АЛМОСИ САНЪАТИ КИНО ВА ТЕАТРИ ОЛАМ
Шахсияти фарҳангиёни замон амсоли дарахти пурборанд, ки баъд аз онҳо пасояндагон дар партави дурахши афкорашон осоишу фароғат меёбанд. Ҳар боре, ки эҳсоси андуҳ, танҳоӣ ва буғзи маънавият домангирамон мешавад, аз шаҳди андешаву афкори ҳикматноки эшон таскин меёбем, зеро зиндагию рӯзгор, андешаву сарнавишти шахсиятҳои зиёовар раҳнамову таскинбахши руҳу ҷон мебошад.
Дар ин маврид, ки айёми навбаҳору боғистони хотир сабзазору гулпўш аст, дар бораи яке аз чунин нафарон ҳикоят кардан мехоҳем, ки мероси адабию фарҳангияш фаротар аз тасаввури инсонӣ буда, ҳатто исми саҳнаҳо, нақшҳо, китобу осор ва феҳристи мақолаву нигоштаҳояш баробар ба як ҷилди девон аст.
Қаҳрамони навиштаи мо на танҳо бо офаридани нақшҳо дар синамову театр маъруфият дорад, балки бо хирад, дониш, маърифат ва нигоҳи олимонаву оқилонаву файласуфонаи хеш, миёни ҷомеаи фарҳанггустарони олам маҳбубият дорад. Ўро ном Ҳошим Гадо аст. Бале, Ҳошим Гадо!! Ӯ Ҳошими санъату кинои оламшумул, Ҳошими театри ҷаҳонгир, Ҳошими файласуф, Ҳошими адиб, мутафаккир ва Ҳошими миллати тоҷик аст!!!
Ў беш аз 50 сол аст, ки рӯи саҳнаи театр ва дар фиттаҳои филму тасвирҳо ҳузур дорад. Ҷойе ханҷар дар каф бар зидди аҳриманон дар набард аст, ҷое рӯи зини асп ҷавлони паҳлавонию чобукдавонӣ мекунад, замоне ҳам аз дасти хиёнаткорону неруҳои аҳриманӣ оғушта ба хоку хун аст ва лаҳзае ҳам хомапари андешаи худро аз хуни қалб рангин намуда, барои фарру фарҳанги миллӣ чакомаи андешаи худро рӯи сафҳаи зиндагонӣ менигорад.
Агар аз рӯи расмиёт унвону нишонҳои Ҳошим Гадоро – актёр, режиссёр, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Ҳунарманди халқии СССР, Аълочии маданияти СССР, дорандаи Ҷоизаи ҳунарии Аноҳита, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ, Дорандаи Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори фахрии Федератсияи Россия ва ғайраҳо номбар намояд, вале бо назардошти хидматҳои мондагору беинтиҳояш месазад, ки ӯро алмоси санъати кино ва театри оламшумул унвон намоем.
Дақиқ аст, ки ҳар давру замон фарзандону шахсиятҳои худро дорад. Дар дунёи баумед, модари даҳр шояд бори дигар Марксу Энгелс, Ленину Сталин ба дунё биоранд, вале миллати азизи тоҷик бояд яқин донад, ки Ҳошим Гадо дигар такрор намешавад.
Ин ҳунарманди беҳамто ва нобиғаи дунёи ҳунар бо нақшҳои безаволаш чӣ дар саҳнаи театр ва чӣ навори кино инқилоби фикрӣ офаридааст ва дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳамчун қаҳрамони таърихӣ нақшҳои нотакрору безавол офаридааст. Нигоҳе ба нақшофарӣ ва ҳунари асилу нотакрор доштаи ў будааст, ки дар қатори дурахшонтарин ахтарони синамои ҷаҳон сурати зебои ҳаштметра дар нақши суҳроб бозидааш дар Туркиё қомат афрохтааст, ҷўш задани чашма дар Озарбойҷон ва ба номи Ҳошим Гадо номгузорӣ шуда, дар Махачқалъа расмҳояшро наққошӣ кардаву осорхонаи бебаҳое бунёд кардаанд, ки ин ва даҳҳои амалҳои ҳушмандеро дар гўшаву канори дунё мебинем, ки ба хотири пос доштани ҳунари асил заминаи бунёдӣ касб кардаанд.
Агар ба чеҳраву қомати болои Ҳошим Гадо назар намоем, бо як дидан қаҳрамонони устураҳои Юнони Бостонро пеши назар меорад, аз зовияи дигар Шоҳномаи безаволро ҷовидонатар мегардонад. Пайкараи паҳлавононаву китфони васеъ, муйи тиллорангу омехта, уқоби тезхашму баландпарвоз ва нигоҳи вазнину сукути файласуфона ўро дар зиндагӣ нақши дигар бахшидааст.
Дар мавриди ҳунари асил доштаи қаҳрамони мо ва ба Ҳамлету Эдипу Спартак монанд будани ўро фарҳангшиносон, санъатшиносон ва муҳаққиқони дохилу хориҷ таъкид намудаанд. Махсусан, театршиноси машҳури рус К. Клюткин мегўяд: “Суперактёри итолёвӣ В. Гасман, намедонам ба дигарон чӣ хел, ба ман бисёр Ҳошим Гадоевро ба ёд меорад ва баръакс. Ҳарду дорои ҳиссиёти баланди артистӣ ва ҷавҳари мардони ҳақиқӣ мебошанд”.
Баъд аз офаридани нақши Суҳроби шаҳир ва шоҳ Эдип ӯ бори дигар аз эҳё шудани дигарбораи сулолаи қаҳрамонию паҳлавонӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ хабар медод. Доир ба ин ду шоҳкории санъати кино ва театр аз ҷониби ходимони илму фарҳанг тариқи рўзномаву маҷаллаҳои ҷаҳонӣ андешаву ақидаҳои гуногун баён мешуд ва ҳамагӣ мутаҳайир буданд, ки қолаби наве аз симои Эдип офарида шуд.
Дар давраҳои қадим Афлотун, ки ақидаи аз як ҷисм ба ҷисми дигар гузаштани рўҳро таъкид мекард, баъд аз нақшофарии Ҳошим Гадоев дар нақши Эдип гӯё назарияи Афлотуни юнонӣ тасдиқи воқеии худро ёфт. Ин андешаро Доктор Ҷалолиддини Сиддиқӣ, донишманди маърфи афғон чунин маънидод намудааст: “Ҳунарманди бузург Ҳошим Гадо бо тамоми вуҷудаш, бо тамоми эҳсосоташ дар сиришти Эдип зоҳир гардид ва чунон бо пирўзӣ нақши ўро офарид, ки гўё рўҳи Эдип дар баданаш Ҳулул карда бошад…”.
Ҳунарманди халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи Ленинӣ ва ҷоизаи давлатии СССР Кирил Лавров, ки яке аз шахсияҳои барҷаставу таъсиргузори олами кинову театр мебошад, намоиши ҷаззобу таърихии “Эдип”-ро дар ҳунарнамоии устод Ҳошим Гадо тамошо карда, бо ҳайрату ҳаяҷон мегўяд: “Дар бораи фоҷиаофарони машҳур бисёр шунидааму хондаам, вале танҳо имрўз, пас аз тамошои “Эдип” дар саҳнаи тоҷик фоҷиаофарии бузургро дидам, ки Ҳошим Гадо дар он симо буд. Ҳоло бисёр касон мегўянд, ки театр тамошобинро гум кардааст, театр мемирад. Театри мо намемирад, агар ҳунармандоне чун Ҳошим Гадо зиндаанд”. Ин ва дигар андешаҳои зиёди донимандон ва муҳаққиқони дохиливу берунаро метавон шарҳ дод, вале дар як мақола ғунҷоиши фасоҳат ва назокати он ҳама ғайримуқаррарист.
Холисан бояд иброз шавад, ки дар ҷомеаи шўравӣ Ҳошим Гадоев баъд аз иҷрои муффақонаи нақши Суҳроб маҳбуби доираи фарҳангӣ ва адабии кишвар гардид ва дар синамои ватанӣ ва берун аз он мақоми устувору калидӣ касб намуд. Маҳз ин вижагии ҳунарӣ буд, ки халқиятҳои дигари иттифоқӣ низ барои иҷрои нақшҳои асосӣ дар намоишу филмҳои таърихияшон устод Ҳошим Гадоро даъват менамуданд. Зеро Ҳошим Гадо нақши як ҷавони навроҳро дар набардҳои таҳамтанӣ чонон моҳирона иҷро намуда буд, ки дар он ҳам ифодаи фарҳанги ҷавонмардӣ, ҳам ахлоқи мардӣ, ҳам қавлу амал ва ҳам тафаккури як ҷавон бозтоб мегардид.
Аз манбаву суҳбатҳои хоси ў маълум мешавад, ки дар офаридани нақш ва иҷрои лаҳзаҳои дар саҳна Ҳошим Гадо намунаи ибрат асту бояд идеали тамоми ҳунармандони ҷавон бошад ва мо фикр мекунем, ки чунин ҳам ҳаст. Масалан вақте саҳнаи Сӯҳробро мехостанд наворбардорӣ намоянд, дар гӯиши қаҳрамони асосӣ – Ҳошим Гадо жарфияту каломи Ҳаким Фирдавсиро пай бурда наметавонад ва ба муаллифи ин филмнома муоҷиат мекунад: «Ман,-мегўяд Ҳошим Гадо,-бо муаллиф Ғанӣ Абулло розӣ нашудам ва пофишорӣ доштам, ки гуфтори Сўҳроб аз нусхаи асл, яъне аз «Шоҳнома» бардошт карда шавад. Мо ҳамдигарро фаҳмида наметавонистем ва дар паси пардаи театр бар ивази ман актёри дигареро пайдо карданд ва кор то ҷое расид, ки дигар бо ман маслиҳат намекарданд…». Дар роҳи ҳунарнамоӣ ва кори эҷодӣ иродатмандии воқеӣ, донишу заковат ва далелҳои қотеъ буданд, ки ўро ба пирўзӣ мерасонанд, ки намоишномаи «Рустам ва Сўҳроб» ҷуз дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ, дар шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар ва дар пойтахти Иттиҳоди Шўравӣ-Москва ба намоиш гузошта шуд ва даҳҳо театршиносону мунаққидони бузург дар мақола ва гузоришҳояшон ба ҳунарманд баҳои олӣ доданд. Яке аз театршиносони рус ҳунари баланди ўро ҳамсони нобиғаи овозманди театри рус Павел Мочалов донист. Саҳифаҳои рўзномаву маҷаллаҳои Иттиҳоди Шўравӣ фарогири мақола ва расмҳои Ҳошим Гадо дар офариниши нақши Сўҳроб буд.
Хираду дониш ва фаҳмиши волои Ҳошим Гадо буд, ки нақши Суҳроб ба тамоми хусусият ва волоияти худ оригиналӣ рўйи навор омад ва арҷгузорӣ ба мероси гузаштаи аҷдодони мо ва меҳри ватану миллат ўро ба қуллаи камолот расонид. Ин гуфтаҳоро метавон аз мусоҳибаи хоси ҳунарманд пай бурд, ки ҳангоми дар Москав таҳсил намудан ва баъди хатм, устодон аз ў хоҳиш менамоянд, ки дар он ҷо бимонад. Ҳамчунин, ҳангоми ҳамкорӣ бо синамогарони озарӣ ўро низ ба Озарбайҷон даъват мекунанд. Шоҳидони ҳол дар ёддоштҳои худ қайд кардаанд, ки Ҳошим Гадоро аз Узбекистон, Қазоқистон, Арманистон ва дигар кишварҳои ИДМ ва Ғарб барои кор даъват намудаанд, вале чуноне худи ў мегӯяд: «…Ман ҳамеша Ватан, Тоҷикистон мегуфтаму хоки поки Ватан шавам мегуфтам…»
Дарахти андешаи Ҳошим Гадо даҳҳо шохаи барўманд дорад: актёр, режиссёр, драматург, нависанда, файласуф, муҳаққиқ, мутафаккир ва ғайра. Ба ҳосили ҳар яке аз ин шохаҳо равшан назар меандозем, аз баргу бораш завқу ҳаловат меёбем, дарахти тафаккурашро Парвардигор он чуноне офарида, ки аз ҳосилаш коми ҳазорон бинанда ва чинанда ширин мегардад.
Шохаи аввалини ҳосили ҳунарии Ҳошим Гадо актёрист. Дар саҳнаи театру навори кино зиёда аз дусад образ-нақш офаридааст. Ҳамзамон, дар саҳнаи театр бо донишҷўёни Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода қариб сад асари хурду калонро ба саҳна гузоштааст, ки дар аксарияташ рассом-ороишгар ва ҳатто коргари одӣ худи ў будааст.
Албатта, дар ин сатрҳо ғунҷонидани тамоми нақшофариҳои қаҳрамони мо ғайриимкон аст, вале аз чанди онҳо ёдовар шудан бамаврид аст. Дар театр дар нақши Содиқ «Суруди кўҳсор»-и Ғ.Абдулло, Лолаев дар «Иродаи зан»-и А. Сидқӣ, Фердинанд дар «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер, Маркандал дар «Модарандар»-и Балзак, Ҳамлет дар «Ҳамлет»-и Шекспир, Сӯҳроб дар «Рустам ва Сўҳроб»-и Ғ. Абдулло, Сино дар «Табиби бузург»-и С. Улуғзода ва дигарон. Дар кино бошад дар нақшҳои Комил дар «12 соати ҳаёт», Муъминбек дар «Ҷўра-шикорчӣ аз Минархар», сардори дастаи босмачиҳо дар «Чор нафар аз Чорсанг», Сўҳроб дар «Рустам ва Сўхроб», Ниёз дар «Муҳосира», Абдуллатиф дар «Ситораи Улуғбек» (Ӯзбекфилм), Ғурак дар «Суғдиён» (Алҷазоиру Ӯзбекистон), Агат Мара дар «Набарди се шоҳ» (синамогарони Амрико, Марокаш, Испаниё, Итолиё, Ӯзбекистон), Ғазанхон дар «Нури гулханҳои хомўшшуда» (Озарбойҷонфилм) ва ғайра.
Агар то ин дам доир ба фаъолияти ҳунарӣ: актёрӣ, коргардонӣ ва драматургии устод Ҳошим Гадо чанд нукта баён намудем, холо лозим аст, ки перомуни баъзе аз паҳлуҳои нависандагӣ ва олими тавоно будани ў дар риштаи фикрофаринӣ ва суханшиносию ҳикматофарӣ баёни фикр дошта бошем.
Дар асл, доир ба хусусият ва паҳлуи эҷодиёти нависандагии устод Ҳошим Гадо то ҳол кам касоне навиштаанд ва он ҳам дар шакли умум ва нокомил. Тибқи ковишҳои мо то 20 апрели соли 2022 дар махзанҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон 500 ҷилд китобҳои устод Ҳошим Гадо мавҷуд буда, ҳар кадоми онҳо ба тарзи худ хонандаи хос ва доираи муайяни талабгоронро доранд.
Таҳқиқот маълум намуд, ки ӯ муаллифи беш аз 500 ҷилд китоби фалсафӣ, ҳунарӣ, ёддоштӣ ва шарҳиҳолӣ буда, нигоштаҳояш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, узбекию украинӣ ва фаронсавию олмонӣ дар саросари олам нашр гардидаанд.
Осори ӯ фарогири масъалаҳои санъату ҳунар, ахлоқу адаб, афкору андеша, фитрату назокат, эҳсосу дард ва дар маҷмуъ дорои мазмун ва моҳияти башарӣ буда, ҳамешаву ҳамеша арзишҳои волои инсонӣ, сулҳу дӯстӣ, ҷавонмардию шарофат, ғуруру ҷасорат ва инсонияти комил мавқеи калидӣ доранд. Дар баробари ин тибқи маълумотҳои тасдиқ шуда, ҳоло боз 20 ҷилди дигар аз осори устод Ҳошим Гадо дар дасти нашриёт буда, марҳила ба марҳила чоп ва дастраси хонандагони ӯ мегарданд.
Имрӯзҳо ҳунарманди воло, нигорандаи тавоно ва инсони солору гуворо устод Ҳошим Гадо дар миёни аҳли ҳунару санъат, хонандагону ҳаводорони худ кору эҷод намуда, 10 майи ба сини мубораки ҳаштоду панҷ қадам мениҳанд. Умедворем, ки устоди гиромии мо ва муаллифи фаъоли хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамешаву ҳамеша сиҳатманду комгор бошанд ва барои фарру фарҳанги миллати тоҷик ва барои ҷомеаи Тоҷикистон азиз аз кулвори маънавияти хеш боз ҳам нигоштаҳои нав ба нав эҳдо намоянд.
Атозода Муҳаммадиқбол
Сардори Маркази такмили ихтисос
Зафари Гулмурод
Мудири шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ.