Анҷоми “Ҳафтаи забони русӣ” дар Китобхонаи миллӣ. Ширкаткунандагон қадрдонӣ шуданд

  Ҳафтаи забони русӣ” дар шӯъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз ба поён расид. Дар ин бора муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода ҳангоми супоридани сипоснома ба мактаби миёнаи рақами 1- и ноҳияи Исмоили Сомонӣ иттилоъ дод.

Салима Раҷабзода ба иштироккунандагони ин маҳфил изҳори сипос намуда, ба онҳо хониши аъло, тани сиҳат ва сарбаландиву хушрузӣ орзу намуд ва изҳори умед кард, ки ин ҳамкориҳо оянда низ идома хоҳанд ёфт.

Дар ин ҷамъомад хонандагону устодони мактаби рақами 1- и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва муовинони директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ҳамзамон ВАО ширкат намуданд.

 Муовинони директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода ва Нурзода Ҷалолуддин баҳри ширкати фаъолона ба хонандагони ин мактаб бахшида ба рӯзи ҷаҳонии тақдими китоб, ки ҳар сол 14- уми феврал таҷлил мешавад, 15 адад китоб тӯҳфа намуданд.

Гуфтанист, ки ин китобҳоро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллӣ ирсол намуда буд.

 Китобҳои туҳфашуда, ки тавассути нашриёти “Адабиёти бачагона” чоп шуданд, аз китобҳои Сотим Улуғзода “Ривоят суғдӣ”, Эмомалӣ Раҳмон “Ватанатонро дӯст доред” ва дигарон иборат буда, бо сифати баланд рӯи нашр омаданд.

Баргузоркунандагони “Ҳафтаи забон ва адабиёти рус” мақсади онро ҷалби бештари хонандагони мактабҳо ба китобхонӣ ва руҷуъ ба адабиёти ватаниву хориҷӣ унвон намуданд.

 Дар поёни “Ҳафтаи забон ва адабиёти рус” хонандагони мактаб филми тасвирии “Гуси-лебеди“-ро, ки аз рӯи як афсонаи машҳури русӣ таҳия шудааст, тамошо карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки “Ҳафтаи адабиёти рус” ҳамасола дар даҳаи аввали моҳи феврал дар толори хониши кӯдакон ва наврасон доир мешавад ва ҳар сол аз соли пор пурмуҳтавотару пурбортар ва рангину пурмазмун мегузарад.

Раҳима Азам,

шӯъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.