Аз ангуштонаш наво мерехт. Ёде аз бастакори шинохта Абдулфаттоҳ Одинаев

  Агар умр вафо мекард, бастакори нотакрор Абдулфаттоҳ Одинаев имсол ба 84 медаромад. Дареғо, ки умри шахсиятҳои маъруф кутоҳ аст. 12 сол пеш олами моро тарк кард ва ба раҳмати Ҳақ пайваст. Вале асарҳои ҷовидонааш умри ӯро тӯлонӣ карданд. Имрӯз ҳам аз шабакаҳои гуногуни радио ва телевизион мутрибон оҳангҳои ӯро менавозанд ва ҳофизон таронаҳои ӯро месароянд. Ҳамин аст ҳикмати зинда мондани баъди рафтан.

Абдулфаттоҳ Одинаев 22 июли соли 1938 дар деҳаи Гузари ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) ба дунё омадааст.            Соли 1957 Омўзишгоҳи мусиқии шаҳри Сталинобод ва соли 1962 Консерваторияи давлатии Москваро таҳти роҳбарии А. Н. Александров хатм кардааст.

Одинаев Абдулфаттоҳ муҳаррири шуъбаи мусиқии Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавоӣ (1962-1964), аспиранти Институти мусиқӣ-педагогии ба номи Гнесинҳои шаҳри Москва (1964-1967), муҳаррири коллегия репертуарии Вазорати маданияти Тоҷикистон (1967-1971), роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1971-1974) ва аз соли 1974 муаллими Институти давлатии санъати Тоҷикистон буд.

Дар аксар жанрҳои мусиқӣ асар офаридааст. Операҳои «Парасту» (1967), «Бузаки ҷингилапо» (1985) асарҳои калони саҳнавии оҳангсозанд. «Увертюраи ҷавонӣ» (1961), достони симфонии «Ленин дар Помир» (аз рўи достони М. Миршакар, 1967), достонҳои вокалӣ-симфонии «Падарамро набаред» (барои овозҳои сопрано, баритон ва оркестри симфонӣ, 1982), «Бародарам» (порча аз достони «Мавҷҳои Днепр»-и М. Қаноат), ки дар онҳо бахту саодати ҷавонӣ,  доғи ҷанг, ғалабаи халқи шӯравӣ бар фашизм тасвиру васф шудааст, аз зумраи асарҳои беҳтарини оҳангсоз ба ҳисоб мераванд.                                                                 Одинаев муаллифи 8 сюитаи вокалӣ-хореографӣ ва 4 драмаи мусиқӣ буда, зиёда аз 25 асари камеравӣ эҷод намудааст. Сюитаҳои вокалӣ-хореографии «Чорзарб» (навоҳои Ш. Ҷўраев, 1972), «Ман доғ» (1977), пйесаҳои консертии «Фалак» (1973) ва «Насими кўҳсор» мазмун ва ғояи баланд доранд.

Ў барои 6 кинофилм ва 6 намоиши театрӣ мусиқӣ эҷод карда, муаллифи зиёда аз 100 суруд мебошад. Мавзўи эҷодиёти ўро лирикаи гражданӣ, олами кӯдакон, гуманизми олӣ ва сулҳу амонӣ ташкил медиҳад. Дар мавзўъҳои ватанпарварӣ ва интернатсионалӣ асарҳои драмавӣ, эпикии калонҳаҷм офаридааст.

Аз соли 1963 узви Иттифоқи бастакорони СССР буд.                               Одинаев Абдулфаттоҳ Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ буд.

2 январи соли 2010 аз олам чашм пўшидааст.

Бозчоп: аз Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1989. – Ҷ. 2. – С. 494.                                                                                             

Муаллиф: Ш. Ҳабибов.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Абдуфаттоҳ Одинаев ва дар бораи ӯ метавонед ин матолибро суроғ кунед:

Мо аз Консерваторияи русии Чайковский // Тоҷикистони советӣ. – 1967. – 7 апрел.

Мухлисон мафтун шуданд: Дар бораи консертҳои оркестри симфонии Филармонияи давлатии Ленинград // Тоҷикистони советӣ. – 1967. – 16 апрел.

Асарҳои нави бастакорон: Дар бораи кори Шўрои бадеии Комитети радио ва телевизиони Тоҷикистон // Маориф ва маданият. – 1968. – 21 ноябр.

Достон ба васфи В. И. Ленин: Ба пешвози съезди панҷуми бастакорони Тоҷикистон дар бораи бастакор Ҳ. Абдуллоев // Тоҷикистони советӣ. – 1970. – 10 ноябр.

Дар мадори наво: Очерк дар бораи фаъолияти эҷодии проф. Консерваторияи давлатии Маскав, доктори санъатшиносӣ, оҳангсоз А. Н. Александров // Садои Шарқ. – 1987. – №5. – С. 110-116.

«Мусиқӣ маҳсули эҷоди дил аст»: Суҳбати Б. Шарифзода бо бастакори машҳури тоҷик, устод Фаттоҳ Одина // Чархи гардун. – 2001. – 23 март.

Диле саршори наво: Суҳбати Ҳ. Азиз бо барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рўдакӣ, оҳангсози шинохта Фаттоҳ Одина // Адабиёт ва санъат. – 2001. – 5 май.

 «Мусиқиву шеър бояд соҳиб дошта бошад, то…»: Мусоҳибаи Барнои Кодирдухт бо оҳангсоз Фаттоҳ Одина // Чархи гардун. – 2008. – 31 январ.

Дар бораи ҳунарманди нотакрор:

Абдуллоев, Х. Нахустин симфонияи тоҷикӣ: Дар бораи бастакори чавони тоҷик Абдуфаттоҳ Одинаев // Тоҷикистони советӣ. – 1964. – 8 октябр.

Назриев, Р. Оҳангсози мумтоз: Абдулфаттоҳ Одинаев // Маориф ва маданият. – 1979. – 23 октябр.

Абдуллоев, Х. Тараннуми сулҳу амонӣ:  Бастакори тоҷик А. Одинаев сазовори медали нуқра гардид // Тоҷикистони советӣ. – 1983. – 8 апрел.

Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Дар бораи ба рафиқ Одинаев А. – бастакор, дотсенти кафедраи Институти давлатии санъати ба номи М. Турсунзода  додани унвони фахрии «Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон» // Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон. – 1988. – № 22. – С. 7.

Саидҷон, Ҳ. Суруди Фаттоҳ: Дар бораи фаъолияти эҷодии бастакор Фаттоҳ Одинаев // Роҳи ленинӣ. – 1989. – 1 феврал.

Азиз, Ҳ. Созҳои болкушо: Аз фаъолияти эҷодии санъаткори тоҷик Абдуфаттоҳ Одинаев // Тоҷикистони советӣ. – 1988. – 8 декабр.

Саттор, Т. «Аҳура Маздо»-и Фаттоҳ Одина: Барои дарёфти ҷоизаи Рўдакӣ ба оҳангсоз  Фаттоҳ Одинаев // Садои мардум. – 1998. – 15 апрел.

Абдуллоев, Х. Фаттоҳ суруд: Аз эҷодиёти оҳангсоз Фаттоҳ Одинаев // Ҷумҳурият. – 1998. – 18 апрел.

Сафаров, С.  Оҳангсарои диёр:  Фаъолият ва эҷодиёти оҳангсоз Фаттоҳ Одинаев // Ҷумҳурият. – 1998. – 16 май.

Қодирдухт, Б. Одина Фаттоҳ: Мусиқӣ аз осмон меояд // Ҷумҳурият. – 2007. – 23 июн.

Ҳақназар, Ш. Доро шудаӣ, эй дил…: Дар бораи оҳангсози шинохта Фаттоҳ Одина // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 16 апрел.

Ҳақназар, Ш. Доро шудаӣ, эй дил…: Аз эҷодиёти композитори маъруф, шодравон Фаттоҳ Одинаев // Аноҳито. – 2012. – №2-4. – С. 26-27.

Табарӣ, М. Аз ангуштонаш наво мерехт: Роҷеъ ба Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Одинаев // Ҷумҳурият. – 2016. – 14 январ.

Шуъбаи  библиографияи  миллӣ