Андешаи хос. Дирӯз, имрӯз ва фардои забони мо

Рузи забонЗабони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, дилчаспу гуворо ва маҳбубу меҳрафзост. Имрўз ин забони муқаддасро мисли забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд бо ин забон ҳарф зананд.

Агар   ба таърихи забони тоҷикӣ  назар андўзем,пас маълум мешавад, ки ин забон аз давраи ташаккул худ то имрўз аз ҷиҳати луғат ва сохтори наҳвию  услубӣ кам ба дигаргуниҳо дучор шудааст ва аз ҳамин лиҳоз, дар байни дигар забонҳо ягона забонест, ки таърихи беш аз ҳазорсолаи хешро нигоҳ доштааст.

Имрўз ҳар як фарди худшинос ва ватандўсти кишвари мо бояд барои ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии лафзи модарӣ, ғановати мунтазами таркиби луғавӣ ва густариши бештари забони давлатӣ дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт бо ҳисси масъулиятшиносӣ саъю талош намояд.

Забони шевое , ки  аз замони устод  Рўдакӣ сар карда, то имрўз осори гаронбаҳои илмиву адабӣ бо он эҷод гардидааст, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба маснади воло нишаста, соҳибони худро дар ҷаҳони муосир ба таври шоиста муаррифӣ мекунад. Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва рушду нумўи он дар тўли беш аз ду даҳсолаи охири аз ҷумлаи муҳимтарин рамзҳои истиқлолияти давлатию сиёсии Тоҷикистон маҳбуби мо ба ҳисоб меравад.

Барои мо – ворисони миллати куҳанбунёд мояи ифтихору сарфарозист, ки забони мо радифи дигар ёдгориҳои маънавии ниёгонамон ,ба туфайли хидматҳои фидокоронаи намояндагони илму фарҳанг ва асарҳои камназирионҳо, таърихи пуршебу фарозеро пушти сар карда, то ба имрўзи обод омада расидааст.

Бо назардошти он ки забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии миллат аст, таъмини рушд ва корбасти забони давлатӣ, ҳатмӣ будани риояи он дар тамомоми ташкилоту муассисаҳо амри қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошад ва аз ҳамин ҷиҳат, мо вазифадорем,ки дар иҷрои ин амри муқаддас садоқатмандона саҳмгузорӣ намоем.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забонро хишти аввалини кохии миллат номидаанд ва таърих гувоҳ аст,ки қавму миллатҳои забонгумкарда ночор ба завол ва нобудӣ маҳкум мегарданд.

Имрўз рисолати ватандории мо дар он аст,ки барои бегазанд мондани фарҳангу забони худ кўшиш намоем, ин ганҷҳои бебаҳоро поку беолоиш нигоҳ дорем ва лафзи ширину шоиронаамонро бегазанд ба наслҳои оянда мерос гузорем. Зеро бузургон  фармудаанд:                                                   

Забони модарӣ фархунда доред,
Шумо, ки ворисони рўзгоред.

Барои ҳар каломи поки модар,
Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.

Таманно Салимова,
с
армутахассиси шуъбаи
робитаҳои байналмилалӣ.