Анонс: Рӯнамоии китоби “Чеҳраи ҳунар”

Майрам ТурсуноваШуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣсанаи  23-юми январи соли 2025 соати 14:00 рӯнамоии китоби «Чеҳраи ҳунар», ки  ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майрам Турсунова бахшида шудааст, баргузор менамоянд.

Дар ҳамоиш  ширкати роҳбарияти Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  намояндагон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии Ҷавонони ба номи М. Воҳидов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Шаҳринав дар назар дошта шудааст.

Қисмати фароғатии чорабиниро ҳунармандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Шаҳринав ҳусну таровати  тоза хоҳанд бахшид.

Рӯзи баргузорӣ: 23.01.2025
Замон: соати 14:00
Макон: Китобхонаи миллӣ (ошёнаи 9)
Вуруд озод