Армуғони озмун. Гулҷон бо 1000 байт достон ба озмун омадааст!

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ» идома дорад. Чуноне ба мушоҳида расид, аз назар ба писарон духтарон дар он бештар фаъоланд. Инак иштирокдори навбатӣ Гулҷон Наҷмиддинова хонандаи синфи 10-уми мактаби рақами 13, ба номи Файзулло Ансории шаҳри Панҷакент мебоошад. Ў барои иштирок  номинаи  «Хондан ва аз бар намудани осори адибони тоҷик ва адабиёти шифоҳӣ»-ро интихоб намудааст.

Гулҷон ҳанўз 6 сол дошт, ки бобояш алифборо ба ў омўзонд. Аз он вақт меҳри китобхонияш зиёд гашта, сараввал ба хондани ҳикояҳои хурд, баъдан ба повестҳо оғоз намуд. Ишқаш ба китобхонӣ тадриҷан зиёд шуд ва ҳоло беш аз 142 ғазал, 150 рубоӣ ва дубайтӣ, 1000 байт достон медонад, 30 роман, 10 асари  ёддоштӣ мутолиа кардааст.

Ў гуфт, мехоҳам филолог шавам, зеро:

– Забон ва адабиётро дўст медорам ва аз хурдӣ ба он меҳр бастам. Ин муҳаббат маро водор сохт ва пеши худ тасмим гирифтам, ки аз ин пас китобҳои дигарро низ бихонам. Ба адабиёти ҷаҳон низ рӯ оварам, бештар аз пештар бихонаму азхуд кунам. Ҳоло бо адабиёти муосир ошноӣ пайдо кардам, адабиёти классикӣ ва баъд ҷаҳонро низ фаро мегирам.

Гулҷон барои он, ки давоми рўз шояд барои мутолиа фурсат пайдо накунад, субҳи барвақт ва аксаран нисфҳои шаб ба хондани асарҳо мепардохтааст.

Раҳима Аъзам, чорабиниҳои фарҳангӣ.