АНОНС! Мизи гирди “Нусхаҳои ҳатмӣ – асоситарин роҳи пуррагардонии фонди китобхона”

Анонс

Ба таваҷҷуҳи муассисаҳои нашриявии саросари кишвар, вазорату идораҳо ва донишгоҳу донишкадаҳое, ки дар тобеияти худ нашриёт ва рӯзномаву маҷалла доранд ва корхонаҳои табъу нашри давлативу хусусӣ расонида мешавад, ки дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “НУСХАҲОИ ҲАТМӢ – АСОСИТАРИН РОҲИ ПУРРАГАРДОНИИ ФОНДИ КИТОБХОНА” баргузор мегардад.

Иштироки роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои нашриявии қаламрави ҷумҳурӣ дар мизи мудаввари мазкур тақозо мешавад.

Масъулин: шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ ва шуъбаи мукаммалгардонии фонди Китобхонаи миллӣ

Рӯзи баргузорӣ: 9-уми июни соли 2023
Замон: соати 14:00
Макон: Китобхонаи миллӣ
Вуруд озод аст.