Баррасии ҳикояи як адиби лаҳистонӣ дар маҳфили «Фурўғ»

фуруғБарномаи муштараки «Фурўғ», ки Китобхонаи миллӣ бо ҳамкории телевизиони кўдакон ва наврасон «Баҳористон» ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон атрофи ҳикояи «Ҷома»-и адиби лаҳистонӣ Нэнси Скаммел сурат гирифт.

Ин бор ширкаткунандагони барномаи «Фурўғ» ҳикояи нависандаи лаҳистониро дар тарҷумаи нависандаи кўдакон ва барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  Азиз Азиз ба баррасӣ гирифтанд.

Шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ҳар ҳафта ин маҳфилро баргузор менамояд, ки бо ширкати хонандагони фаъоли шуъба, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» сабқат мекунанд, ҷараён мегирад.

«Ҷома» аз ҳунари дўзандагии хайёте қисса мекунад, ки орзуи харидани ҷомаро дошту ба он орзуяш расид ва пас аз куҳнаву фарсуда шудани он  аз он боз либос медўхт. Аз либоси бори дуввум дўхтааш низ либоси дигар медўхт. Ҳамин тавр ҳар дафъа аз пораҳои надаридаи либоси фарсудашуда боз либоси дигаре фикр карда медўхт. Дар охир аз он либоси аввалхаридааш тугмае медўзад.

Ҳикоя равону осон ва фаҳмо навишта шуда, ба дили наврасон зуд писанд меояд.

Рахима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.