Ҳамлет – шоҳасари Вилям Шекспир
“Ҳамлет” – намоишнома дар жанри фоҷеа, як асари машҳури Вилям Шекспир аст, ки соли 1602 навишта шудааст. Онро ҳатто яке аз маъруфтарин намоишномаҳои таърихи адабиёти ҷаҳон меноманд. Дар эҷодиёти Вилям Шекспир яке аз баландмазмунтарин асар маҳсуб мешавад.
Ин фоҷеа замоне, ки Шекспир зинда буд, барояш шуҳрати беназир оварда буд ва ҳамоно бо гузашти асрҳо он яке аз мақбултарин намоишномаҳои олам аст. Ҳодиса дар Дония мегузарад. Ин замонест, ки шоҳзодаи Дания Ҳамлет аз амакаш Клавдий барои қатли падараш қасос мегирад.
“Ҳамлет” асарест, ки қариб дар ҳама театрҳои машҳури олам ба намоиш гузошта шудааст. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе онро ба саҳна гузошта буд ва яке аз пурбинандатарин намоиши театрии он замон ба шумор меравад. Нақши асосиро дар он Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳошим Гадоев бозида буд.
Мехоҳем аз ин шаҳкори адабиёти ҷаҳон шумо низ баҳра баред. Гунаи электронии намоишнома ин ҷост: ҲАМЛЕТ.