Анҷоми як давраи омӯзишии дигари барномаи “ALEPH” дар Китобхонаи миллӣ

Боз 52 нафар кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як давраи омӯзишии якмоҳаи барномаи «ALEPH” -ро хатм карданд. Дар ин давраи омӯзишӣ, ки муддати як моҳ давом кард, кормандони шуъбаҳои адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, адабиёти хориҷӣ, дастхатҳои Шарқ, такмили адабиёт ва ғайра ширкат карданд.

Гуфтанист, ки дар  шароити нави ҷомеаи иттилотӣ, бахусус пайдоиши копютерҳо, воситаҳои нави интиқоли матни чопӣ ба матни электронӣ, омодасозӣ ва ҳифзу нигоҳдории нусхаҳои электронӣ, рушди китобчопкунии электронӣ ва истифода аз шабакаи ҷаҳонии Интернет дар фаъолияти китобхонаҳо дигаргуниҳои навро ба вуҷуд овард ва онҳоро водор сохт, ки самтҳои асосии фаъолияти хешро ба вижагиҳои  ҷомеаи иттилотӣ бо назардошти истифодаи мақсадноки технологияи нав мувофиқ намоянд.

omuzishi-baronoma-aliphИмрӯз китобхонаҳо дар радифи иҷрои дархостҳои муқаррарии хонандагон ҷиҳати истифодаи фонди чопӣ боз муваззаф шудаанд, ки ҳамчун марказҳои фароҳамоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ, тавлиду коркард ва тарғибу ташфиқи манобеи электронӣ ба хонандагони маҷозӣ (виртуалӣ) хидмат расонанд ва бо дарназардошти вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ ва дар рақобат бо дигар воситаҳои нави  иттилоотӣ – коммуникатсионӣ шаклу усулҳои наву самарабахши хадамоти китобдориро мавриди истифода қарор диҳанд.

Имрӯз  тамоми  барномаҳои махсуси соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла барно­маи “Ирбис” ва  «ALEPH” дар заминаи дарки равандҳо ва технологияҳои анъанавии мукаммалгардонӣ, пешниҳоди китоб, феҳристнигорӣ ва ғайра таҳия ва такмил ёфтаанд. Аз ҳамин нуқтаи назар, ҳама гуна навгонӣ ҳам дар самти мазмун ва ҳам дар самти ташкилӣ – технологӣ маҳз дар заминаи пайравӣ ва таҷдиди назар намудани анъана, сабақомӯзӣ, омӯзиши амиқи ҷиҳатҳои мусбату манфии он барои фаъолияти оянда, истифодаи унсурҳои бунёдии анъана тавлид меёбад.

omuzishi-baronoma-aliphЯке аз низоми нави худкори раванди китобдорӣ- иттилоотӣ дар асоси яке аз барномаҳои дар соҳаи китобдории ҷаҳонӣ санҷида шуда “ALEPH”, ба роҳ монда шудааст. Барномаи  ALEPH” аз ду қисм асосӣ иборат буда, қисми якум барои кормандон ва қисми дуюм барои истифодабарандагон пешбинӣ шудааст. Ҳарду  қисми барнома бо ҳамдигар зич алоқаманд буда, аз як базаи  маълумот истифода мекунанд.

Бозомўзии барномаи мазкур барои беҳтар намудани фаъолияти китобдорӣ ва муботиқ сохтани хидматрасонӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ буда, кори кормандони Китобхонаи миллӣро боз ҳам хубтару беҳтар мегардонад.

Малика АБДУЛЛОЕВА, мутахассиси
пешбари Маркази таҳсилот
ва инноватсияҳои китобдорӣ.