АННОНС! Рӯнамоии нашри нави “Маснавии маънавӣ” дар Китобхонаи миллӣ

Рӯнамоии шоҳасари адабиёти классикии тоҷику форс Мавлоно Ҷалолуддини  Балхӣ – “Маснавии маънавӣ” рӯзи 18 июн, соати 9.00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад.

Бино ба гузориши масъулини нашриёти “Адиб” китоб бо маблағи фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд нашр шудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки “Маснавӣ” дар ду шакл: як матни комил дар як китоб ва се қисмат дар се ҷилд чоп шудааст.

Барои хонандагон ҳамчунин иттилоъ медиҳем, ки нархи якҷилдаи “Маснавӣ” 340 сомонӣ ва сеҷилдаи он ҳар китоб 73 сомонӣ, дар маҷмуъ 219 сомонӣ арзиш дорад.

Қабл аз маросими рӯнамоӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри нашриёти “Адиб”, аз ҷумла нашри нави “Маснавӣ” дар саҳни Китобхонаи миллӣ баргузор мешавад.

Марҳабо ба истиқболи Мавлоно!