Анонс.  “Рӯзи дарҳои боз” дар Китобхонаи миллӣ

Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғиби китобу китобхонӣ ва китобхона миёни ҷомеа бахшида ба ҷашни байналмилалии “Наврўз” рӯзҳои 16, 17 ва 18 апрели соли равон, аз соати 8-30 то 16-00 «Рўзи дарҳои боз»-ро бо иштироки кормандони мақомотҳои давлатӣ, донишҷўёни макотиби олӣ ва толибилмони муассисаҳои миёни умумӣ ва миёна, ҳамзамон сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ва донишҷўёни онҳо баргузор менамояд.

Ҳадаф аз гузаронидани “Рӯзҳои дарҳои боз” ин ҷалби ҷомеа, алалхусус хонандагон ва донишчӯёни муассисаҳои таълимӣ ва олӣ ба мутолеаи китоб, даъват ба Китобхона ва ошно кардани касоне, ки бори аввал ба ин боргоҳи маърифа қадам ранҷа мефармоянд ба шароити Китобхонаи миллӣ ва имкониятҳои беҳудуди он аст.

Кормандони масъули Китобхонаи миллии Тоҷикистон меҳмононро ба толорҳои хониш раҳнамоӣ мекунанд, ба онҳое, ки намедонанд, роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон медиҳанд, бо намудҳои хидматрасониҳои ройгону шартномавии Китобхона шинос мекунанд.

Ҳамчунин бо ҳамаи онҳое, ки ба таърихи китоб ва китобхона дар Тоҷикистон мароқ зоҳир мекунанд, саҳифаҳои ин таърихро варақгардон ва онҳоро бо китобдорӣ дар кишвар ва сайри таърихии он ошно хоҳанд кард.

Марҳабо! Мо интизори Шумоем!