Армуғони озмун. Ҳуқуқшиноси ояндае, ки 800 китоб хондааст!
Саёҳат Назарова, хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи рақами 1-и ноҳияи Восеъ аз дигар ширкаткунандаи номинаи “Адабиёти ҷаҳон” аст. Ў шевову равон ҳарф заданро аз бисёр китоб хондан медонад. Ӯ номгӯи зиёда аз 270 асари бадеии мутолиакардаи худро пешниҳод карда аст, ки 150 асар ба низомнома мутобиқат мекард.
Дар суҳбат бо журналистон гуфт, ки аз ҷавобҳояш ба доварон розӣ нест, зеро дар роҳи аз худ кардани илм, ки баҳри бекарон аст, мо набояд қаноатманд бошем.
Ман ӯро соли гузашта низ дида будам, посухаш ба суолҳоро ҳам то ҷое ёд дорам ва ҳисс кардам дар нутқу суханварӣ хеле пеш рафтааст. Озод ва бесакта ҳарф мезад, ором суҳбат мекард, ба суолҳои хабарнигорон бе саросемагӣ ва бо як ҳисси боварӣ посух медод. Ҳаяҷонзадаву бошитоб гап намезад, ором бо низом сўҳбат мекард, ки ҳаракатҳои зебои дасту ифодаи чеҳраи пурҷоизиба ва табассуми бамақеаш, ба чеҳраи нозанинаш мувофиқ меомад. Маҳорати суханварӣ дар шахс замоне ташаккул меёбад, ки китоби зиёд мутолиа карда бошад. Беҳуда китобҳои нависанда ва ҷомеашиноси амрикоӣ Дейл Карнегиро нахонда будааст. Ба суолҳо, ки посух мегуфт, ҳис кардам, ки дар ҳар мавзӯе гуфтанӣ дорад. Ў мушоҳидакор низ ҳаст, дар як сўҳбате ишора кард, ки боре ба падарам гуфтам, иконият дар дигар кишварҳо барои рушди шахсият бештар ба назар мерасад, биравам он ҷо. Падарам гуфт ту, ки дар назарам яке аз мағзҳои бедори миллати ман ҳастӣ, биравӣ паи сохтани худат, дигар мағзҳои бедору ҳушманд бираванд, ватанро кӣ обод мекунад? Бегона аз дигар кишвар омада, ватани моро месозад?
Атрофи ишқаш нисбат ба китоб ва корҳое, ки кардааст, пои сўҳбаташ нишастем. Гуфтам, ки Саёҳат дар муддати як сол хеле рушд кардӣ, пешрав шудӣ. Руйхати адабиётҳоят низ комилтар шудаанд, бо забони белорусӣ низ шеър хондӣ. Ҳатто берун аз низомнома китобҳо мутолиа кардӣ…
– Ташаккур. Берун аз низомнома китобҳо хондам, ки бештаринашон аз адибони Аврупост. Ҳарчанд берун аз низомнома аст, китобҳоест, ки дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи хосса доранд. Зеро дар низомнома ҳам руйхати адибони Аврупо нисбат ба дигар адибон зиёдтар аст. Медонед, адибони Аврупову Амрико як махсусият доранд. Масалан аз Габриел Гарсиа Марес, ду асарашро “Хазони умри одамхудо” ва «Сад соли танҳоӣ”- ро хондам. Дарк кардани ин асарҳо мушкил аст, аз он ҷиҳат ки хусусияти сиёсӣ дорад. Яъне дар асар норасоиҳои сиёсӣ ва иҷтимоие, ки дар Амрикои Лотин то ҳол хаст, тасвир кардааст, камбудиҳои иҷтимоиро фош кардааст. Аммо бо як маҳорате, ки одамро шефта мекунад.
Пўшида нест, ки адибони Аврупо нисбати адибони Осиё, ки ман бештар мутолиа карда будам, махсусияте доранд. Аз ҳамин рў адибони минтақаи Аврупоро писандидам. Масалан асари Василий Григоревич Ян «Чингизхон» таърихист, доир ба Чингизхон, ки барои мо як чеҳраи хунрез аст, вале барои муғулҳо қаҳрамон, қисса мекунад.
Вақте ҳар китоберо мебинам, маро ба сўяш мекашад ва ҳаваси хонданашро мекунам. Ба номи китоб низ диққкат медиҳам. Масалан романи “Гионея”-и Георгий Сергеевич Мартинов. Фикр кардам, ки китоб дар бораи чӣ қисса мекунад ва чаро “Гионэя” ном гирифтааст. Вақте хондам фаҳмидам, ин номи духтаракест, ки аз сайёраи дигар омадааст.
Аксари асарҳои мутолиакардаам бузургҳаҷм буда, кам касон онро мутолиа мекунанд. Шояд дар оянда ба мутолиаи он рўй биоранд.
Тамоми бузургони олам аз адибону шоирони мо таъсир пазируфтаанд
– Аз байни китобҳои мутоликардаат асаре буд, ки даркаш барои сини худат мушкил буд? Байни китобҳои хондаат кадомаш ҷолиб буд ва аз дубораву себора хонданаш хаста намешавӣ?
– Китобе, ки ҷолиб буд ва писандидам, «Кимёгар»-и Пауло Коэлло, асари Жюл Верн «Ҷазираи сеҳрнок», Габриэл Гарсиа Маркес “Сад соли танҳоӣ» буд. Мутолиаи ин китобҳо пешниҳоди шахсияте, ки дар зиндагӣ улгуи ман аст: падарам. Инчунин бобоям ташвиқ кард, ки китобхон шавам. Албатта, на ҳама китобҳоеро, ки падарам тавсия дод, хондам. Фурсат кофӣ нест, чун ғайр аз озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар озмунҳову олимпиадаҳои байналмиллалӣ ширкат мекунам ва вақтамро барои онҳо низ тақсим кардаам.
– Китобе буд ки аз хонданаш пушаймон шудӣ?
– Шояд ин гуна китоб вуҷуд надошта бошанд. Китобҳо натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи муаллиф аст. Ва бояд ҳатман чизе дошта бошанд, ки инсон баҳра барад.
– Пайдо кардани китоб мушкил набуд?
– На. Аъзои Китобхонаи миллӣ ҳастам ва китобхонае дар ноҳияи Восеъ мавҷуд аст, кони пурганҷ аст, тамоми китобҳои бароям зарурӣ он ҷо пайдо мешуданд. Имрўз дар шароите, ки зиндагӣ дорем ва таваҷҷўҳи Пешвои миллат ба илму маориф равона шудаааст, мушкили нарасидани китоб набояд дар ягон шаҳру ноҳия ба назар расад.
– Китобҳоро танҳо аз китобхонаҳо дастрас мекунӣ ё … ?
– Китобхонаи шахсӣ низ дорам, бо ташаббуси падарам онро ташкил кардем, аз он на танҳо ман тамоми хонаводаамон истифода мебарем.
– Ҳисоб кардаӣ ки то имрўз чанд китоб хондаӣ?
– Дар маҷмуъ 800 китоб хондаам, осори намояндагони гуногуни миллатҳост аз осори шоирону нависандагони худамонро низ дар бар мегирад. Азбаски номинаи адабиёти ҷаҳонро интихоб кардам, китобҳоеро пешниҳод намудам, ки ба адабиёти ҷаҳон рабт дорад.
Дар озмун олимпиадаҳо аз фанни забон ва адабиёти тоҷик иштирок мекунам. Вақте номинаи адабиёти ҷаҳонро интихоб намудам, утодонам ҳайрон шуданд, ки чаро номинаи адабиёти классикӣ ё муосирро нагирифтӣ? Бароят осон буд.
Хостам бифаҳмам, ки адибони дунё чӣ менависанд, аз чӣ мегӯянд, чӣ услуби навишт доранд. Онҳо чӣ тафовут доранд аз бузургони мо. Вақте бузургтаринашон Ҳутеро мутолиа кардам, дарк намудам, ки маъруфтарин шоири Аврупо Ҳуте Ҳофизи Шерозиро устод донистааст. Виктор Ҳугу дар пайравӣ ба Саъдӣ эҷод кардааст. Алишер Навоӣ ҳарчанд ба забони форсӣ низ навишта аст, сардафтари адабиёти узбек аст, осорашро дар пайравӣ аз устодаш Ҷомӣ навиштааст. Бинобар ин адабиёти ҷаҳонро интихоб кардам. Яъне тамоми бузургони олам аз адибону шоирони мо таъсир пазируфтаанд.
Ҳам таъриху ҳуқуқ ва равоншиносӣ ҳам осори бадеӣ мутолиа кардам
– 800 китоб дар маҷмўъ хондӣ. Ин барои синну солат вазнин набуд, ба худат фишор наовардӣ?
– Не. Аз вақте китобхон шудам, яъне 5 солагӣ ба мутолиа дил бастам. 5 солам буд, ки падарам хондану навиштанро ёдам дод. Аз синфи 2 ҳамроҳи устодам марҳум Рўзимат Тоҳирӣ китоб мехондам. Вай ба ман китоби бадеӣ медод. Шояд қобилиятамро дарк кард, мегуфт Саёҳат ба ту 3 китоб, 3 рўз пас бармегардонӣ. Инҳо китобчаҳои хурд буданд ва иборат аз афсонаҳо. Вақте хурдиву устод ба ту ин хел муносибат мекунад, шод мешавӣ. Дар дил мегуфтам, ки чаро устод ба дигарон неву ба ман китоб медиҳад. Ин рафтораш маро бештар шавқманди китоб мекард, кўшиш мекардам пеш аз мўҳлат китобро хонам. Чун китобро дар 1 рўз хонда бармегардондам, устод шод мешуду боз китобҳои нав медод, ки аз афсонаҳои хурд ва достонҳо аз “Шоҳнома” иборат буданд. Ҳамин тавр теъдоди китобҳои мутоликардаам афзудан гирифту то 800 расид. Шояд аз 800 гузашта бошад. Падарам китобҳои самти равоншиносиву таъриху ҳуқуқ, ки ихтисосаш аст ва устодам китобҳои бадеиро тавсия медоданд. Яъне, ҳам таъриху ҳуқуқ ва равоншиносӣ ҳам осори бадеӣ мутолиа кардам.
– Дар чӣ риштае тахсил хоҳӣ кард? Ва оё китобҳои хондаат кумак хоханд кард?
– Бале. Масалан “Чиноят ва ҷазо”-и Достоевский, Алберт Камю «Бегона” ва “Шерлок Холмс”-и Артур Конан Дойл. Ин китобҳо илми муайян кардани ҷиноятҳоро меомўзад. Мехоҳам ҳуқуқшиноси маъруф шавам ва худам ҳам асар эҷод кунам, ки он мисли ҳамин осори ҷаҳоние ки мутолиа мекунам, шўҳрату овоза пайдо кунанд ва ватанамро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунам. Тавре дар “Доғистони ман” Расул Ғамзатов гуфтааст: Мо бояд намояндаи халқи худ буданро аз хурдӣ фаромўш накунем. Мехоҳам намояндаи халқам дар сатхи ҷаҳон шавам ва шўҳрату мақоми кишвари азизамро аз ин ҳам баландтар барорам.
– То ҳол чизе эҷод кардӣ?
– Бале. Шеърҳо эҷод кардаам, на барои нашр, барои худам. Хикоя низ навиштаам.
– Аз имтихони доварон гузаштан осон буд?
Мушкил нест, аз мо пурсида мешавад, ки ҷойҳои нозуки асарро ба хотир биспарем. Ҳамчунин дафтаре ташкил кунем, ки мазмуни мухтасари асар ва қаҳрамонҳо зикр гарданд, то вақти варақ задан он ба хотир ояд.
Агар ғолиб оям, барои 10 навраси китобхон ҷоиза таъсис медиҳам
– Аз назарат озмуни имсола чи вижагиҳое дорад, ки соли гузашта надида будӣ?
– Фарқи аввал дар шумораи ширкаткунандагон буд. Бештар дида шуд. Шояд ду баробар зиёд шуд. Соли гузашта 60 нафарро ташкил мекарданд, имсол шояд аз 100 зиёд бошад дар як номина. Яъне як баробар зиёд шуд. Хамчунин дар низомномаи озмун. Маблағхои ҷоиза зиёд шуданд. Руйхати номгўи асарҳо қариб се баробар зиёд шуд. Талаботҳо бештар шуданд.
– Маълум мешавад ин сабқати ҷумҳуриявӣ ба мардум таъсир гузошта аст, ки шумори китобхонҳо зиёд шуд?
– Ҳамин тавр аст. Озмун дар минтақаи Кўлоб гузашт, вақте, ки кўдаконро дидам, онҳо бо чунон ҳавасмандӣ ба озмун омада буданд, ки таъсири озмунро зиёд мекунад. Аз нигоҳи равонӣ таъсири амиқ мегузорад ба наврасон. Дар мафкураи кўдак шинондани китобхонӣ, китобдўстӣ боис мешавад, ки ба китобхонӣ рўй меорад. Тавре Абдураҳмони Ҷомӣ мегўяд,
Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Ният кардам агар ғолиб биёям, аз маблағи он барои 10 нафар наврасе, ки китобхониро дўст медорад, ҷоизаи махсус таъсис медиҳам.
– Дар тасаввурат ин чӣ гуна ҷоиза хоҳад буд?
– Пулӣ. Дўст медорам шод кардани шахсони лаёқатмандро. Зеро Пешвои миллатамон, ки вақте хонанда китоб мехонад, ўро ҳавасманд мекунад, ба мукофотҳо сарфароз мегардонанд. Мехоҳам пайрави Пешвои миллат бошам. Ҳарчанд ҷоиза бароям муҳим нест. Муҳим иштирок ва як қадам пеш рафтан аст.
– Доварон гуфтанд зарфияти бештар аз инро дорӣ. Чӣ назар дорӣ?
– Дуруст гуфтанд. Нерўям бештар аз ҳаҷми китобҳои хондаам аст, ҳамон тавр ки гуфтам дар баробари мутолиаи асарҳои бадеӣ иштирокчии олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ҳастам. Вақтам маҳдуд аст, қисмати дигари вақтамро ба он таарф равона шуд.
– Чӣ гуна олимпиада аст?
– Дар озмуни забони анлисӣ иштирок кардам ва сазовори ҷои 2 гардидам. Имсол ният дорам дар ин олимпиада ширкат кунам.
– Бо кадом забонҳо китоб хондӣ?
– Олмонӣ ва узбекӣ. Соли дигар кўшиш мекунам китобҳои хондаамро бо забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ ва узбекӣ пешниҳод намоям.
Суҳбати Раҳима Аъзам.