Таъмири 2494 нусха адабиёти фарсудашуда дар се моҳ
Дар се моҳи соли 2023 ба шуъбаи таъмир ва тармим ҳуҷҷатҳои Китобхонаи миллӣ аз шуъбаву бахшҳои китобхона 26 дархост доир ба таъмир намудани китобҳо ворид гардид. Шуъба ин дархостҳоро, ки 2494 нусха адабиёти фарсудашуда буд, таъмир, рақамгузорӣ ва муқовабандӣ намуд.
Ин шумора дар нисбати соли гузашта 1264 нусха бештар аст.
Вазифаи шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо қонеъ гардондани талаботи воҳидҳои сохторӣ доир ба таъмиру тармими махзани Китобхонаи миллист. Кормандони шуъбаи зикршуда маҳфилу конфронсҳо ва корҳои ҷамъиятии он ширкати фаъол нишон медиҳанд.
Шуъбаи мазкур, ки қаблан бахш буд, бештар аз шуъбаҳои кўдакон ва наврасон, хизматрасонӣ ба истифодабарандагон, адабиёти хориҷӣ, дархост барои таъмири китобҳо қабул менамояд. Китобҳои таъмирталаб китобҳое ҳастанд, ки хонандагони он бештар дархосту мутолиа намудаанд.
Шуъбаи таъмир аз шуъбаи депозиторӣ ва нагаҳдории китоб низ маводи чопӣ барои тармим гирифтааст. Ҳамчунин кори хуби дигаре, ки шуъбаи зикршуда анҷом дод, аз таъмири пурра гузарондани махзани шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ мебошад.
Барои беҳбуди кор шуъба аз ҷониби директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид.
Гуфтан ба маврид аст, ки шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо дар соли 2022 4331 нусха китобҳои фарсударо таъмир намуда буд.
Зумратбӣ Имомова,
сардори шуъба