Қамариддин Нуриддинов:Агар ғолиб биёям, маблағи онро сарфи нашри китобҳоям мекунам!

Қамариддин НуриддиновОзмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» 5 –ум рўз аст, ки  идома дорад ва қарор аст то 15-уми ноябр давом кунад. Маросими ҷоизасупории озмун 15-уми ноябр дар театри академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ доир мегардад.

Имсол дар озмун 528 нафар ширкат намуданд. Таи муддате, ки озмун ҷараён дошт, бо довталабони гуногун аз рафти озмун ва бурду бохти он суҳбат доштем. Ин навбат бо иштироккунандаи номинои эҷоди назму наср Қамариддин Нуриддинов – корманди телевизиони «Ҷаҳоннамо» мусоҳиб гардидем. Соли аввали ширкаташ дар озмун аст, ки то марҳилаи ниҳоӣ расид. Ба шаффофияти озмун бовар дорад. 5 афсона, 5 ҳикоя, 1 повест ва 1 драма ба озмун пешниҳод кардааст.

– Ба андешаи шумо чун як қаламкаш озмун ба мардум чӣ дод?

– Таҳаввулоти бузурги фарҳангиву маънавиву маърифатиро дар ҷомеа ба миён овард. Вақеан як ташаббуси нек аст, ки бо сарпарастиву ибтикороти Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гаштааст. Солҳои баъд низ баргузор мегрдаду теъдоди зиёди аҳли мутолиа ва эҷодро дар бар мегирад.

-Мақсади иштирокатон дар озмун чист?

– Дар радифи фаъолияти рўзноманигорӣ ба нависандагӣ низ машғулам ва ду сол ба озмун омодагӣ дидам ва хушбахтона имсол то марҳилаи ниҳоӣ расидам.

Мехоҳам намунаҳои эҷодамро ба хонандагону донанадагони адабиёт тавассути ин озмун муаррифӣ кунам. Бештар дар жанри ҳикояҳои ёддоштӣ эҷод мекунам, ки ин навъи маъмул дар насри классикӣ ва муосир ба шумор меравад. Намунаи ҳикояҳоям дар рўзномаҳо нашр шудааст.

-Дар озмуни имсол чӣ дигаргуниро мушоҳида намудед?

– Озмун сол ба сол такмил ёфтан дорад. Низомнома ҳам мукаммал гардид. Нисбати солҳои аввал қадар теъдоди зиёди мардум ба озмун ҷалб  гардид, аз ҷумла қишрҳои мухталифи ҷомеа. Мо бузургсолон низ.

Барои боз ҳам шаффоф гузарондани озмун боз дар шакли электронӣ қабул намудани тамоми мавод навгонии асосӣ дар баргузории озмуни имсол аст. Имсол аз иштироккунадагони бахши эҷоди назму наср дар шакли нақли хаттӣ санҷиш гирифтанд, ки ин навгонии хуб аст, ки дар ин самт роҳандозӣ гардид.

-Пешниҳоди Шумо барои беҳтар гардидани озмун?

– Доир ба беҳтар гузаштани озмун андешаҳоямро  дар рўзномае нашр карда будам. Вобаст аба номиноҳо мешавад тадбири дигареро низ роҳандозӣ намуд. Барои он ки эътимоди мардум нисбати шаффофият озмун зиёд шавад, иштироккунандагонро аз санҷиши тестӣ вобаста ба номиноҳо бояд гузаронд .

Вақте дар марҳилаи ниҳоӣ теъдоди зиёди иштироккунандагонро дидам, ба ин натиҷа расидам, ки инҳо беҳтаринҳоянд. Аз марҳилаи аввал то марҳилаи 4-ум шоҳид ҳастам, ки шахсони тасодуфӣ набуданд.

Бубинед дар гурӯҳи синфҳои 1-4 бачаҳо ҳам дар адабиёти классик ҳам муосир, умуан дар ҳама номиноҳо ин қадар мутолиа кардаанд.

 -Агар ғалаб кунед, маблағи ҷоизаро масрафи чӣ хоҳед намуд?

Умедворам ғолиб меоям ва маблағи онро сарфи нашри китобҳоям менамоям.

Раҳима АЪЗАМ,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.