Парчаму парчамдорӣ дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчам“Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ ин нишонаи истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад!.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар таърихи давлатдорӣ ва саршавишти миллати тоҷик оғози марҳалаи нав гардида, барои шинохту дарёфти арзишҳои фарҳанги  миллӣ заминаи устувор фароҳам овард. Марҳалаи навин зарурати омўзиш ва таҳқиқи амиқу ҳамаҷонибаи арзишҳои таърихиву фарҳангии деринаи миллатро бар пояи воқеияти таърихӣ ба миён гузошт. Зарурате пеш омад, ки ҳар як халқу миллат аз таърихи гузаштаи худ, бахусус аз азришҳои миллии давлатдорӣ ва муқаддасоти он огоҳ бошад ва ба онҳо ифтихор намояд.

Дар ин замина наслҳои имрўза бояд гузаштаи худро омўхта ҷанбаҳои норавшани онро мавриди тадқиқ қарор диҳанд. Зеро такя намудан ба ҳақиқати таърихӣ маънавиёти ғании гузашта ва анъанаву сунатҳои дар тўли  ҳазорсолаҳо ташаккулёфта, онҳоро эътирофу гиромӣ доштан ва ҳамзамон эҳёву идома бахшидан аз омилҳои асосии ташаккулдиҳандаи ҳувийяту худшиносии миллӣ мебошанд. Истиқлол шароит фароҳам сохт, ки дар заминаи таърих ва асолати миллии халқи тоҷик рамзу муққадасоти давлати соҳибистиқлоламон таҳия ва корбас карда шаванд. Яке аз чунин арзишҳои миллии давлатдорӣ ва соҳибистиқлолии кишвар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он мояи ифтихори миллат буда, донистани таърихи пайдоиш, мафҳум, моҳият ва маънои  рангу тавсирҳои он барои  ҳар як шаҳрванд  комилан зарур аст. Рисолати ватандору ватандўст ҳам ин аст,ки ў бояд аз таърихи миллат, бахусус рамзҳои давлати худ огоҳии кофӣ дошта бошад.

24 августи соли 1990 Шўрои Олии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон-ро қабул кард. Баъдан, ба Эъломияи мазкур тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ  ва ягона эълон гардид. Ҳамин тавр, баробари эълон гардидани Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон  зарурати тағйир ва қабули рамзҳои давлатӣ-парчам, нишон ва суруди миллӣ  ба миён омадаанд. 12 ноябри соли 1991 Президенти Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ озмун эълон намуда, Низомномаро дар бораи беҳтарин тарҳи нишон ва Парчами давлатӣ қабул кард, ки он дорои чунин талабот буд:

– парчам ва нишон бояд муҳимтарин омилҳои худогоҳиву хештаншиносӣ ва ифтихори давлатдории  миллиро ифода намояд;

– парчам ва нишон бояд дорои рангҳое мебошад, ки таъриху фарҳанги куҳан ва тамаддуни бузурги халқи тоҷикро ифода карда, барои  эҳёи миллат мусоидат намоянд ва пайванди наслҳоро идома бахшида ва арзишҳои башарӣ мувофиқ бошанд.

Дар баробари ин, зикр гардида буд, ки аз принсипу тарҳҳи парчаму нишони даврони шўравӣ бояд даст кашид. Зеро ҷомеаи шўравӣ арзишҳои муҳимми маънавиро рад карда, бештар ба арзишҳои моддӣ ва иҷтимоиву синфӣ такя менамуд. Аз ин ҷост, ки дар парчаму нишони даврони шўравӣ арзишҳои моддиву истеҳсолӣ, аз ҷумла досу болға ҳамчун ифодаи манфиатҳои синфи коргару деҳқон ва дигар унсурҳо ба ҳайси мояи ифтихори ҳар як миллат акс ёфта буданд. Хўшаи гандум чун асоси зиндагӣ пазируфта мешуд. Бо дарназардошти талаботи озмун комиссияи босалоҳият ва ҳайати доварон иборат аз 20 нафар таҳти  роҳбариии Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он академикҳо М.С.Осимӣ, Р.М.Масов, Ф.Т.Тоҳиров ва дигарон шомил буданд. Ҳайати доварони озмуни Парчам ва Нишони давлатӣ таҳти Рассоми Халқи Иттиҳоди Шўравӣ Суҳроб Қурбонов маводи воридшударо ҳамаҷониба барасӣ намуда, ба хулоса омаданд, ки дар байни онҳо асарҳои сазовор мавҷуд нестанд. Бинобар ин, таҳти роҳбарии Суҳроб Қурбонов гурўҳи корӣ дар ҳайати Рассоми Халқии Тоҷикистон З.Ҳабибуллоев, Раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон  А.Заневский, санъатшинос  Л.Додхудоева, рассомон Н.Игнатушина ва М.Сайдалиев таъсис дода, масъулияти омода намудани ангораи Парчам ва Нишони давлатиро ба уҳдаи онҳо вогузор намуд. Ҳамчунин унвонии ҳайати гурўҳи корӣ таъкид шуд, ки ангораи пешниҳодшаванда бояд дар заминаи таърих, фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик таҳия намоянд. Дар натиҷа ба комиссия зиёда аз 200 тарҳи нишону парчам пешниҳод гардид. Аз байни ҳамаи пешниҳодҳо тарҳи нишон ва парчаме ҷои аввалро соҳиб гардид, ки сарварии гурўҳи кории онро рассом Зуҳур Ҳабибуллоев бар дўш дошт. Ангораи парчами пешниҳодшуда хеле ҷолиб буда, аз се ранг-сурх, сафед ва сабз иборат буд. Агар рангҳои сурх ва сабз ҳар кадом як ҳиссаи парчамро фаро гиранд, ранги сафед 1,5 ҳиссаи парчамро ишғол мекард. Тасвири рангҳо низ ҷолиб буда, ранги сурх мубориза ва ҷоннисориҳои халқи тоҷик, равшанӣ, сурхрўӣ, ранги сафед сулҳу оромӣ, бахту иқболи сафед ва ранги сабз сарсабзиву хурамиро ифода мекарданд. Дар мобайни парчам тасвири зарҳалии тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шуд, ки онҳо ҷавобгўй ба таърих ва фарҳанги халқи тоҷиканд. Агар тоҷи заррин нишонаи  тоҷдор будани  халқи тоҷикро ифода намояд, пас рамзи ҳафт барои халқи тоҷик рамзи бахосият дониста мешавад. Масалан, ҳафт сайёраи (Офтоб, Моҳ, Зуҳал, Муштарӣ, Миррих, Зуҳра ва Аторуд), маҷмўи ситораҳои ҳафтдодарони калон ва хурд, ҳафт рўзи ҳафта, ҳафт ранги аслӣ ва ғайра.

24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои асосии давлати тозаистиқлоли тоҷиконро қабул намуд. Қобили қайд аст, ки дар ҷараёни кори иҷлосияи таърихӣ дар атрофи нишон, рангҳои парчам, тоҷ ва ҳафт ситораи он баҳсҳои тўлонӣ ба миён омада, Парчами давлатӣ дар шакли имрўзаи он бо се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ситораҳо дорои моҳияти таърихӣ ва аҳаммияти сиёсӣ буданд.

Ранги сурх дар Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои  халқ баҳри озодӣ ва истиқлол омадааст. Зеро  аҷдоди мо ранги сурхро ҳамчун шуои офтоб, ки оламро мунаввар месозад, тимсоли равшанию рўи сурх парастиш мекарданд ва он парчами давлатиро ба Дирафши ковиёнӣ мепайваст, ки он ҳам ранги сурх дошт. Ранги сафед ҳамчун рамзи бахту иқболи сафед ва покизагӣ  истифода шудааст, ки  дар гузашта ҳамчун рамзи тозагӣ, абадияти ҳаёт дар заволи зулмат эътироф гардида буд. Ранги сабз  нишонаи саъю  кўшиш ва заҳмату талошҳои сокинон  баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватан буда, дар гузашта рамзи  зиндагӣ ва сарсабзиро ифода мекард. Тасвири тоҷу ҳафт ситораи парчам дар фарҳанг ва тамаддуни мо решаи амиқи таърихӣ  дорад. Акси тоҷ дар Парчами давлатӣ маънои соҳибдавлатӣ ва мавҷудияти анъанаҳои давлатдории куҳани моро дорост. Зеро тоҷикон аз ҷумлаи он халқҳои тамаддунофаре мебошад, ки давлатҳои шукуҳмандро ба майдони таърих овардаанд ва ҳақ доранд, ки имрўз бо ифтихор худро халқи соҳибдавлат бидонанд. Аз ин лиҳоз, акси тоҷ дар Парчами давлатӣ ифодагари ифтихори миллӣ ва азму ирода дар роҳи устувор гардонидани давлати миллӣ мебошад. Тасвир шудани ҳафт  ситораи парчам ба он хотир аст, ки рақами ҳафт дар ҷаҳонбинии мардуми мо моҳияти олами ҳастиро ифода мекунад. Аз ин рў, зинатбахши Парчами давлатӣ гардидани тоҷ ва ҳафт ситора василаи муаррифии ҷаҳонбинӣ ва ҳувийяти миллӣ мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матои росткунҷаи аз се рахи рангаи уфукӣ иборат буда, рахи ранги сурх дошта, паҳноии он бо рахи  сабз баробар мебошад. Рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахи ранга аст. Рўи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст. Мутобиқати бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.  Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунча ҷой дода шудаанд, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0 паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгўша ва доираҳои қутрашон 0,15 ба қавси радиусаш 0,5 паҳнои рахи сафед кашида мешавад. Баландии тоҷ баробари 0,55 паҳнои рахи сафед буда, дар пояи он ба қавси радиусаш 1,2 бар рахи сафед қатъ мешавад. Чор унсури камоншакл, ки тоҷро зеб медиҳанд, дар мобайн бо як қисми доира оро меёбанд, ки қутри он баробар 0,2 бар рахи сафед мебошад. Бояд гуфт, ки Иҷлосият XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо таҳкурсии давлатдории навинро гузошт, балки 24-уми ноябри соли 1992 рамзҳои асосии давлат куҳанбунёду тозаистиқлоли тоҷиконро қабул намуд. Муқаррароти қарор чунин аст:

1.Парчами давлатии Чумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, иттиҳоди когарон, деҳқонону зиёиён ва дўстии тамоми халқиятҳои кишварро дар бар мегирад.

2.Парчами давлатии Чумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дорои 3 рахи  горизонталии ранга мебошад: рахи болои он ранги сурх буда, қисмати  поёнии он бо паҳноияш ранги сабз дорад; дар миёни ранги сафед ҷойгир шудааст, ки нисфи қисмати паҳнои онро фаро мегирад. Дар миёнаҷои рахи сафед акси тоҷи заррин бо сабки махсус  ҷой дода шудааст,ки дар болои он ҳафт ситора ҷой дорад.Арзу тўли парчам 1:2 мебошад.Тоҷ ва ситораҳо бо шакли росткунҷа кашида шуда, ба шакли амудӣ 0,8 ва ба шакли уфуқӣ 1,0 дар паҳнои рахи сафед ҷойгир шудаанд. Ситораҳои панҷгўша дар атрофи андозаи 0,15 қарор гирифта, масоҳати байни онҳо 0,5 ро ташкил медиҳад, ки дар болои хати сафед ҷойгир мешаванд. Баъд аз қабул шудани муқаррарот дар бораи Парчами давлатӣ навиштаҷоти конститутсионӣ дар бораи парчам ҳам тағйир дода шуд. 11 декабри соли 1999 Парчами давлатии Тоҷикистон, ки он 24 ноябри соли 1992 навишта шуда буд, бе тағйирот аз ҷониби Маҷлиси Олии ҶТ ба тасвиб расид. Ба навиштаи интернетии портали TAJIKISTAN рамзи рангҳои дар парчам омада инҳоянд: рахи сабз-рамзӣ водӣ, ки дар кишвар хеле кам буда, ҳамагӣ 7% -ро ташкил дода, боқимондааш кўҳ мебошад. Хати сафед-рамзи боигарии кишвар-пахта ва инчунин барфу пиряхи кўҳсори Тоҷикистон мебошад. Хати сурх-ранги ваҳдати миллӣ ва бародарӣ бо дигар кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад. 14 марти соли 2007 Парлумони Тоҷикистон  Қонун «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонид. Дар Қонуни мазкур мақоми ҳуқуқӣ, тартиби омада ва истифода намудан Парчаму Нишон ва иҷрои Суруди миллӣ муаян шуданд. Инчунин, таҳти рақами 499 «Дар бораи тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул шуд, ки бе тағйирот аз навиштаҳои солҳои 1992-1999 руйнавис шудааст. Худи ҳамон сол дар бораи тасдиқи Нишони давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суруди миллӣ қарор қабул шуд…

Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон-рамзи Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон ва ифодагари иқболу иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. 

Рамзу ифодаҳо дар ойини парчамдории мо маҳсули эҷоди нафаре набуда, аз ҷониби олимону донишмандони давру замонҳои махталиф ҳамчун ормонҳои мардум корбаст шудааст. Хушбахтона, ин рамзу ишораҳо дар масири таърих аз насл ба насл гузашта, шакли онҳо то ҳанўз дар ёдҳо нақш бастаанд, ки мо онҳоро зимни омўзиши муҳтавои нақшу нигора ва кашидадўзӣ, бахусус дар куртаи  чакан ва кўзаҳои сафолин баръало мушоҳида мекунем.

Аз китоби “Парчам”-и Иброҳим Пирназарзода, Душанбе, 2015 таҳияи Рисолат Шералиева, корманди шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд.