Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 29-уми октябр
Соли 1950 шоир ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ ба дунё омадааст. Зодаи ноҳияи Панҷекат буда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад. Пас аз хатми таҳсил ба Институти шарқшиносии АИ ҶТ ба кор омадааст. Аз соли 2000 мудири Шуъбаи матншиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии АИ ҶТ.
Алли Муҳаммадии Хуросонӣ дар бахши таҳқиқу адабиётшиносӣ, танқиди адабӣ, ба чоп омода сохтани матни осори гузаштагон, инчунин таълифи осори бадеӣ (шеърҳо) фаъолият менамояд.
Аз ҷумлаи маъруфтарин адабиётшиносони кишвар аст.
Соли 1929 адиби тоҷик Қулмуҳаммад Абдулҳусейнов дида ба олам кушод. Қулмуҳаммад Абдулҳусейнов аз ҷумлаи адибони муваффақ дар жанри фантастика буд. Соли 1993 аз олам гузашт.
Соли 1894 Георгий Владимирович Иванов, шоир, нависанда, тарҷумон ба дунё омадааст. Аввалин шеърҳояш баъди хатми мактаби кадетӣ дар соли 1910 дар маҷаллаҳои “Аполлон”, “Современник” чоп шудаанд. Соли 1922 бо баҳонаи таҳияи барномаҳо барои театрҳо ба хориҷи кишвар сафар мекунад ва ба Иттиҳоди Шӯравӣ барнамегардад. Бо ҳамсараш, ки шоира буд, дар Берлин мемонад. Соле баъд ба Фаронса мераванд.
Дар муҳоҷират асарҳои насриву назмии зиёд навиштаву дар шакли китоб интишор додааст, ки машҳуртаринашон “Марз”, “Хотираи шуҳрат”, “Боғҳо”, “Руми сеюм” “Зимистони Петербург” (романи нотамом) мебошанд.
Солҳои 1943 – 1946 дар шаҳри Биарритса дар фақру нодорӣ зиндагӣ мекунад. Соли 1953 дар як хонаи пиронсолон воқеъ дар шаҳри Иере, ҷануби Фаронса ҷо мегирад ва 26-уми августи соли 1958 тарки олам мекнуад.
Соли 1821 шоири рус Михаил Милонов дар Санк – Петербург аз олам гузашт. Ӯ ҳамагӣ 29 сол дошт.
Соли 1889 дар шаҳри Саратов дар синни 61-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ нависанда, файласуф ва мунаққиди рус Николай Чернишевский тарки олам кард. Чернишевский аз бузургтарин адабиётшиносони замони худ буд ва то имрӯз маъруфият дорад. Чернишевский ба хотири ақидаи инқилобӣ ва зидди низоми подшоҳӣ доштанаш муддати 21 сол зиндонӣ буд. Романи фалсафии “Чӣ бояд кард?” аз ҷумлаи асарҳои ӯст. Афроде чун Ленин ва Карл Маркс зери таъсири навиштаҳои ӯ буданд. Бахусус Ленин дар осори сиёсии худ ишораҳои зиёде ба Чернишевский дорад.
Соли 1911 адиб ва ношири Амрикоӣ Ҷозеф Пулитсер дар киштии дӯстдоштааш дар Чарлстон фавтид. год
Соли 1932 шоир ва драматурги рус Николай Агнивсев аз бемории сил вафот кард. Ӯ ҳамагӣ 44 сол доштӣ.
Соли 1953 – дар шаҳри Диксони иёлати Иллинойс нависандаи фантазиянависи амрикоӣ, муаллифи “Лабиринт Бритни” Ричард Ловвет ба дунё омад.
Соли 2003 дар шаҳри Милтони иёлати Массачусетс дар синни 81-солагӣ адиби армикоӣ Хол Клемент аз олам гузашт.
Соли 2021 бар асари сироят ба КОВИД-19 адиби маъруфи фантазиянависи Украина Тимур Литовченко тарки олам кард.
Таҳияи Б.Шафеъ