Китоби нав. “Маъхазшиносӣ”

Муаллифони ин китоб донишмандони тоҷик Ҳамза Камол ва Абдуқаҳҳор Саидов мебошанд ва он чанде пештар дар нашриёти “Ганҷи хирад” чоп шудааст.

Дар  ин китоб дар бораи яке аз бахшҳои муҳими илми таърих – маъхазшиносӣ сухан меравад. Муаллифон роҷеъ ба мафҳуми сарчашмаи таърихӣ, дар бораи маърифати дастхат ва нусха, таҳрири матн, омўзиши таърихи матн, таҳлили фарқи нусхаҳо, мавзуъ ва вазифаи маъхазшиносӣ, низоми таҳқиқи илми маъхазшиносӣ, масъулияти муҳаққиқ дар омўзиши маъхаз, аз таърихи услубҳои омўзиши сарчашмаҳои таърихӣ ибрози назар мекунанд.

Ҳамчунин дар ин китоб маъхазҳои муҳими давраи қадим то ибтидои асри бистум, ки дар онҳо пиромуни таърихи халқи тоҷик ахбори мувассақ сабт шудааст, ба таври мухтасар муаррифӣ мегарданд.

Китоби “Маъхазшиносӣ”-ро ҳоло метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.

Фарҳод САЛИМ, мутахассиси
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.