Аз маҳфили “Ҳамешабаҳор” ғофил намонед!

Маҳфили “Ҳамешабаҳор”, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва нашрияи “Пайрав” дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор мекунанд, ин бор хоҳишмандонро ба тантанаи ҷашни 40-солагии маҳфил даъват мекунад.

Ин маҳфил қарор аст рӯзи шанбе, соати 19:00 дар боғи ба номи устод Рӯдакӣ бо номи “40 баҳори “Ҳамешабаҳор” багузор шавад.

Дар маҳфили ҷашнӣ ҳунармандони маъруфи кишвар Афзалшоҳи Шодӣ, Ҷумъахони Сафар, Фотима Машрабова, Зулайхо Маҳмадшоева, Дилшоди Файзулло ва дигарон ширкат хоҳанд кард.

Вуруд озод аст.