Асаре, ки ҳамин ҳоло хондам. “Дон Кихот”-и Мигел де Сервантес Сааведра
Мигел де Сервантес Сааведра романнавис, шоир, наққош ва намоишноманависи машҳури Испания буд, ки солҳои 1547-1616 зистааст. Вай нависандаи машҳуртарин романи олам “Дон Кихот” аст, ки иддае аз мунаққидон онро беҳтарин осори адабии ҷаҳон меноманд.
Сервантес дар хонаводаи пизишк ба дунё омадааст. Дар бораи марҳилаҳои аввали ҳаёти нависанда маълумот зиёд нест. Ҳатто дар бораи таҳсилаш дар муассисаҳои таълимии замонаш иттилои тайидшуда дастрас нест.
Соли 1569 ба дастури подшоҳи вақти Испания Филиппи дуюм барои ширкат дар ҷанг ба Италия сафар кард. Дар ин замон ба мутолиаи осори адабии Италия пардохт ва зери таъсири адабиёти он солҳои ин кишвар монд. Аммо дар маъхазҳои дигар дар бораи сабаби рафтанаш ба Италия фарзияҳои дигар баён шудааст ва яке аз ин тахминҳо дар дуэл захмӣ кардани Антонио де Сигуру аст. Вале ба ҳар ҳол ҳатто ҳамин бахши зиндагонии Сервантес ҳам аз ҷумлаи муаммоҳои зиндагиномаи ӯст.
Соли 1570 чун сарбоз дар қисми ҳарбии баҳрӣ ба хидмат пардохт ва дар ҷангҳо дар халиҷи Патрасс иштирок кардааст. Соли 1572 ба зиндагии низомии худ поён дод ва ба ҳаёти муқаррарӣ баргашт.
Сервантес соли 1616 дар синни 68-слолагӣ аз олам гузашт.
Ҳоло мехоҳам чанд сатре оид ба китоби мутолиакардаам,ки “Достони Айёри Ламанчӣ Дон Кихот” ном дорад ва онро маъмулан дар шакли кутоҳшудаи “Дон Кихот” ном мебаранд, бинависам. Бояд гуфт,ки романи “Дон Кихот”-и Сервантес иборат аз ду қисм мебошад ва боиси зикр аст,ки ҳангоми навиштани асар дар соли 1605 нависанда ба муваффақияти ин асар чандон дилпур набуд ва онро рӯи қоғази пастсифат бо ҳуруфоти кӯҳна ва хатоҳои зиёди техникӣ чоп мекарду ба мустамликаҳои Испания мефиристод. Ношир бар он ақида буд,ки дар он ҷойҳо китоб зудтар ба фурӯш меравад, зеро китобхонаҳои пойтахт ба осори нависандагони машҳур таваҷҷуҳи бештаре доранд. Бино ба навиштаи баъзе манбаъҳо дар аввалин рӯзҳои чопаш роман муштариёни зиёд пайдо кард. Дар давоми соли 1605 панҷ нашр ва дар панҷ соли баъдӣ боз чаҳор нашри роман ба фурӯш рафт.
Дар давоми беш аз се аср романи Сервантес ро на фақат дар ватани ӯ Испания,балки дар мамлакатҳои дигар низ ҳамчун якеи аз дилангезтарин китобҳои адабиёти ҷаҳон мехонанд ва дӯсташ медоранд.Ба гуфтаҳои Белинский такя намуда,метавон гуфт,китоби Сервантес бевосита яке аз бузургтарин ҳиссагузории халқи Испания ва ганҷинаи маданияти ҷаҳони пешрафта ба шумор меравад.
“Дон Кихот” на танҳо маҷмӯи инкишофи анъанаҳои миллии Испания буд, балки асаре буд, ки вай дар демократияи Испания дар давраи зулмоти истибдоди сиёсӣ ва авҷи идеалҳои олии иҷтимоӣ ва ахлоқии худро нақш кардааст.
Дар роман ду қаҳрамон, идалғои ламанчӣ-Алонсо Кихана ва Санчо Пансаи деҳқон қарор гирифтаанд, ки дар рафти ҳодисаҳо аввали ба баҳодурии девонафеъл дуюмӣ ба хидматгору яроқбардори ӯ ва баъдан ба ҳокими ҷазираи Баратерияи вуҷуд надошта табдил меёбанд. Ин ду нақш аз ҷумлаи дурахшонтарин ва барҷастатарин нақшҳои адабиёти ҷаҳон ба шумор мераванд.
Дар қисми аввали роман симои қаҳрамони дуюм силоҳбардори баҳодури ламанчӣ Санчо Пансаи деҳқон чун шахси сода,муғамбир,содалавҳ,манфиатпараст ва пасон дар равиши зиндагӣ пухтакор,соҳиби ақли солим ва некандеш тасвир ёфтааст.
К. Державин иброз медорад,ки ватани дуюми Дон Кихот Руссия гардид ,зеро он ҷо офаридаи Сервантес дар гуфтаҳои демократҳои бузурги Руссия аз Герсин то Белинский, Добралюбов ва Чернишевский хеле амиқ таҳлил ва маънидод гардидааст. Романи Сервантес ва нақши қаҳрамони вай борҳо дар асарҳои В.И.Ленин ёдоварӣ шудааст.
Ҳангоми мутолиаи асари мазкур бо корнамоиҳои тахайюлии қаҳрамони марказии он Дон Кихот ошно гаштам. Ҳамчун хонандаи китоб бо қаҳрамонон дар олами тахайюлоти онон сайр намудам ва ба ин васила захираи луғавии хешро ғанӣ гардонидам. Ба шахсоне, ки дӯстдори мутолиаи асарҳои моҷароҷӯёна ҳастанд,бевосита хондани ин асари беназирро тавсия медиҳам.
Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари
шуъбаи тарғиб ва
барномаҳои фарҳангӣ.