«Ҳамсояҳо»-и Гулсифат Шаҳидиро бояд хонд
Ин китоб соли 2019 чоп шуда ва дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолиа аст. Тавре аз муаррифии он бармеояд, китоб шомили даҳ қиссаи хонданӣ аз ҳаёти бонувон аст. Ё ба навиштаи дигар: «Ҳамсояҳо» кошинкориест, ки аз зиндагии занони тоҷик танида шудааст. Андеша ва қазовати муаллиф дар бораи сарнавишти онҳо аз як мавзуъ ба мавзуъи дигар равону салис интиқол меёбанд. Қиссаҳо бо забони сода, мафҳум, дастраси ҳамагонӣ навишта шудаанд. Онҳо саршор аз обуранги миллӣ, андешаҳои башардўстонаву инсонӣ мебошанд.
Адиби тоҷик Тилав Расулзода дар сарсухан ба китоб аз ҷумла навиштааст:
Одамӣ аз замоне, ки ба тамаддун расид, худро ва Худоро бишнохт, ба фарқу қадри суду зиён, неку бад, сиёҳу сафед расид, аз олами вуҳуш гусаста, ба олами инсонӣ пайваст, ҳамеша ниёз ба ҳамсуҳбат, ҳамдил, ҳамдард, ҳамраъй, ҳамнишин, ҳамроз доштаасту дорад. Миллатҳое ҳастанд, ки дар тору пудашон, дар вуҷудашон, дар хунашон хоҳишу майлу ниёз ба ҳамроз, ба ғамгусор доранд, одамгурез нестанд, рў ба сўйи одам овардаанд, дар баробари ҳамхуну хешу пайванду қарибон арҷ бар ҳамсоя мегузоранд. Зеро ўст, ки садои дилашро, садои гиряи кўдакашро, садои шодияшро, садои нолаву шеванашро аввал аз ҳама мешунавад ва ба тадбираш мешитобад. Дар рўзи шодмонӣ дар бараш истода шодмонӣ мекунад, дар сўгворӣ ғамхораш, аламбардораш, ғамгусораш мешавад. Одамӣ аст, ки заҳри одаме дигарро бо як сухан, бо як нигоҳ, бо як садо бармекашад.
Тоҷикон аз чунин таборанд. Мардуми одамдўст, меҳмондўст, дар парешонҳоливу дармондагии касе дастгир. Шарики шодиву ғаму мотами ҳамсояҳо, ошноҳо, инсонҳо. Ин миллат зиндагии хонаводагӣ, дастҷамъонаро хуш дорад. Мехоҳад фарзанди зиёд дошта бошад. Агар надошта бошад, омода аст ҳамсояи хешро чун фарзанд бинавозаду чун пораи ҷигараш қабул кунад. Аз танҳоиву ҷудоӣ меҳаросад. Мехоҳад ҷуфт бошад. Ё бо ҳамсоя, ё ҳамдиле, ё бо Худо. Аз ин ҷост, ки чун сухан дар мавриди ҳамсояву ҳамсоядории нек меравад, тоҷикон хуш доранд, зарбулмасалҳои марбутро такрор бикунанд:
«Ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст!», «Хона харид накун ҳамсоя бихар!», «Аз дўсти дур ҳамсояи наздик беҳ!» «Ҳамсояро интихоб намекунанд!», «Ҳамсоя атои худовандист!», «Худо агар туро ҷазо доданӣ шавад, бо ҳамсояи бад гирифтор мекунад!», «Агар ҳамсояат ором бошад, ту ҳам ором ҳастӣ!»
Ин ҳама суханҳо беҳикмат нестанд ва тайи ҳазорсолаҳо суфтаю дилнишин шудаанд. Воқеияти онҳоро таърих собит кардааст. Ҳамсоядорӣ бо даргузашти солҳо зина ба зина маънӣ ва ҳикмати тоза касб мекунад. Ҳамсояҳои девор ба девор, ҳамсояҳавлӣ, ҳамсоядеҳа, ҳамсояшаҳр ва ҳамсоякишвар. Шахсе, ки ба қадри ҳамсояаш мерасад, ба қадри кишвари ҳамҷавораш низ мерасад…
Китоби “Ҳамояҳо”-и Гулсифат Шаҳидиро метавонед дар Китобхонаи миллӣ муболиа кунед.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси
шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.