ҶАМЪБАСТИ ОЗМУН: 40 нафар иштирокчии фаъол ҳар кадом соҳиби 5000 сомонӣ шуданд
Ба 21 нафар падару модар нишони “Маърифатпарвар”, ба 20 нафар 2000 сомонӣ, ба 40 нафар иштирокчии фаъоли озмуни “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” 5000 сомонӣ тақдим гардид.
Дар ин бора муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён имрӯз зимни баргузории даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ дод.
Матлубахон Сатториён гуфт бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 40 нафар иштирокчии фаъоли озмун, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор шуданд, ифтихорнома ва туҳфаи молӣ ба маблағи 5000 сомонӣ ва бо дастури вазири маориф ва илм ба 10 нафар иштирокчии фаъоли озмун маблағи 2000 сомонӣ тақдим гардид.
Дар ҷамъбасти даври ниҳоии озмун муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, муовини якуми вазири маориф ва илм М.Саломиён ва директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷ.Файзализода як қатор кормандони Вазорати маориф ва илм, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, масъулини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе барои саҳми босазояшон дар баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Муовини Сарвазири кишвар М.Сатториён зимни тақдими туҳфаҳо зикр кард, ки озмун ба он чӣ мақсад дошт, расид ва штироки фаъоли ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар он таъмин карда шуд, аз хонандагони мактабҳои умумӣ то намояндагони касбу кор гуногун дар он ширкат варзиданд. Теъдоди иштирокдорон ба 510 нафар расид, ки ин назар ба солҳои пеш як баробар зиёд аст. Дар ҳақиқат озмун чеҳраҳои навро муайян кард. Баргузории озмун баёнгари он аст, ки доираи васеи мардум ба хондан таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, новобаста аз синну сол барои хонандагон дар аз бар намудани захираи маънавӣ ва зебоипарастӣ саҳми бузург гузошта аст.
Хотиррасон менамоем, ки маросими ҷамъбастии озмун ва тақдими туҳфаҳо ба ғолибон соати 15:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сурат мегирад.
Директори китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумъахон иброз намуд, ки тули 15 рӯз Китобхонаи миллӣ мизбони меҳмонон буд ва мо тамоми чораҳоро андешидем то ин сабқати ҷумҳуриявӣ дар сатҳи олӣ гузарад.
– Ман ба аъзоёни камиссисияи озмун, ба хусус ба роҳбари камиссия як ҷаҳон ташаккур мегӯям ва миннатдории хешро ба вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мерасонам, гуфт дар анҷом ӯ.
Раҳима Аъзам, чорабиниҳои фарҳангӣ.