Анҷоми давраи омӯзишӣ барои зумрае аз кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо
Дар доираи ҳамкориҳои фарҳангии вазорату идораҳои давлатӣ аз 3-юм то 12-уми майи соли 2022 дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикисон барои як зумра кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос ва бозомўзии фаъолияти китобдорӣ дар ҳаҷми 36 соат баргузор карда шуд.
Дар курси мазкур 12 нафар кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои таркибии вазорати рушди иқтисод ва савдо иштирок намуда, ба онҳо доир ба масоили фарҳангӣ, сиёсати давлатӣ дар самти китобу китобдорӣ ва барномаи таълимии курси китобдорӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд.
Инчунин барои аз наздик шинос шудан ба рафти фаъолияти соҳаи китобдории кишвар ва бархурдор гардидан аз таҷрибаҳои нав дар самти фаъолияти китобхонаҳо иштирокдорони курси мазкур бо шуъбаву бахшҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон шинос гардида, дар ҳар як шуъба ба раванди фаъолияти кории он ошно гардиданд.
Пас аз фарҷоми марҳилаи омӯзишӣ иштирокдорони курси такимли ихтисос аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо шаҳодатнома сарфароз карда шуданд.