Гар дасти фитодае бигири мардӣ  

Дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи байналмиллалии маъюбон» чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

           Чорабиниро муовини директори  Китобхона  Гадобек Маҳмудов оғоз бахшида, ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи байналмиллалии маъюбон  табрику шодбош намуда, ба ҳамаи онҳо саломатӣ ва зиндагӣ хушу осоишта таманно намудаанд.

         Дар чорабинӣ меҳмонон аз ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи маъюбон, Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, намояндаи ЮНИСЕФ-фонди кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид, намояндаи USAID – Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ, намоянда аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, намоянда аз Вазорати корҳои дохилӣ, нафақахӯрони хонаи пиронсолон ва кормандони бахшу шуъбаҳои китобхона иштирок намуданд.

       Ба аъзоёни шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон аз ҷониби ЮНИСЕФ-фонди кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дастурхони идона ороста шуд. Инчунин аз тарафи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

       Дар чорабинӣ сарояндагони шинохтаи кишвар Фирӯза Ҳафизова, Шӯҳрат Сайнаков, Суруш Холов ва хонандагони фаъоли шуъба Ашӯров Абдулазиз, Зарина Абдураҳимова ва  Раҳматуллоҳи Раҳим бо сурудҳои хеш хотири ҳозиринро шод намуданд.

Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон.