Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдулхолиқзода Лутфия АбдулхолиқАбдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
23 апрели соли 2026
№АП-1017

АБДУЛХОЛИҚЗОДА ЛУТФИЯ АБДУЛХОЛИҚ  

5 декабри соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ, доктори илмҳои педагогӣ.

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

Солҳои 1988-1993 – донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев;

Солҳои 1993-2002 – муаллими забони русӣ дар Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе;

Солҳои 2002-2009 – муаллими калони кафедраи забонҳо ва раиси Шӯрои кураторони Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон;

Солҳои 2009-2010 – муовини мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон;

Солҳои 2010-2012 – муовини ректор оид ба тарбия ва алоқа бо ҷомеаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон;

Солҳои 2012-2015 – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон;

Солҳои 2015-2019 – ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2019-2020 – сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2020-2022 – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз 21 феврали соли 2022 то 23-уми апрели соли 2026 – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 23-уми апрели соли 2026 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.