти хушу бофароғат талош намудаанд, ҳарф зад.

Дар қисмати дигар  миёни иштирокдорон ва меҳмонони маҳфил суҳбати хубе атрофи зиндагӣ ва фаъолияти рӯзноманигорию ҳунармандии Зиёвуддини Нурзод анҷом ёфт. Ва  сарояндаи маҳбуб барои дӯстдорони ҳунараш чанде аз сурудҳояшро замзама намуд. Аксари касоне, ки ба ин суҳбат ҳозир шуда буданд, аз ҷумлаи ташнагони шеъру суруд буданд ва аз суҳбатҳои меҳмонон ва таронаҳои хубу дилчаспи сарояндаи писандидаи худ ташнагӣ шикастанд.

Дар поёни мулоқот Зиёвуддини Нурзод чанд нусха китоби тозанашри худ “Миёни гиряву ханда”-ро тақдим намуд. Ин китоб аслан як асари тарҷумаиҳолист, ки рӯзноманигор аз ҳаёти худ ва бахусус, аз айёми бемодарӣ ҳикоят кардааст.

Фирдавс Саидаҳтамов ( бо шарти зикр нагардидани вазифааш) дар анҷоми маҳфил барои ҳамаи аъзоёни шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи моҳи мубораки Рамазон маводи яквақтаи хӯрока тақдид намуд.

Мулоқоти хонандагон бо рӯзноманигорон ва сарояндаи писандидаашон хубу хотирмон гузашт.

Наргис НАЗАРЗОДА