Оғози марҳилаи чоруми омӯзишии “ALEPH» дар Китобхонаи миллӣ

Дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон марҳилаи навбатии давраи кутоҳмуддати омӯзиши барномаи хидматрасонии электронии «ALEPH» аз руи соҳаи китобдорӣ оғоз шуд.

 Маврид ба ёдоварист, ки ин давраҳои омӯзишӣ бар асоси супориши директори  Китобхонаи миллӣ ба хотири боло бурдани савияи дониши кормандон ва такмили ихтисоси онҳо роҳандозӣ мешавад.

Гурӯҳи ташкилшудаи омӯзишӣ марҳалаи чоруми соли 2022 буда, дар он 23 – нафар кормандони шуъбаву бахшҳо ва марказҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷалб шудаанд.

Давраи омӯзишии мазкур 36 соати дарсӣ буда,  аз 15-уми июн то 11-уми июли соли 2022 идома мекунад.

Атоев М.

Сардори Маркази такмили итисос.