Аз ҳунарҳои мардумӣ. Калтакбозӣ

kaltakbozi«Калтакбозӣ» рақси қадимии мардонаи мардуми тоҷик, ки дар рўзҳои ид ва ҷашну маросимҳо иҷро карда мешуд. Рақси мазкурро асосан ду мард иҷро мекарданд. Раққосон дутоӣ чўбдастаи дарозиашон 1-1,5м дар даст дар ҳавои мусиқӣ (оҳанги «Рапой» ё «Кобулӣ») рақсида, онҳоро ба вазъу равиши рақс моҳирона бозӣ медоронанд. Зарби мусиқӣ ва зарби чўбдастаҳо дар якҷоягӣ ҳиссиёти иҷрокунандагони ин рақсро меафзояд.

Дар «Калтакбозӣ» хислати мардонагӣ, ҳушёрӣ ва чолокии раққосон таҷассум меёбад. Ин рақс ҳаракатҳои гуногун дорад: раққосон дар вақти рўбарў шудан калтакҳои дар даст доштаашонро моҳирона ва бо усули дақиқ ба замин мезананд; ба дасти рост, баъд бо ду даст, бо дасти чап ба болову пеш, чапу рост бардошта, ба шакли салиб карда, боз ба замин мекўбанд. Ба шакли салиб ба замин задании калтакҳо аз қадимӣ будани ин рақси суннатии тоҷикӣ шаҳодат медиҳад. Раққосон ба тарафи росту чап гашта, бо ду даст калтакҳои ҳамдигарро дар пеши рўй мезананд. Агар рақсро ду нафар иҷро кунанд, ҳар кадоме кўшиш мекунанд, ки ҳарифи худро бо «ҳуҷуми ногаҳонӣ» дар ҳайрат гузорад. «Калтакбозӣ» пур аз ҳаракат буда, чолокӣ ва нотарсиро ифода менамояд. Раққосон бо ҳаракатҳои ғаюрона, қавӣ, андоми бовиқор ва нигоҳи нотарс хислатҳои ҷанговаронро инъикос мекунанд.

Рақси «Калтакбозӣ» то имрўз дар Бадахшон вуҷуд дорад. Онро дар рақси саҳнавии дастаҳои худфаъолияти мардумӣ ва касбӣ дидан мумкин аст. Ба барномаи дастаҳои ҳунарии мардумӣ ва ҳунарпешагони театрҳои касбӣ дохил шудааст. Дар давраи омодагӣ ба Даҳаи санъати халқи тоҷик дар Маскав устодони рақс М. Ҳотамов, К. Голейзовский, А. Протсенко, Ғ. Валаматзода рақси суннатии мардумии «Калтакбозӣ»-ро омўхта, онро дар доираи  санъати касбӣ дар Театри опера ва балети тоҷик, Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ, ансамблҳои рақсии худфаъолиятӣ ва касбӣ ба саҳна гузошта буданд. Соли 1941 ин рақс бо суруд дар Ансамбли бачагонаи «Помир» (роҳбар Ғ. Ғуломалиев, устоди рақс М.Ҳотамов) ва аз ҷониби устоди рақс А. Протсенко дар Ансамбли тарона ва рақси «Помир»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба саҳна гузошта шуда буд.

Баъд рақси «Калтакбозӣ» аз ҷониби гурўҳи мардҳо дар билети «Ду гул» (А. Ленский, устоди рақс К. Голейзовский) дар Даҳаи санъати халқи тоҷик дар шаҳри Маскав (1941) манзури тамошобинон гардонда шуд. Устоди рақс, роҳбари бадеии Ансамбли давлатии рақсии «Лола» Ғ. Валаматзода унсурҳои рақси «Калтакбозӣ»-ро дар сюитаи рақсии «Тўйи помирӣ» истифода бурдааст. Баъдан ин рақс тадриҷан дар ҳамаи ноҳияҳои ВМКБ паҳн шуд.

«Калтакбозӣ»-ро дастаҳои худфаъолияти санъати ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Рўшон, Роштқалъа дар барномаҳои консертии худ дар фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти бадеии халқ «Бўстон-1»,  «Бўстон-2», «Бўстон-3», «Андалеб», фестивалҳои байналмилалии фолклорӣ дар Лаҳистон, сафарҳои эҷодӣ ба мамлакатҳои хориҷӣ пешкаши тамошобинон карданд.

 

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ. 9. – С. 313.                                               

Муаллиф: Н. Қличева

Таҳияи: Шаҳноза САДИРЗОДА,

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.