Ҳанарҳои мардумӣ. Ҷуроббофии бонувони водии Бартанг
ҶУРОББОФӢ. Ҷуроб яке қисми муҳими сарулибос мебошад, ки мардуми ноҳияҳои кўҳӣ аз он бештар истифода мекунанд. Азбаски ҷуроб яке аз либосҳои миллии мардуми Бадахшон ба шумор меравад ва ҳоло ҳам онро ба таври васеъ истифода мекунанд, дар фарҳанги бадахшониҳо он мавқеи хосаро касб кардааст.
Бонувони водии Бартанг низ ҷуроббофиро шуғли доимии хеш дониста, ҳамасола дар фаслҳои зимистон ба бофтани чуробҳои гуногун машғуланд. Ҷуробро асосан ба воситаи сихҳои худсоз (чўби дарахтони мевадори кўҳӣ, симҳои нисбатан суфта кардашуда) мебофанд. Он бо тарзҳои дусиха, сесиха, чорсиха бофта мешавад. Ҷуроберо, ки сесиха ва ё чорсиха мебофанд, нақшҳои мураккабу гуногунро дар бар мегирад.
Таҷрибаҳои нишон медиҳад, ки анъанаи ҷуроббофии мардуми Бартанг бо хусусияти хоси худ аз ҷуробҳои минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ, ҳатто ноҳияҳои дигари Бадахшон фарқ доранд. Тарзи бофтани ҷуроб се марҳиларо дар бар мегирад: аввал қисмати ҳошияи ҷуробро мебофанд, ки аз тасвири гулҳои майда иборат буда, нисбати қисмати дигараш сахтар бофта мешавад.
Дуюм қисми соқи пой ва сеюм ҷузъи панҷаи пойро бофта дар қисмати нўги пой онро ҷамбаст мекунанд. Қолаб ва тарзи гулпартоии қисми пой ва панҷа бештар вақт якранг буда , нақшу нигор ва номи гулҳо аз ҳошияи он фарқ дорад. Бахусус, нақшу нигоре, ки аз ҷониби ҳунармандон дар ҷуроб инъикос ёфтааст, хеле мураккаб ва дорои тағйиротҳои гуногун мебошад. Онҳо дар зебогӣ яке аз дигаре гўё фарқкунанда буда, ҳалли моҳиронаи ҳунари ҷуроббофиро дар худ таҷассум менамоянд. Гулпартоии ҷуробҳои ин водӣ рангоранг буда, ҳар кадоме ба номашон хеле мувофиқанд.
Масалан, Наҷмонова Азалмо (соли тав.1975) Сарадгул Давлатёрова (соли тав.1970, д. Нисур), Нигина Ҳоҷаева (соли тав.1979, д. Япшорв) ҳамчун ҳунармандони ҷуроббофи беҳтарин миёни мардум эҳтироми махсус дошта ҳангоми ҷуроб бофтанашон нақшҳои “Аждаҳопайкар”, “Аловгул”, “Партовус” , “Тарчап – тархез” – (чапу рост), “Далқангул” (кӯзагул), “Чехтагул”. “Хеяк”, “Геяк”, “Жеяк” ,”Лолагул”, “Садбаргак”, “Гаждумак”, “Ориёинихон”, “Паласак”, “Аштак” ва ғайра бештар ба мушоҳида мерасад. Гули “Аждар” ва “Алав” дар санъати ҷуроббофии мардуми Бадахшон накши муҳим мебозад. Мувофиқи маълумоти бонувони ҳунарманд гулҳои “Аждаҳопайкар”, “Аловгул”ва “Ориёинихон”нишонаи ориёӣ мебошад, ки ҳам дар ҷуробҳои пешина ва ҳам ҳозираи деҳоти Бартанг тасвири ин ду нақш фаровон ба назар мерасад. Дар ҷуробҳои бонувони Бартанги поёни ноҳия Рўшон бошад, ин намуди ҷуробҳоро дар шаклҳои гуногун вохўрдан мумкин аст. Дар қисми зиёди ҷуробҳо нақши салиб ба мушоҳида мерасад. Ғайр аз ин дар ҷуробҳои ноҳияи Рўшон тасвири гули “садбарг” низ хеле маълум аст, ки аз табиати бою рангин доштани ноҳияи мазкур шаҳодат медиҳад.
Хулоса, ҳунари ҷуроббофӣ дар байни занони водии Бартанг то имрўз фаъол буда, ҳар як бону ин деҳаҳо аз бофтани шаклу намудҳои гуногунии ҷуроб огоҳанд.
Навиштаи Лайло НОСИРОВА. Аз китоби “Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик”, ки Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг соли 2019 чоп кардааст.
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ, ошёнаи якум бихонанд. Дар ин толори хониш даҳҳои китоби шавқовару муфиди дигарро ҳам метавон мутолиа кард.
Таҳияи Саодат НАБИЕВА,
сармутахассиси шуъбаи
адабиёт оид ба фарҳанг
ва ҳунар