Мирзораҳмат Олимов яке аз поягузорони санъати тасвирии тоҷик

Ҳар вақте, ки сухан аз боби ҳифзу инкишофи санъати миллӣ меравад, пеш аз ҳама қарздорем, ки саҳми усто Мирзораҳмат Олимов ва дастпарварони вайро ба назари эътибор гирем, зеро вай нафақат дар дару девору офоқҳои чойхонаву театрҳо, китобхонаҳо, масоҷиду мадрасаҳо саҳм гузоштааст, балки асрори тайёр намудани василаҳои рассомӣ, гулканӣ, осори рангини ҷилодиҳандаро ба шогирдони худ ёд дода, чун эҷодкори мўҷизаофарин ва мураббии беҳамто дар дили садҳо шогирдон ва ҳазорҳо ихлосмандони ҳунари волои хеш нақш ва эҳсоси наҷиби зебопарастиро маскан парвардааст.

Мирзораҳмат Олимов, наққоши тоҷик, Рассоми Халқии Тоҷикистон соли 1891 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи наққош ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ ҳамроҳи падар ба водии Фарғона ва Андиҷон, ки бо устоҳои моҳири худ номдор буданд, ҳунари онҳоро бо диққат омўхтааст. Усто бо маҳорати эҷодӣ, фаъолияти ташкилотчигӣ ва тарбиятгариаш дар таърихи маданияти бадеии халқи тоҷик саҳифаҳои нав ва рангин кушодааст. Муҳимтараш навъҳои «фаромўшшудаи» ҳунари наққошӣ, аз ҷумла мураккабтарин шакли кундалро бо обутоби тоза зинда кардааст. Мунаққиди рус Евгений Чудович ба яке аз амалҳои усто, ки соли 1938 дар шакли Меҳроб, бо тахайюл ва эҳсоси нозук, нақшгузории печ дар печи рангину равшан офарида шудааст, баҳои баланд додааст. Ин асар, ки баъд чун бозёфти назарраси наққошии ҳақиқатан миллӣ эътироф мешуд, барои намоиш дар даҳаи якуми маданияти Тоҷикистон дар Москва пешниҳод гардид ва аз ҷониби тамошобинони серталаби шаҳри Москва баҳои баланд гирифт.

Солҳои пасин усто Мирзораҳмат Олимов бо ҳавасу майли зиёд маҳорати худаш ва шогирдонашро такмил дод. Ў як силсила асарҳои баландғояи тасвирӣ меофарад аз ҷумла «Санъат аз они халқ аст», «Умари Хайём», «Ҷашни Тоҷикистон», «50-солагии Ҳукумати Шўроӣ», «Сарвати Тоҷикистон» ва амсоли инҳо, ки воқеаҳои муҳими замонро бо руҳияи баланд ва пафоси гражданӣ, инъикос менамоянд.

Доираи фаъолияти бадеии усто Мирзораҳмат Олимов васеъ буд. Дасти тавонои ин марди зебоиофаранда дар кори хайри бо нақшу нигорҳои тасвирӣ оро додани шаҳраш – пойтахти ҷумҳуриаш Душанбе ҳам расидааст. Амали усто ва шогирдони босадоқату моҳири ўро дар ороишҳои муҳташам чойхонаи «Роҳат», театри ба номи Садриддин Айнӣ, нақшу нигори толорҳои Шўрои Олӣ, собиқ бинои китобхонаи ба номи А. Фирдавасӣ ва ғайра дида мешаванд, ки анҷоми онҳоро усто ҳамчун адои қарзи фарзандӣ дар пеши халқаш мешумурд. Ў борҳо такроран мегуфт:

– Санъаткори асил ҳеч гоҳ набояд аз пояҳои ҳунари меросӣ канда шавад, баръакс ба он такя карда, ҳунари миллиро такмил диҳад ва он мероси гаронбаҳоро чун мардумаки чашм ҳимоя намуда, ба наслҳои оянда расонад.

Аксари шогирдони усто Мирзораҳмат Олимов ҳанўз ҳам номи ўро бо меҳру садоқати фарзандона ба лавҳаи хотир меоранд. Яке аз дастпарварони усто Олимов Шоҳбол Қурбоншоев, ки акнун санъатшинос аст, ба хотир меорад: «Касе, ки як бор бо усто Мирзораҳмат Олимов вохўрдааст, ҳеҷ гоҳ симои нуронӣ, рафтор ва гуфтори неки ўро фаромӯш намекунад, сабақу дарсомўзии ў аз дигарон фарқ мекард, вай бештар ба аёнияти кор, услуби сохтани композитсия, тамоси гулу баргҳо, таркибу тартиби сиёҳқалам ва рангу бор аҳамият медод».

Дар ҳақиқат Мирзораҳмат Олимов қисмати аҷибе дошт ва зиндагии пур аз тазодҳоро аз сар гузаронида буд. Ў аз аъзоёни собиқадори фирқа буд, дар ҳаёти инқилобиву ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзид. Вай рассоми дипломдор набуд, вале дараҷаи касбии фаъолияти эҷодиаш аз рассомони дипломдор бартарӣ дошт. Кам касон медонанд, ки наққош Мирзо Олимов аъзои Кумитаи иҷрояи Марказии Туркистон, муовини раиси Комиҷрояи Шўрои Хуҷанд интихоб шудааст ва барои манфиати мардуми коргару деҳқон мардонавор ҷонбозихо кардааст.

Усто М. Олимов солҳои охири умраш дар Омузишгоҳи рассомии Душанбе (ҳоло бо номи худи ўст) ба ҷавонон санъати наққошии миллиро омўзонда, шогирдони зиёде тарбия кардааст. Иштирокчии даҳҳаҳои санъат ва адабиёти  тоҷик дар Москва (1941, 1957) ва як қатор намоишгоҳҳои ҷаҳонӣ, дорандаи ҷоизаи Мукофоти давлатии  ба номи А. Рудакӣ, узви Иттифоқи рассомони Иттиҳоди Шўравӣ, бо 2 ордени Ленин мукофотонида шудааст.

15-уми июни соли 1971 наққоши шуҳратманд Мирзораҳмат Олимов дунёро тарк кард. Аммо барои онҳое, ки ўро мешинохтанд, осорашро меписандиданд, ў зиндаву ҷовидон хоҳад монд.

Адабиёти истифодашуда:

  1. Рўзиев, А. Усто Мирзораҳмат Олимов. – Душанбе: «Ирфон», 1973. – 26 саҳ.
  2. Шарифов, Х. Оламафрўзон. – Душанбе: Маориф, 1992. – 208 саҳ.

Таҳияи Нигина Маҳмудова

Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.