Алиасғари Шеърдӯст. «Шоҳнома »-и манзуми  мардуми тоҷик

Хақназар ҒоибШоир устод Хақназар Ғоиб дар ҳақиқат «Шоҳнома»-и манзуми мардумони тоҷик дар нимқарни ахир аст. Рузгорҳои хушӣ ва фароғат, сахтиву машаққат, нокомию ғурбат-ҳамаи инҳоро лобалои давовини (девон) устод Ҳақназар Ғоиб метавонем мушоҳида бикунем.

Ва аз ин ҷост, ки мегўем ин шоир мондагор аст, чаро ки бо мардумони худ зистааст барои таърих ва мардумони худ шеър гуфтааст, ба талаботи замон ҷавоб додаст-он ҳам бо забони ҳунар.

Ҳар паёме, ки ҷомеаи ҳунарӣ ба худ бигирад, боқӣ мемонад. Вақте ки паёмҳои шоир ҷомаи ҳунарӣ ба худашон бигиранд, ба забони шеър гуфта бишаванд… онҳо дар зеҳни мардумони ҳамаи асрҳо ва ҳамаи маконҳо зинда мемонад. Ба имтиёз устод Ҳақназар Ғоиб аз ин гуна шоирон аст, шеъраш фарозу фуруд дорад, забони мардумони худаш аст бо ба ёни мондагор.

МУХТАСАРИ БАҲОИ ИРФОНИЁН БА ШОИРИ ТОҶИК

Дар маҷаллаи эронии «Бухоро», чопи Теҳрон, саҳифаи171,шумораи 71,соли 1388,донишманд ва пажуҳишгари варзидаи эронӣ  Масъуди Ирфониён роҷеъ ба ду китобчаи ба ҳуруфоти форсӣ интишоршудаи Ҳақназар Ғоиб – «Қиссаи аспи Хатлӣ» ва «Навҳаи Фирдавсӣ ба марги Рустам», инчунин тарҷумаи ҳол ва унвонҳояш мухтасар маълумот додааст. Аз ин маълумоти мухтасар равшан мегардад, ки мавзуъҳои фарогири ҳар ду асари муаллиф ба завқи оқои Ирфониён писанд омада, дар чанд ҷумлаи кўтоҳ бо самимияти том ба ин ду асар баҳои нағзу муносиб додааст. Ў аз ҷумла менависад:

«Ду китоби кўчак, вале пурмояву пурбори Ҳақназар Ғоиб ба дастамон расид, ки аз он бўйи дилу ангезаи меҳр аз қаламравии забони форсию тоҷикӣ ва сарзамини ниёгону фарҳангу асотир ба машом мерасад ва инсонро ба шўру ваҷд меорад.

Ҳақназар Ғоиб зодаи соли 1943 дар рустои Офтобии (Офтоблиқо) Кўлоб аст. Ў дар соли 1966 риштаи забону адабиёти форсию тоҷикиро дар Донишгоҳи олии омўзгории Кўлоб ба поён расонидааст. Дар соли 1976 ба узвияти нависандагони (собиқ) Шўравӣ даромад. Ў шоири мардумии Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи Рўдакист. Масоили иҷтимоӣ ва низ асотири тоҷикию эронӣ, ба вижа дар ин ду асар, ки баргузидаи мухтасар аз ашъори ўст – бунмояҳои аслии шеъри ўро ташкил медиҳад. «Суруди бародарии Кўлобу Ҳамадон», «Ҳамзабонӣ», «Аспи Хатлӣ мезанад хеза», «Мероси аспи Хатлӣ», «Навҳаи Фирдавсӣ бар марги Рустам», «Подоши Фирдавсӣ», «Аҷам то ҳаст…», «Ман ташнаи вафоям». «Дар зилзилаи Бам», «Эрон», «Симурғ», «Қисса», «Китобе аз бўйи гул», «Панди ниё» бархе аз ашъори накўи ин ду маҷўа аст.

Пас аз ин шиносоӣ намунаҳое дар якуним саҳифа аз банду байт ва мисраҳои тозаафкори шоир аз шеърҳои «Эрон» ва дар «Зилзилаи Бам» оварда мешавад:

«Ассалом, эй Момаи Симурғ,

Эй падар бар хонадони ишқ!

Золи Зар, Рўдобаи Ошиқ,

Роздони роздони Ишқ!»…

***

«Эй садои зиндаи таърих

Аз замони Одаму Олам»,

***

Ин чи шўрест зи пешонии шўр,

К-аз заминларза ҷаҳон ларзон аст,

…Ҳақназар дар Хуталон гирён аст.

***

…«Бам куҷо, синаи ман зилзила дошт,

Зилзила дар дили ман обила дошт,

Дил аз ин обилаҳо қофила дошт».

***

Ҳама аз як Ватанем,

Ҳама бо ҳамдигарӣ ҳамватанем.

Зери чатри чакани чархи барин

Як Ватан ҳаст-ЗАМИН.

Бами ман низ пас аз ин Бами мост,

Бами ман хонаи дарду ғами мост,

Манзиле дар ҳама  манзилгаҳи пурмотами мост.

Аз китоби Ҳақназар Ғоиб: “Тоҷик ва тоҷи Офтоб” (китоби сеюм).

Таҳияи Умеда Хоҷаева, шуъбаи нигаҳдории китоб