Александр Макаров. “Қайдҳои ман”
Дар бораи муаллифи ин мақола маҷалла ҳеч маълумотеро ироа накардааст. Ҷусторҳо чанд Александр Макаровро маълум карданд, ки ба адабиёт сарукор доштанд. Муаллифи ин мақола ба эҳтимоли зиёд Александр Николаевич Макаров, мунаққиди адабиёт дар даврони Шуравӣ аст, ки солҳои 1912-1967 зистааст. Тавре аз мақола бармеояд, рушди адабиёти тоҷик, ҳам назм, ҳам наср ва ҳам публистистикаро пайгирӣ мекард. Аз ишораҳояш ҳам пайдост, ки ҳар асари адибони тоҷик, ки ба русӣ тарҷумаву чоп мешуд, мехонд ва назарашро менавишт.
Ин мақола дар шумораи 5-уми соли 1966 маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шудааст. Мо бахшеро аз он иқтибос меорем ва аз хоҳишмандон даъват менамоем идомиа мақоларо дар толори хониши матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ бихонанд.
ҚАЙДҲОИ МАН
Ман дар ин қайдҳои мухтасар, ки дар натиҷаи мутолиаи як қатор китобҳои хурду калони адибони тоҷик ҳосил шудааст, дар бораи ихлос ва эътиқоди худ нисбат ба адабиёт ва адибони тоҷик, ҳарф намезанам. Достонҳои Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, насри устод Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ ва дигар адибони тоҷик кайҳо боз маро мафтун кардаанд.
Хурсандам, ки равобити ман бо адибон ва адабиёти тоҷик рӯз ба рӯз мустаҳкам мешавад. Ман на танҳо тез-тез ба Тоҷикистон меоям, балки дар Москав ҳам бо рафиқони шумо вомехӯрам. Маслан, мо бо Убайд Раҷаб ва Муъмин Қаноат дар Москав вохӯрда будем. Ба ғайр аз ин чанд сол аст, ки ман дар курсҳои олии адабӣ дарс медиҳам. Дар он ҷо чанд сол пеш Ғаффор Мирзо таҳсил карда буд; ҳоло як сол мешавад, ба Қутби Киром дарс медиҳам, ки эҷодиёти ӯ дар маърузаи Мирзо Турсунзода хеле таҳлил ва танқид шуд. Вақте ки маърузачӣ Қутбӣ Киромро танқид мекард, ба назарам чунин менамуд, ки ин танқид қисман ба ман ҳам дахл дорад.
Бояд қайд кард, ки ҳамчун роҳбари семинари назм ман аз инкишоф ва такомули эҷодии Ғаффор Мирзо ва Қутбӣ Киром хеле хурсандам. Эҷодиёти онҳо қатъи назар аз баъзе нуқсону ноҳамвориҳо шоёни диққат ва мавриди таҳлилу гуфтугӯи ҷиддӣ мебошад.
Қутби Киром ҷавони пурэҳтирос ва ҷӯяндаест. Ба назари ман, агар баъзе шеърҳои ӯ бемуваффақият баромада бошанд, сабабаи ин ҳам пеш аз ҳама тезмизоҷӣ, ноустуворӣ ва ҷӯяндаги уст. Қутби Киром ҳанӯз ҳам ба қоидае, ки ба қавли шоири бузурги рус А. С. Пушкин “шоир бояд дили пурҳарорат ва ақли хунсардонаи эҷодӣ дошта бошанд”, риоя карда наметавонад.
Аммо ман имрӯз на дар бораи назм, балки дар бораи наср сухан кардан мехоҳам. Гумон мекунам, карахтие ки як вақтҳо дар насри тоҷик мушоҳида мешуд, ҳоло як дараҷа бартараф карда шудааст. Адабиёти тоҷик дар гузашта ба монанди романҳои устод Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ ва Раҳим Ҷалил як силсила асарҳои барҷастаи мансур офарида бошад ҳам, чанде муқаддам ба карахтие гирифтор шуд. Шояд баъзеҳо гӯянд, ки дар адабиёти тоҷик, дар адабиёте, ки назмаш анъанаи ҳазорсола дорад, табиатан назм ҷои якӯмро бояд ишғол кунад. Ба фикри ман, ин хел одамон хато мекунанд, халқе, ки адабиёту маданияти ҳазорсола дорад, халқе ки ҳоло коммунизм сохта истодаанд, бояд дорои насри бузург ва барҷаста бошда. Ана бинобар ин ҳам вақти асарҳои мансури дар солҳи охири дар адабиёти тоҷик пайдо шударо мутолиа намудам, хеле хурсанд шудам. Бешубҳа, ман на ҳамаи он асарҳо, балки танҳо қисми ба забони русӣ тарҷима шудаашро мутолиа кардам.
Дар вақтҳои охир аз асарҳои калонҳаҷм романи Ҷалол Икромӣ “Духтари оташ” ба забони русӣ тарҷима шуд. Ин роман на танҳо дар эҷодиёти нависанда, балки дар тамоми адабиёти тоҷик қадами қадами қатъие ба пеш аст. Ман эҷодиёти Ҷалол Икромиро то андозае медонам. Романҳои “Шодӣ”, ва “Ман гунаҳгорам”-и ӯро нағз дар хотир дорам. Дар романи “Ман гунаҳгорам”, ки бо воқеияти сотсиалистии мо бахшида шудааст, диққати нависанда асосан бо тасвири симои қаҳрамонҳо аз нуқтаи назари психологӣ нигаронида шудааст. Нависанда дар романи нави худ барои ба ҳам пайвастани воқеаҳои эпикӣ бо хусусиятҳои психологӣ муваффақ шудааст. Ба фикри ман, муваффақиятҳои Ҷалол Икромӣ ҳамчун санъаткор дар ин роман хеле калон аст. Ман бо танқиди рафиқоне, ки бо баъзе ҷузъиёти роман, эрод мегиранд, ҳамфикр ҳастам, аммо маро на ин ҷузъиёт, балки вусъати эпикии роман ва барҷастагиву рангинии образҳо ва ҳаёти Бухорои то инқилобиро хеле хуб донистани муаллиф қоил карданд. Дар роман воқеаҳои конкрет ва барҷаста тасвир карда шудаанд. Ба ин тарзи тасвир ҳанӯз устод Айнӣ асосо гузашта буд ва адабиёти тоҷик бояд ин анъанаро далерона давом диҳад.
Яке аз хусусиятҳои хоси роман дар он аст, ки вай дар асоси воқеа ва саргузаштҳои шахсони маълум навишта шудааст. Чихеле ки маълум аст, барои офаридинаи образи Фирӯза саргузашт ва хислати Саломат Ҷаҳонгирова илҳом бахшидааст. Ҷалол Икромӣ суботкорона мавзуи худ – мавзӯи озодии занҳои Шарқро давом дода, бо образҳои барҷастаи бадеӣ, кӣ будан ва кӣ шудани онҳоро нишон медиҳад, ки ин басо муҳим аст.
Мо дар бораи мавзуи муосир бисёр гап мезанем, аммо ҳаминро ҳам дар хотир доштан лозим, аст ки хонандаи имрӯза бояд дар бораи гузашта тасаввуроти дуруст дошта бошад, робитаи гузаштаву ҳозираро фаҳмида тавонад ва фахр кунад, ки ӯ дар давраи советӣ умр ба сар мебарад, давомдиҳанда ва вориси онҳоест, ки нахустин бор бар зидди сохти куҳна бархостанд, аввалин бинокорони сотсиализм ва якумин мағлубкунандагони фашизм будаанд. Бинобар ин чунин романҳои таърихӣ, монанди романи “Духтари оташ”, ки бо замони ҳозира алоқаи мустаҳкам доранд ва азми нависанда, ки онро давом доданист, моро танҳо шод мекунад.
Маро бо “Ҳисса аз қиссаҳои ҷанг” ба мавзуи Ҷанги Ватанӣ баргаштани Фотеҳ Ниёзӣ низ хурсанд кард. Мавзӯи ҷанг, ки дар он қудрат ва матонати дӯстии халқҳои мамлакати сермиллати мобори дигар маълум ва собит шуд, ҳоло ҳам муҳим мебошад. Бинобар ин вафодории муаллифи романи “Вафо” нисбат ба мавзӯи ҷанг ва ватанпарастӣ дар вақте ки таҷовузи империалистон ва хавфи ҷанг беш аз пеш зиёд шуда истодааст, шоёни таҳсин аст.
Дар адабиёти тоҷик ба туфайли очерк асар ва образҳои аҷоибе ба вуҷуд омада истодаанд. Ба ин китоби Аъзам Сидқӣ “Ҷӯраи деринаи ман” мисол шуда метавонад.
Роҳи тайкардаи нависандаи ҷавон Ф. Муҳаммадиев низ шоёни диққат аст. Вай ҳам роҳи эҷодии худро аз очеркҳои хурди “Раис”, “Муҳоҷирон” ва ғайра сар кард. Вақте ки ман дар соли 1963 аз маҷаллаи “Дружба народов” певести “Одамони кӯҳна”-и ӯро хондам аз инкишофи маҳорати эҷодии муаллиф хеле мамнун шудам. Повести “Одамони кӯҳна” асари диққатангез аст: дар он образи одамони одию меҳнаткаш хеле саҳеҳ ва барҷаста тасвир ёфтааст. Қаҳрамонҳои повест хеле фаъоланд, бо ҳаёти шаҳр ва ободонии он дахолат мекунанд. Масалан, Зиёбобо кӯшиш мекунад, ки дар замини зиёдатии рӯиҳавлии ӯ на майхона, балки қасри маданият созанд. Ин кор барои Зиёбобо барин одам,ки тамоми умр бар манфиати халқу Ватан хиз
дмат кардааст, хеле муҳим мебошад.
Вақте повести нави ҳуҷҷатии Ф. Муҳаммадиев “Дар он дунё”-ро хондам, ба назарам чунин намуд, ки адабиёти тоҷик ба кишвари аҷибе сайр кардааст. Рафиқ Улуғзода дар баромади худ ин повестро танқид кард. Оре вай чун устоди серталаб, ки барои ба осори ҳама, аз он ҷумла ба осори худ, ба назари танқид нигоҳ кардан одат кардааст, ба ин ҳақ дорад. Гап дар сари он аст, ки Муҳаммадиев повести зиддидинӣ навишт ва бо услубе навишт, ки амсоли он то ҳол дар адабиёти тоҷик дида намешуд. Асари зиддидинӣ навиштан кори душвор аст. Мо аксаран асари зиддидинӣ ва асари бар зидди арбобони дин навишташударо аз якдигар фарқ карда наметавонем. Мо ба асарҳое одат кардем, ки дар он арбобони дин ҳамчун маккорон, муфтхӯрон фиребгарон ва ғайра тасвир ёфтаанд. Ин хел асар навиштан кори чандон душвор нест. Баъзан нависандагони калонсол ҳам ба ин дом фирефта мешуданд, -асарҳои онҳо кирдори руҳониён ва диндоронро фош менамуд, аммо на моҳияти динро.
Муҳаммадиев дар ҳеҷ ҷои асраи худ ба муболиғаву иғроқҳои бемаврид роҳ намедиҳанд. Вай образҳои диндоронро ба тарзи нав ва реалистона тасвир мекунад. Танҳо як образи мулло Махсуми Ҷевакиро ба образҳои анъанвӣ монандг уфтан мумкин аст, ки ин ҳам аз тинати ин муллои ҷоҳил сар задааст. Образи мулло Исрофил, ки ӯро рутбаи руҳонигияш сахт азоб медиҳад, хеле аҷоиб аст. Дар повест зиндагӣ ва замони мо нағз ҳис карда мешаванд ва дар муқобили ин ҷаҳолат ва қафомондагии руҳониён боз ҳам бештар аён мегардад.
Манбаъ: “Садои Шарқ”, соли 1966, №5
Таҳияи Шавқинисо Носирова,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ