Китобхона дар аксҳои таърихӣ. Бахши 4
Ин навбат дар матлаби “Китобхона дар аксҳои таърихӣ” оид ба шуъбаи адабиёти хориҷӣ маълумот медиҳем. Ин расмҳо ҳикоятгари фаъолияти ин шуъба аз соли таъсис 1956 то соли 1990 мебошанд.
Дар робита бо пешрафти робитаҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, зиёд гардидани шумораи сайёҳони хориҷӣ, ба таври фаъол омӯхтани забонҳои хориҷӣ дар мактабҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ба мақсад мувофиқ шуморида шуд, ки дар Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ соли 1956 шуъбаи адабиёти хориҷӣ дари худро ба рӯйи истифодабарандагон боз намояд.
То 50-солагии Китобхона (1983) шуъбаи мазкур ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар натиҷаи мусобиқа соли 1981, шуъба аз рӯи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ғолиб дониста шуд. Роҳнамои «Тоҷикистон дар матбуоти хориҷӣ» (солҳои 1961-65, 1966-70, 1971-75) аз ҷониби матбуоти ҷумҳуриявӣ, марказӣ ва хориҷӣ баҳои сазоворро соҳиб гардид.
Дар шуъба фонди нодири адабиёти Шарқ ба забонҳои хориҷӣ гирдоварӣ шудааст. Воридшавӣ то соли 1975 қайд ва каталогӣ «Шарқ» дар 4 қисм барои чоп супорида шуд, ки он қариб 4000 китобро дар бар мегирад.
Шуъба додугирифти китобҳоро ба таври байналхалқӣ бо китобхонаҳои зиёди миллӣ ва илмии 30 давлати ҷаҳон роҳандозӣ кардааст.
Бо сабаби чорабиниҳо шумораи хонандагони шуъба ба 1400 нафарро ташкил дода, диҳиши адабиёт дар соли 1982 ба 61000 нусха расид ва шумораи муроҷиаткунандагон 1,2 маротиба афзуд.
Шуъба фаъолана дар барқарор намудани робитаҳои дустӣ ва фарҳангӣ миёни ҷамъияти тоҷикон ва кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар қабули ҳайати намояндагон ва сайёҳони хориҷӣ, иштирок менамояд.
Муддати 20 сол вазифаи роҳбарияти шуъбаро аъзои КПСС, доктори илмҳои филологӣ Василий Георгиевич Белан ба ӯҳда дошт. Дар шуъба мутахассисони соҳибтаҷриба: библиограф Б.И. Шакарова ва китобдорон: Т.Х Давлатова ва Е.А. Дегтярёва кор ва фаъолият менамуданд.
ШУЪБАИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ВА ТАҲҚИҚОТӢ