Ҳарфе чанд аз Мавлоно Некии Сифоҳонӣ

Аз донишмандони замону ҳунармандони даврон аст. Дар тасаввуфу кашфи ҳақоиқ ягонаи офоқ буда, ниҳояти вараъу салоҳу тақво дошта. Тақии Авҳадӣ навишта, ки дар нуҳсолагӣ ба хидмати вай дар Исфаҳон мерасидам ва бо  Мавлоно Лисонӣ низ вайро суҳбатҳо воқеъ шуда. Яксад сол умр ёфта, дар шаҳри рамазонулмубораки санаи алф / 1591- 92 дар ҳолати саҷда бе маразею аламе даргузашт.

Ин рубоиро Тақии Авҳадӣ дар тарърихи  фавти ў гуфта ва алҳақ, хуб гуфт:

Некӣ, ки буд аз ҷумлаи некони замон,

Марказ шуда дар доираи кавну макон.

Таърих шудаш зи баъди рафтан зи миён:

Некӣ зи ҷаҳон бирафту некӣ зи ҷаҳон. /1000/ 1591-92.

Ашъори хуб дар рӯзгор аз вай бисёр ба ёдгор монда. Ин абёт аз он ҷумла аст:

Ҷонфишониҳо ба хоки пойи ёрам орзуст,

Ваҳ, ки як ҷон дораму дар дил ҳазорам орзуст.

Шабе дар маҷлисе чун шамъ дидам ҷонфишон худро,

Вале чун маҷлис охир шуд, надидам дар миён худро.

Ҳар киро бо ишқи хирмансўз сўҳбат дар гирифт,

Кушта шуд чун шамъу дигар зиндагӣ аз сар гирифт.

 

То каям хуни дил аз домани мижгон резад,

Пораҳои ҷигар аз дида ба домон резад?

Ёди он бемори ҳиҷрон кун, ки шаб дур аз рухат

Саргузашти худ ба худ мегуфт, ногаҳ даргузашт.

Баъди мурдан ёр агар майли сари хокам кунад.

Лолаи хокам ба ў шарҳи дили чокам кунад.

Ишқи ў чун шамъ месўзад зи сар то по маро,

Ғолибан, мехоҳад аз олудагӣ покам кунад.

Лола  гар сар занад аз баъди вафот аз гили ман,

Кас чӣ донад, ки чиҳо буд аз ў дар дили ман?!

 

Кушти марову ҳам манам шоҳиди некномияш,

Рўзи ҷазо агар касе гўш кунад гувоҳиям.

 Аз китоби  Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019

Таҳияи Саноат Набиева, сармутахассиси  шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.