Ато Мирхоҷа. Таассурот, андешаҳо, пешниҳодот

Ато Мирхоҷа(Мулоҳизаҳо перомуни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар вилояти Хатлон)

Бо қарори Ҳукумати мамлакат камина имсол раиси ҳакамони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар вилояти Хатлон таъйин гаштам. Ду сол дар минтақаи Ҳисор будам ва соли гузашта раиси озмун дар ҳамин минтақа.

Фарқи муҳимми баргузории озмуни имсола дар вилояти Хатлон аз озмуни порсола дар минтақаи Ҳисор ин аст, ки дар Бохтар он ба номинатсияҳо ҷудо шуд ва ин корро чандин маротиба осон намуд. Агарчи раиси озмун дар минтақаи Ҳисор устод Аскар Ҳаким ҳангоми ҳолпурсӣ бо телефон хабар доданд, ки имсол дар Ҳисор низ озмун аз рӯи номинатсияҳо баргузор шудааст. Ҳамин тарзи баргузориро соли гузашта дар Ҳисор мо ҳам ба миён гузошта будем, аммо, мутаассифона, ҳукумати шаҳр сабти телевизиониро таъмин карда натавонист ва мо, росташро гӯям, азоби алим кашидем. Тасаввур кунед 21 нафар довар ба пурсидани як нафар банд мешаванд ва ҳар кас агар яктоӣ савол ҳам диҳад, дастикам 21 дақиқа ба як довталаб рост меояд. Соли гузашта, ҳамчунин дар Ҳисор, гӯё барқасди кор бошад, пас аз ҳар се-чор соат  ба муддати як-ду соат барқ қатъ мешуд ва ҳолдонҳо мегуфтанд, ки дар назди Қасри фарҳанг корҳои таъмири хатти барқ рафта истодаанд. Гӯё мавқуф гузоштани ин амал ба рӯзҳои дигар имкон надошт.  Барои ҳамин аъзои ҳайати ҳакамон асабию хаста мешуд ва баъзан корамон то соатҳои 21-22 давом мекард ва ҳангоми ҷамъбаст то соати 1-и шаб ба ҳисобу китоб машғул шудем.

Хушбахтона, имсол дар шаҳри Ҳисор ҳам ба қадри заҳмати аъзои ҳакамон расидаанд. Ин аз таъмини ҳар номинатсия бо сабти телевизионӣ аён аст.

Аммо дар хусуси озмун дар Бохтар.  Пеш аз ҳама, бояд гуфт, барои баргузор намудани даври сеюм ин калонтарин вилояти мамлакат ба ду минтақа – Бохтар ва Кӯлоб тақсим шудааст. Довталабони 15 шаҳру ноҳия дар маркази вилоят ва 10 ноҳияи боқимонда дар шаҳри Кӯлоб ҷамъ меоянд. Барои Бохтар 5 рӯз, барои Кӯлоб 4 рӯз ҷудо карда шудааст. Яъне, агар даври сеюм дар дигар вилоёту манотиқ дар муддати 5 рӯз гузарад, дар Хатлон 9 рӯз давом мекунад, ки тӯлонитар аст, ки ин ҳол боиси чунин нороҳатиҳо мегардад:

Нахуст, ташвишҳои вобаста ба озмун дар муддати қариб даҳ рӯз давом меёбанд, ки ин ба маҳсулнокии рӯзи кории мактабҳои таҳсилоти олию миёна бештар таъсири манфӣ мерасонад.

Дуюм, ба сабаби аввал дар Бохтар ва баъдан дар Кӯлоб доир шудани озмун доварон имкон надоранд, ки аризаҳои аппелятсиониро баррасӣ намоянд, зеро аппелятсия пас аз эълон шудани холҳо, баъди он, ки довталаб бо натиҷаи иштироки худ шинос мегардад,  баргузор мегардад. Аммо дар Хатлон озмун дар Кӯлоб ҷамъбаст мегардад ва довталабони минтақаи Бохтар наметавонанд арзҳои худро саривақт ба масъулон расонанд ва довталабони минтақаи Кӯлоб ҳам наметавонанд, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии озмун дар шаҳри Бохтар иштирок варзанд.

Сеюм, ҳамон як ҳайати доварон дар муддати 9-10 рӯз аз кори пуршиддати суолу ҷавоб хаста мешаванд, ки ин ба натиҷаи ниҳоӣ бетаъсир намемонад.

Чорум, вилояти бузургтарини мамлакат аз ҳаққи баргузидани доираи фарохтари ғолибон барои даври чоруми озмун маҳрум мемонад. Барои мисол, ВМБК аз 8 шаҳру ноҳия 95 нафар, Хатлон ҳам аз 25 шаҳру ноҳия 95 нафар.

Бояд ба назар гирифт, ки вилояти Хатлон дар натиҷаи ба ҳам якҷо кардани ду вилояти калон – Кӯлобу Қӯрғонтеппа ташкил шуда буд ва тасаввур кунед, ки як вилояти дигар аз ҳаққи иштирок дар марҳалаи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯги субҳи доноӣ китоб аст” маҳрум мемонад.

Бинобар ин, агар аз соли оянда аз минтақаҳои Бохтару Кӯлоб ба таври алоҳида ба давраи ҷумҳуриявии озмуни мазкур ғолибон барчида мешуданд, адолат нисбат ба мардуми ин минтақаҳо барқарор мегардид.

Дар бораи дараҷаи созмондиҳии озмун дар вилоят.

Дар шаҳри Бохтар озмун дар бинои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ва масъулини шуъбаи маориф ифтитоҳ гардид.

Дар рӯзи аввал агарчи иштироки довталабон таъмин гардида буд, вале бинобар сари вақт огоҳ накардани ҳайати ҳакамони сокини Кӯлоб, ки теъдодашон 5 нафар буд, 4 нафари онҳо танҳо дар рӯзи дуюм ба кор шурӯъ намуда, як нафарашон – Зафар Мирзоён, ба сабаби номуаяйнии вазъ танҳо дар шаҳри Кӯлоб ба гурӯҳ пайваст. Барои пур кардани ҷои холӣ мо маҷбур шудем, ки аз ҳисоби муаллимони Донишгоҳи Бохтар мутахассисонро ҷалб намоем, ки дар ин сурат ҳам вақти бисёре аз даст рафт, ҳам ба сифати кор таъсири манфӣ расид. Масъулияти таъмини ҳакамон асосан бар дӯши узви Комиссияи озмун, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши мамлакат буд, ки ин замон дар сафари хориҷа қарор доштааст ва комиссияи вилоятӣ низ ин тарафи масъаларо зери назорати ҷиддӣ нагирифтааст.

Масъалаи будубоши ҳайати ҳакамон дар шаҳри Бохтра дар сатҳи олӣ буд, дар шаҳри Кӯлоб – дар рӯзи аввал начандон хуб. Сухан сари он меравад, ки аз ҷойҳои корӣ ба ягон нафарбарои харҷи сафар пули нақд намедиҳанд, чунки ҳоло муҳосибон дар тамоми мамлакат талаб мекунанд, ки кормандони ба сафар баромада, аввал ҳуҷҷат биёранд, баъд пулашонро мепардозанд. Ба ин сабаб, комиссияи минтақавиро лозим аст, ки пеш аз расидани ҳакамон манзили буду бошашонро бо шароитҳои хуб таъмин намоянд, ки онҳо дасту рӯ шуставу либоси худро дарзмол карда тавонанд, то рӯзи дигар дар назди садҳо довталаб ва камераҳои телевизионӣ тозаву озода ва дамгирифтаю мамнун пайдо гарданд.

Дар боби омодагии довталабон.

Ба мушоҳидаи мо, омодагии довталабони минтақаи Бохтар нисбат бар Кӯлоб беҳтар ба назар расид. Натиҷаҳои озмун аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар даври вилоятӣ аз шаҳри Бохтар 20 нафар, аз шаҳри Кӯлоб 12 нафар, аз ноҳифи Ёвон 11 нафар, аз ноҳияҳои Данғара ва Вахш 6-нафарӣ, аз ноҳияи Кушониён 5 нафар, аз ноҳияи Восеъ 4 нафар, аз ноҳияҳои Қубодиёну Панҷ 3-нафарӣ, аз ноҳияҳои Дӯстӣ, Фархор, Балхӣ, Балҷувон 2-нафарӣ, аз ноҳияҳои Темурмалик, Левакант, Ховалинг, Муъминобод, Хуросон, Ҷомӣ, Ҳамадонӣ ва шаҳри Норак 1-нафарӣ бо ба даст овардани ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ғолиб омадаанд. Яъне, аз 25 воҳиди маъмурӣ-ҳудудии вилоят 21 ноҳия ба озмун омодагии ҷиддитар дида, 4 ноҳияи дигар ба он камтар эътибор додаанд.

Ба мушоҳида расид, ки аксари довталабон бо низомномаи озмун шинос нестанд. Бисёрашон аз тағйироте, ки соли гузашта ба низомнома ворид шудаанд, хабар надоранд. Ба ин сабаб, дар номинатсияи хондану азбар кардани адабиёти муосир осори шифоҳиро низ дохил намудаанд, ки он ба номинатсияи адабиёти бачагона гузаронда шудааст. Ба назар расид, ки қариб 30 дарсади довталабон рӯякӣ ба озмун ҳозир шуда, ҳатто ҳуҷҷатҳояшон ба номинатсиятсияҳояшон мувофиқат намекунанд. Барои мисол, аз номинатсиятсияи адабиёти муосир панҷ нафар ба номинатсиятсияҳои дигар фиристода шуданд.

Яке аз камбудиҳои ҷиддӣ дар омодагии довталабон ин аст, ки қариб 80 дарсади иштироккунандагон осори мутолиакардаи худро аз рӯи як схема пешниҳод мекунанд. Аз осори насрӣ (дар адабиёти муосир) онҳо “Марги судхӯр”, “Аҳмади девбанд”, “Дохунда”, “Ғуломон”-и Айнӣ, “Ривояти суғдӣ”, “Саргузашти Собир”-и Улуғзода, “Духтари оташ”-и Икромӣ, “Тобистон”-и Толис, “Сози Мунаввар”, “Рӯзи дафни усто Оқил”, “Паррончакҳо”-и Самадов, аз осори назмӣ достони “Ҷони ширин”, пораҳо аз достонҳои “Чароғи абадӣ”, “Сайёҳи Ҳинд”-и Турсунзода, пораҳо аз достонҳои “Мавҷҳои Днепр”, “Сурӯши Сталинград”-и Қаноат ва қисман манзумаи “Ғалабаи Таня”-и Лоҳутӣ, шеърҳои алоҳидаи Турсунзода, Лоҳутӣ, Лоиқ, Бозор Собир, Гулрухсор, Фарзона, Озарахш, Озар, Муҳаммад Ғоиб, Айюбӣ, Низом Қосим ва чанд шоири дигарро азбар кардаанду халос. Дар маҷмӯъ доираи мутолиаи осор дар ин номинатсия аз 15-20 адиб фаротар намеравад, ҳол он ки адабиёти муосир бештар аз 500 шоиру нависанда дорад. Дар баробари ин, бояд зикр кард, боиси хурсандист, ки тақрибан 20 дарсади довталабон омодагии хуб доранд ва адабиёти мутолианамудаашон низ аз 100 адиб бештар мебошад. Ҳамин гуна шахсон озмунро рангу мазмун мебахшад ва моро бовар мебахшад, ки дар ояндаи наздик он боз ҳам хубтару беҳтар мегардад.

Азбаски дар озмуни даври вилоятии Хатлон садҳо нафар довталаб иштирок мекунанд, аммо на ҳамаи онҳо ба сабаби аз 5 нафар бештар набудани шумори ғолибон, ҳатто бо холҳои баланд ҳам дар ҷадвали ғолибон ҷой гирифта наметавонанд, мо аз масъулони марҳалаи вилоятии озмун хоҳиш менамоем, ки ба хотири дилгарм намудан, он довталабонеро, ки холҳои сазовор ба даст оварданд, бо мукофтҳои пулӣ, молӣ ва ифтихорномаҳо қадр намоянд.

Дар маҷмуъ, дар озмуни мазкур 826 нафар иштирок намуда, 95 нафар ба даври чоруми он роҳхат гирифтанд.

Дар охир мехостем, ки барои беҳтар, самараноктар ва шавқовартар намудани озмун пешниҳоди ҳайати ҳакамонро ба Комиссияи озмун ироа дорам:

  1. Аз номинатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” зинаҳои синнусолии донишҷӯён ва калонсолон бардошта шавад. Он танҳо барои ду зинаи синнусолӣ: кӯдакони то синни мактабӣ ва синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) муқаррар карда шавад.
  2. дар номинатсияҳои “Адабиёти классикӣ” ва “Адабиёти муосир” хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 3 зинаи синнусолӣ ҷудо карда шаванд:

а) Хонандагони синни хурди мактабӣ (синфҳои 1-4)

б) Хонандагони синни миёнаи мактабӣ (синфҳои 5-8)

в) Хонандагони синни калони мактабӣ (синфҳои 9-11)

  1. Дар номинатсияи “Эҷоди назму наср” талабот нисбат ба хонандагони мактаб сабуктар шавад. Беҳтар ин аст, ки дар ин зина ба ҷои жанрҳои достон, қасида, таркиббанд ва тарҷеъбанд навиштани сурудҳои бачагона ва дар наср ба ҷои драма навиштани афсона муқаррар карда шавад.
  2. Тақсимоти синнусолии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” низ муқаррар карда шавад.
  3. Хуб мебуд, ки бо дарназардошти сераҳолитарин вилояти ҷумҳурӣ будани Хатлон, озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ду минтақаи он – Бохтар ва Хатлон алоҳида гузаронда шуда, барои 98 нафари дигар дар ҷадвали ғолибон ҷой ҷудо карда шавад.