Анонс: Мизи мудаввар дар мавзуи “Саҳми ҷавонон дар рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ”
22-уми майи соли 2025 дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” мизи мудаввар баргузор мешавад
Дар ҳамоиш ширкат ва суханронии роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, намояндагон аз Китобхонаи давлатии патентӣ-техникӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар назар аст.
Рӯзи баргузорӣ: 22-уми майи соли 2025
Замон: соати 14:00
Макон: Китобхонаи миллӣ (ошёнаи 3)
Вуруд: озод.