Асарҳои Пешвои миллат  

Сарчашмаҳои илҳом, ифтихормандиву шукргузорӣ, таҳсину миннатдорӣ ва хушнудии мост, ки бо ин ҳама заҳматҳои зиёде дар риштаи сиёсат ва эъмори соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рушди илму фарҳанг ва болоравии сатҳи маънавии ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ин ҳама кӯшишҳои пайгирона дар давлату фарҳанг, миллату маънавиёт сохтанҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рӯзи амалашон ба ҳайси як Пешвои воқеии миллат, таълифоту пажӯҳиши зиёди илмиро баҳри бедории худшиносии миллӣ ва худогоҳиву меҳанпарастии мардум ва арҷгузории забони модарии хеш, забони давлату давлатдории тоҷикон анҷом дода, як силсила асарҳои илмии бунёдӣ дар риштаи таърих, сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, ахлоқу маърифат, ҳуқуқ, танзими расму оин ва суннатҳои миллӣ, эҳёи фарҳангу ҳунари мардумӣ, дину мазҳаб, фарҳангу адаб ва забони  модарии тоҷикӣ таълиф намуданд.

Асарҳои бунёдии Пешвои муаззами миллат мартабаи шиносномаи миллатро касб карда, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, китоби якум (Аз Ориё то Сомониён), “Тоҷикон дар оинаи таърих”, китоби дуюм (аз Ориён то Сомониён); “Тоҷикон дар оинаи таърих”, китоби сеюм (аз Ориён то Сомониён); “Тоҷикон дар оинаи таърих”, китоби чорум (аз Ориён то Сомониён), “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ; “Чеҳраҳои мондагор”, асари бунёдии илмии “Забони миллат– ҳастии миллат” (китоби якум) ; “Забони миллат ҳастии миллат” (китоби дуввум), боз даҳҳо асару мақолаҳои дигар мебошанд, ки ба хазинаи тиллоии фарҳанги миллати тоҷик ворид гардида, ба дили хонандаи муосир роҳ ёфтаанд.

Дар махзани Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 27 осори Пешвои миллат ҳифз ва нигаҳдорӣ мешавад ва хонандагон метавонанд ин асарҳоро аз толорҳои хониш дастрас ва мутолиа намоянд.

Иқтибос аз китоби Абдуфаттоҳ Шарифзода

“Фарҳанг ҳастии миллат аст”.

 

Осори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

  1. Раҳмонов Э. Бист қадами созанда – Душанбе: ЭР-граф, 2014. – 312 с.
  2. Раҳмон, Э., Бердимуҳаммедов, Г. Забон нигаҳбони ҳувияти миллист. Муҳаррири масъул: Фаттоев С. – Душанбе: Адиб, 2008. – 110 саҳ. (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ).
  3. Раҳмон. Э. Забони миллат – ҳастии миллат. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2016, Иборат из ду ҷилд.
  4. Раҳмон, Э. Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ. – Душанбе: ЭР-граф, 2009. – 36 с.
  5. Раҳмон Э. Имоми Аъзам ва ҳуввияти миллӣ. – Хуҷанд: 2009. – 88 с.(ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ).
  6. Раҳмон Э. Имоми Аъзам: рўзгор, осор ва афкор / Муҳаррири масъул: Ғ. Ғоибов, С. Аҳмадов. – Душанбе, Эр-граф, 2009. – 416 с.
  7. Раҳмон Э. Масъулият барои фардои миллат. – Душанбе: Ирфон, 2003. – 120 с.
  8. Раҳмон Э. Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам, / Муҳаррири масъул: К. Олимов, рисола, Душанбе, Шарқи озод, 2009. – 368 с.
  9. Раҳмон Э. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. / Иборат аз бисту як ҷилд. – Душанбе: Ирфон, Аз соли 2002 то соли 2022.
  10. Раҳмон Э. Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо. Маҷмўаи мақолаҳо. / Муҳаррири масъул: М Сайфиддинов. – Душанбе: Шарқи озод, 2009. – 320 с.
  11. Раҳмон, Э. Рушди маориф асоси таҳкими аркони давлат. – Душанбе, 2009. – 334 с.
  12. Раҳмон Э. Саразм-хазинаи тиллои таърихи халқи тоҷик.– Душанбе:, ЭР-граф, 2020. – 68 с. (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ).
  13. Раҳмон Э. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. / Муҳар.: С. Фаттоев, Б. Абдураҳмонов. Иборат аз чаҳор китоб. – Душанбе: Ирфон, 2009. Китоби якум – 704 с.
  14. Раҳмон Э. Уфуқҳои Истиқлол. / Муҳаррирон: А. Раҳмонзода, А. Раҳмон. – Душанбе: Ганҷ-нашриёт, 2018. – 436 с.
  15. Раҳмон, Э. Чеҳраҳои мондагор .– Душанбе: ЭР –граф, 2016. – 364с.
  16. Раҳмон Э. Варзиш – қосиди сулҳу дўстӣ. / Муҳаррири масъул М. Неъматов – Душанбе: Ҳоҷи Ҳасан, 2010. – 136 с. (бо ду забон тоҷикӣ, русӣ).
  17. Раҳмонов Э. Дар бораи дин. / Муҳаррири масъул: С. Фаттоев. – Душанбе, 2006. – 553 с.
  18. Раҳмонов, Э. Маориф омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат. – Душанбе: 2006. – 108 с. (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ. англисӣ).
  19. Раҳмонов Э. Мероси Ҷалолуддини Балхӣ ва ҷаҳони муосир – Душанбе: 2007. – 36 с. (бо 2 забон тоҷикӣ, арабӣ)
  20. Раҳмонов Э. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. / Муҳаррир: К. Олимов. – Душанбе: Ирфон, 2006. – 372 с.
  21. Раҳмонов Э. Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ. / Муҳаррир: К. Абдураҳимов. – Душанбе: Шарқи озод, 2007. – 144 с.
  22. Раҳмонов Э. Тоҷикистон дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин. – Душанбе: Ирфон, 1996. – 312 с.
  23. Раҳмонов Э. Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ. / Муҳаррирон А. Асадов, М. Сайфиддинов. Мураттиб С. Фаттоев. Иборат аз се ҷилд. – Душанбе: Ирфон.2001. – 512с.
  24. Раҳмонов Э. Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ. – Душанбе: Ирфон, 1995. – 204 с.
  25. Раҳмон, Э. Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам, рисола. – Душанбе: Шарқи озод. 2009. – 368 с.
  26. Раҳмонов Э. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён. / Муҳар.: С. Фаттоев – Душанбе: Ирфон, 2002. Китоби 2. – 128 с. (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.).
  27. Раҳмонов Э. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён. / Муҳар.: Д. Давлатов. – London and FLINT RIVER EDITIONS GREAT BRITAIN Китоби 1.- 240 с. (бо ду забон тоҷикӣ, русӣ.)

Таҳияи сармутахассиси Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳрангез Муҳаббатова.