Амир Сайиди Мункӣ. “Меҳри Ватан-нақши қалам”
Дар ин китоб мақолаву дигар матолиби дар солҳои гуногун дар матбуот ба табъ расондаи адиб, журналист, омўзгор ва кишваршинос Амир Сайиди Мунқӣ гирд оварда шудааст.
Тавре докторанти ДМТ Некбахти Сайидзода дар пешгуфтори китоб навиштааст, омўзгор, адиб, журналист ва кишваршинос Амир Сайиди Мункӣ (Амирхон Саидзода) яке аз шахсони фидоии халқу миилати тоҷик буда, доираи васеи фаъолият дорад.
Ҳамчун омўзгор дар соҳаи маорифу мактаб хидмати арзанда намуда, вай аввалин муаллими дараҷаи олии тахассусӣ дар ноҳияи Ховалинг, муаллифи як қаттор мақолаҳои илмӣ, илмӣ-омавӣ дар соҳаи маорифу мактабу илмҳои гуманитарӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон мебошад.
Ў адиби сермаҳсул буда, то имрўз (2022) 40 китобҳои назмию насрӣ ва илмӣ – оммавӣ ба табъ расонида, соҳибҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизаи адабии (вилоятии) ба номи Носири Хусрав (с. 2020), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 2011) аст.
Ҳамчун журналист бештар аз ҳазор мақола, очерку публисистика ва дигар матолиб дар матбуоти маҳалливу ҷумҳуриявӣ ба табъ расонида, ба унвони ифтихории Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2011) шарафёб гардидааст.
Китоби “Меҳри Ватан-нақши қалам”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Фарҳоди САЛИМ,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.