Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 12 – уми апрел

 

Як-рузи-адабиёт-дар-таърихи-башар

Соли 1704 дар Порис нависанда, воиз ва фақеҳи фаронсавӣ Жак Боссюэ дар синни 76-солагӣ даргузашт.

 Соли 1782 дар Вена намоишноманавис ва либреттонавис (либреттоаз итолиёвӣ libretto «китобча»матни асари саҳнавии мусиқӣ, масалан, опера, балет, оперетта ва ғайра) Петро Метастазио дар синни 84-солагӣ вафот кард.

Ҳама либреттоҳои Метастазио равшан ва нисбатан сода эҷод шудаанд. Инҳо пйесаҳои сепардагӣ мебошанд, ки дар офариданашон Метастазио як қатор қоидаҳои одиро истифода кардааст. Дар ҳар як намоиш, бояд шаш қаҳрамон бошад – ҳатман ошиқон. Се шахсияти асосӣ дар опера сарояндаи асосӣ, сопранои (баландтарин овози занона) аввал ва тенор (баландтарин овози мардона) мебошанд – онҳо бояд ҳар кадом панҷ ария (суруде, ки як кас бо оркестр мехонад) сароянд. Худи арияҳои Метастазио аз рӯи нақшаи  da capo, ки дар он вақт маъмулан қабул мешуданд, сохта шудаанд, яъне се мисраъ мавҷуд аст, ки аввалинаш ҳамчун сеюм такрор мешавад.

Дар арияҳои ў боз як ҷиҳати нобиғавии Местасио кушода мешавад: онҳо фишурдаанд, ҳамагӣ 8-12 байт, вале дар айни замон ба таври ғайриодӣ таъсирбахшанд.

Alexander-OstrovskyСоли 1823 дар Маскав намоишноманависи рус Александр Островский ба дунё омадааст.

Эҷодиёти Александр Николаевич Островский марҳилаи муҳимтарини инкишофи театри миллии рус гардид. Островский дар хона таълим гирифтааст. Падараш китобхонаи калоне дошт, ки Александр дар он ҷо аввалин бор ба мутолиаи адабиёти рус шурӯъ мекунад. Аммо падар орзу дошт, ки писараш ҳуқуқшинос шавад.

Дар соли 1835 Островский дар гимназия ба таҳсил оғоз карда, баъд аз он ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Маскав дохил шуд. Бо таваҷҷӯҳи зиёд доштан ба маҳфилҳои театрӣ ва адабиёт, ӯ таҳсилро дар донишгоҳ ба итмом нарасонд. Бо исрори падар Александр Островский то соли 1851 котиби суд шуда кор кард. Дар соли 1849 асари Островский «Халқи мо – ҳисобро баробар мекунем!» навишта шуда буд, ки ба ў шуҳрати адабӣ овард ва ба ин асар Николай Гогол ва Иван Гончаров баҳои баланд доданд. Барои Островский эҷодиёт роҳи ҳақиқии тасвири ҳаёти халқ ба шумор мерафт. Пйесаҳои «Раъду барқ», «Духтари беҷиҳоз», «Ҷангал» аз муҳимтарин осори ў мебошанд.

Соли 1874 «Ҷамъияти нависандагони драматургия ва бастакорони опера» ташкил шуд, ки Островский то охири умр онро роҳбарӣ кардааст. Дар соли 1885 Островский сардори репертуари театрҳои Москва ва сардори мактаби театрӣ таъин мегардад.

Соли 1911 шоир, насрнавис, тарҷумони литвонӣ Витаутас СириосГира таваллуд шудааст.

Витаутас соли 1931 гимназияи иезуитии Каунасро хатм карда, худи ҳамон сол китоби аввалини ашъори худ «Мақсад барои оянда»-ро ба табъ расонд. Ў инчунин ба ҳайси рӯзноманигор ва омӯзгор низ кор кардааст. Дар синни калонсолӣ Донишгоҳи Вилнюсро хатм карда, соҳиби маълумот (1949) гардида ҳамчун пизишк кор кардааст.

Якчанд маҷмӯаи шеъру романҳояш нашр шудааст. Аввалин романи ў «Буэнос-Айрес» (1956) Каунасии пеш аз ҷангро тасвир мекунад.

Шеъри «Гражина»-и Адам Митскевич, асарҳои Михаил Зошенко ва Котсиубинскийро ба забони литвонӣ тарҷума кардааст.

Асарҳои Витаутас Сириос-Гира ба забонҳои олмонӣ, полякӣ, русӣ, чехӣ, эстонӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.

Кэрол-Эмшвиллер-(Carol-Emshwiller-)Соли 1921 дар Энн Арбор иёлоти Мичиган нависандаи амрикоӣ, барандаи ҷоизаи Nebula Кэрол Эмшвиллер  ба дунё омадааст.

Соли 1955 аввалин асараш бо номи «Он чиро ишқ меноманд» аз чоп баромад. Ба қалами Кэрол Эмшвиллер шаш роман ва беш аз сад достони кӯтоҳе тааллуқ дорад, ки дар тазкираҳо ва маҷаллаҳои сершумор нашр шудаанд ва охирини онҳо “Ман бо ту зиндагӣ мекунам ва ту инро намедонӣ мебошад. Дар тӯли фаъолияти панҷоҳсолаи худ, Эмшвиллер ҷоизаи Nebula, Ҷоизаи ҷаҳонии Фантастика ва ҷоизаи Филипп Дикро ба даст овардааст.

Соли 2005 нависанда барои саҳмаш дар рушди жанри асарҳои тахайюлӣ  бо ҷоизаи ҷаҳонии фантастика сарфароз гардонида шуд. Соли 2007 романи дигари ӯ бо номи “Шаҳри махфӣнашр шудааст.

Урсула К. Ле Гуин Эмшвиллерро «масалнависи бузург, тасвиргари сеҳри аҷиб, яке аз пурқувваттарин, мураккабтарин ва пайвастатарин ҳимоятгари ҳуқуқи занон дар адабиёти бадеӣ» номидааст.

Том-КлэнсиСоли 1947 дар Балтимор нависандаи амрикоӣ Том Клэнси таваллуд шудааст.

Томас Лео Клэнси хурдӣ бо ҳикояҳои аз ҷиҳати техникӣ муфассали худ дар бораи ҷосусон ва низоъҳои низомӣ дар замони ҷанги сард ва баъди он маъруф буд. Ҳабдаҳ романи ӯ пурхонанда буданд ва беш аз 100 миллион нусха китобаш нашр шудааст. Номи ӯ инчунин дар филмҳои аз ҷониби филмноманависони Ҳолливуд, китобҳои илмӣ-оммавии таърихӣ ва бозиҳои видеоӣ истифода шудааст.

Фаъолияти адабии Клэнси соли 1984 замоне оғоз шуд, ки ӯ  асари «Шикори «Октябри Сурх»-ро ба маблағи 5000 доллар фурӯхт. Асарҳои ӯ: «Шикори «Октябри Сурх» (1984), «Бозиҳои ватандӯстон» (1987), «Хатари равшан ва ҳозир» (1989) ва «Ҳама ҳосили тарс» (1991) ба филмҳои тиҷоратӣ табдил ёфтанд. Асарҳои Том Клэнси инчунин ба  эҷоди бозиҳо ба монанди Ghost Recon, Rainbow Six ва Splinter Cell илҳом бахшидааст.

Valentin_KataevСоли 1986 дар Москав, нависанда, шоир ва намоишноманависи шӯравии рус ВалентинКатаев, сармуҳаррири маҷаллаи «Юност» (1955-1961) дар синни 89-солагӣ аз бемории саратон даргузашт.

Аввалин шеърашро дар синни 9-солагӣ навиштааст, ки он пас аз як сол интишор ёфт.

Ҳанўз пеш аз оғози Ҷанги якуми ҷаҳон Валентини ҷавон бо нависанда Бунин вомехӯрад, ки аз эҷодиёти вай ҷавонро ба шавқ меорад. Соли 1915 Катаев маҷбур шуд, ки таҳсили гимназия ва кори адабиро ба сабаби ҷанг қатъ кунад ва ихтиёрӣ ба ҷабҳа равад. Соли 1922 Валентин аз Одесса ба Москва рафт ва дар он ҷо дар рўзномаи «Гудок» ба кор даромад. Ў асарҳои худро бо тахаллусҳои гуногун менавишт: «Твист», «Гардал», «Старик Саббакин» ва ғайра. Катаев дар ин давра муаллифи ду асари чопшуда – романи «Вақт, ба пеш!» ва достони «Ман фарзанди халқи меҳнаткаш» гардид.

Баъди соли 1936 нашр шудани повести «Бодбони сафеди танҳо» номи нависанда берун аз ҳудуди шўравӣ машҳур шуд. Дар соли 1937 ин асар асоси филмнома бо ҳамин ном гашт. Повести навбатии Катаев «Писари полк», ки соли 1945 навиштааст ҳаводорони сершумор пайдо кард. Дар асоси ин асар соли 1946 бо ҳамин ном филме ба навор гирифта шуд. Дар давраи баъди ҷанг «Деҳаи даштӣ», «Шоми зимистон» барин повесту ҳикояҳо ба табъ расидаанд. Нависанда баъди нашри повести «Дари хурди оҳанин дар девор» услуби баён ва мавзӯи асарҳояшро дигар кард. Дар услуби нав, ки худи нависанда онро «мовизм» номидааст, як қатор ёддоштҳои ў дар бораи самти лирикию фалсафии «Чоҳи муқаддас», «Гиёҳи фаромушӣ» ба табъ расидаанд.