«Аль – Ғазали  и суфизм» -китобе дар шуъбаи депозитарӣ, ки шоиста аст мутахассисон бихонанд

Ғазали  и суфизмДар шуъбаи депозитарии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон китобе бо номи «Аль – Ғазали  и суфизм» таҳти рақами 1218936 нигаҳдорӣ мешавад, ки муаллифаш Каримов Қосим Муҳаммад-уғлӣ (Гасым Мамедович (Гасым Мамед оглы) Керимов) мебошад. Китоб соли 1969 дар шаҳри Боку чоп шудааст.

Тавре аз номаш пайдост, китоб дар бораи як ҷараёни маъруф дар Ислом-тасаффуф ва маъруфтарин намояндаи он Абуҳомид Аҳмад ибни Муҳаммади Ғаззолии Тӯсӣ ҳикоят мекунад. Муаллиф кӯшидааст ҷаҳонбиии фалсафиву динии донишманди маъруф ва нобиғаи олами ислом Муҳаммади Ғаззолиро бо такя ба маъхазҳои илмӣ таҳлил кунад.

Китоби Қосим Каримов аз ду боб: “Зуҳури суфизм ва пояҳои асосии таълимоти он” ва “Ал-Ғаззолӣ” иборат аст.

Дар боби аввал муаллиф талош кардааст бар асоси додаҳои илмӣ ва такя ба навиштаҳои донишмандону исломшиносон фалсафаи тасаввуфро аз нигоҳи илм таҳлил кунад. Чун Каримов зодаву павардаи замони Шӯравӣ ва таълимоти коммунистӣ буд ва китобаш низ дар ҳамон замон чоп шудааст, тасаввуфро аз нигоҳи марксистӣ-ленинӣ таҳлил кардааст. Вале бовуҷуди ин китоб аз аҳаммияти илмӣ холӣ нест.

Яке аз бахшҳои қобили таваҷҷуҳ “Решаҳои иҷтимоӣ ва таъсири динҳои дигар ба тасаввуф” мебошад, ки муаллиф хеле заҳмат кашидааст, то ин таълимоти фарогир ва муҳташам дар олами исломро бо баъзе ҷараёнҳои адёни дигар, аз ҷумла оини буддоӣ муқояса кардааст. Чуноничи муаллиф ақидаи И.Голдсиер ва Р.Николсонро меорад, ки ин ду донишманд “фано”-и тасаввуфро ҳамсон ба нирванаи1 оини буддоӣ як медонанд. Аммо донишманди эронӣ, доктор Қосим Ғанӣ ба чунин ҳамсонсозӣ мувофиқ нест. Вай мегӯяд ин ду таълимот танҳо зоҳиран ба ҳам шабеҳанд, аммо дар асл аз ҳамдигар хеле фосила доранд. Нирванаи буддоӣ поёни шахсияти инсон аст, аммо “фано”-и тасаввуф “абадиёт” ёфтан аст. Суфӣ бо онки шахсияти худро пурра фано мекунад, вале мартабаи абадиятро дар назди Худованд соҳиб мешавад. Ин олими эронӣ ба ин назар аст, ки сабаби пайдоиши тасаввуф ва ҷараёни суфигарӣ бастаи ҳеч мушкилоти иҷтимоӣ нест, балки сабаби он худи ислом аст.

Дар идома муаллиф аз таҳқиқоти пофессор И.П.Петрушевский мисол меорад, ки мегӯяд: “Баъзе таҳқиқгарон талош кардаанд, ки суфизмро бо нирванаи буддоӣ яке донанд. Вале шабоҳати ин ду ҷараёни мазҳабӣ дар ду дин зоҳирист”.

Хонанда ва бахусус мутахассисон ва муҳаққиқони дину мазҳаб ва касоне, ки ҷараёни тасаввуфро меомӯзанд, аз ин китоб матлаби ҷолибе барои ояндаи таҳқиқоти худ пайдо карда метавонанд.

Каме маълумот дар бораи муаллифи китоб: Каримов Қосим  Мамедович (Гасым Мамедович (Гасым Мамед оглы) Керимов) 10-уми моҳи майи соли 1930 дар шаҳри Ганҷаи Озарбойон ба дунё омада, 18-уми майи соли 2016 дар синни 86-солагӣ дар шаҳри Москав аз олам рафтааст. Исломшиноси Шӯравӣ ва Русия, доктори улуми таърих, профессор. Яке аз муаллифони “Атеистический словарь» аст, ки соли 1983 чоп шуда, тарҷума ва шарҳи кутоҳи 2500 истилоҳро дар бар гирифтааст.

Хоҳишмадон метавонанд бо китоби «Аль – Ғазали  и суфизм» дар шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.

Раҳима Мамашарифова, корманди шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ.