Пайрави хомаи сурх

Пайрав Сулаймонӣ 34 сол ҳаёт дид ва дар умри ҷавони худ асарҳои шоиста ба мерос гузошта, оғозгоҳи адабиёти навини тоҷикро бо обу ранги лирикию инқилобӣ ва байналмилалӣ ғановат бахшид. Ў дар ибтидои асри ХХ як шохаи мустаҳками дарахти азими адабиёти тоҷикро мемонд, ки хонандааш меваҳои шаҳдбор ва зарурии замонро мечашид. Устод С.Айнӣ барояш баҳои арзанда дода навишт: «Пайрав соҳиби истеъдоди комил  аст. Бўстони нави адабиёти тоҷик аз оби равони табъи ин ҷавон бисёр сарсабзиҳо умед дорад». Ин хел тавсифҳо дар бораи Пайрав аз ҷониби муҳаққиқон зиёд ба қалам расидаанд. Муттаасифона, баъд аз марг ҷояш дар миёни адибону ҳамсолон холӣ монд ва то дерҳо назаррас буд. Дар шеваи сухани ў Ҳабиб Юсуфӣ, Мирзо Турсунзода,Муъмин Қаноат ва дигар шоирон қомат бардоштанд. Мавҷу зарби ашъораш ҳануз ҳам аз гўшаи замон сутурда нашуда, бо зинапояҳои мисраъ моро ба қуллаҳои мурод мерасонад.

  Пайрави ҷавон ба ҳаёту адабиёт, ба воқеаҳои сиёсӣ ҳамеша бо чашми диққат назар андўхта, зиёд меҳнат мекард, хусусан дар шеър кашф кардан, мўъҷиза ба вуҷуд овардан мехост ва аз ин рў, дар сухани мўшикофиҳо менамуд. Вай бинобар ин ҳам ба умдатарин масъалаҳои замон, нодиртарин воқеъаҳои иҷтимоӣ рағбат намуда, ҳамвора дар байни мардум мегашт, аз забони онҳо калимаҳои содаю самимӣ ва рехтаи халқию адабиро ёфта, чинда гирифта, онҳоро боз дар ақлу шуури худ суфта (суда), баъд дар шеърҳояш кор мефармуд, зиёдтар ба оҳанги калимаҳо, зарбу мадори сухан, равиши ҷумлаҳо диққат менамуд, оҳанги гуфтору савти сухани бозориёнро гўш медод, аксар шабҳоро дар сари мисраъҳо, байту бандҳои гоҳо як шеър рўз менамуд. Мо ин ҳодисаро пеш аз ҳама аз эҷодиёти сара, вале баробаракати  шоир эҳсос мекунем. Вай кам, вале пухтаву пурмаънӣ менавишт, шеърро ба дарди мардум мувофиқ карда, ба тақозои замон ва рўҳи эҷодиаш аз ҳар ҷиҳат кор карда мебаромад. Ҳамин махсусиятҳо буданд, ки ҳар шеър аз якдигар пухтаву пурмазмунтар мебаромаданд. Шоир аз  шеър то шеъри дигар камол меёфт, роҳу ифодаи эҷодиаш устувортар мегардид, услубаш рангин, бофти бедаъии хаёлҳо мастаҳкаму баландтар ба ҷилва ва ба парвоз меомаданд. Вай то охири умр ҳамин тавр, зина- зина пеш рафта, ба муфақиятҳои алони эҷлдӣ нойил гардида, фаъолиятмандии шеърро меафзуд. Рафиқону ҳамкорон, ҳамзамонҳояш дар мақолаву гуфтор ва ёддоштҳо аз ин хусус зтёд нақл менамоянд. Хусусан Раҳим Ҳошим дар умри худ гаштаю баргашта аз хаёту эҷодиёти ин марди ҷавони шариф бо ҳурмату эҳтиром ёд менамуд.

            Пайрав дар даҳсоли аввали эҷодиёти худ (1916-1925) асосан шеърҳои зиёд надорад, дар ин давра аз ў ҳамагӣ 15-16 шеър боқӣ мондааст. Зеро шоир дар ин овон ба эҷодиёти худ сахтгир буда, ҳар шеъри ба худаш номақбулро нигоҳ намедошт, зуд дарронда мепартофт.

Вай аз худ талаб дошт, ки аз қадамҳои аввал шеърҳои хуби замонӣ эҷод кунад, зиндагию таърихро бо муҳимтарин факту санадҳояш сабт созад.

            Ҷавоншоир дар ин давра асосан пайрави шоирони классик шуда, қоидаҳои назми анъанавиро пурра риоя менамуд, мехост дар ин дохил  вазну қофия ва обазҳо, созмони дохилии шеърҳоро зиёда ба ҷунбиш оварад, онҳоро дар шеър қувваи фаъол карда нишон додан мехост. Вай ба як қисм шеърҳои классикон ҳамзамон ҷавоб гуфта, назираҳо таълиф мекард, вале аз шеърҳои шоирони муосиру ҷаҳонӣ ҳеҷ гоҳ дур намешуд, эҷодиёти онҳоро сармашқи кори эҷодии худ қарор дода буд.

            Қиёму ошўбҳо, шўришҳои халқӣ ва тўфонҳои сиёсию иҷтимоӣ дар рўҳи шоир инқилоби дигари фикрӣ бедор карда буданд. Ў сари вақт инқилобро пешвоз гирифт ва худи ҳамон рўз – 2 сентябри соли 1920 шеъри «Ба муносибати инқилоби Бухоро»-ро эҷод кард. Баъди як моҳ шеъри барномавӣ ва дурнамои «Қалам»-ро навишт ва изҳор кард, ки вай акнун «аз пайравони хомаи сурх аст» ва бо ин шеър гўё қасам ёд кард, ки қаламро то рақаме, ки дар бадан дорад, ба манфиати халқ ва ба муқобили душманони миллату Ватан равона месозад.

                        Қаламам устоди дастони ман аст,

                        Қалам озода тарҷумони ман аст.

                        Ба қалам рохи дил кай намудам фош,

                        Қаламам маҳрами ниҳони ман аст.

                        То ҷаҳон ҳаст, зинда хоҳам буд,

                        Қаламам умри ҷовидони ман аст.

                        Гарчи дар зиндагӣ хамўшам лек- –

                        Қаламам қосиди баёни ман аст.

                        Безабонӣ нишонаи марг аст, 

                        Қаламам нест, балки ҷони ман аст.

                        Ба адў гўй, ҳон, бипарҳезад,

                        Қаламам дашнаву синони ман аст.

                        Манам аз пайравони хомаи сурх,

                        Қаламам шоҳиду баёни ман аст.

 

      Пайрав дар ин давра ба ду мавзўъ зиёд таваҷҷўҳ дошт. Як гурўҳ шеърҳо мавзўъҳои нави замонӣ буда, дар зоҳир ба шеъру ғазалҳои анъанавӣ қаробат доштанд. Масалан, шоир мавзўъҳои тавсифии мисли қасидаро дар маснавию ғазал ё омехтаи онҳо ҷой дода, шаклҳои тамоман нав ихтироъ мекард («Ба духтур», «Ба ҳакими дўст», «Бародари ҷонӣ»). Шоир дар ин шеъоҳо, ба қавли С. Табаров, яке аз дўстони айёми ҷавониаш Йозеф (Юсуф) Аулро, ки дар Бухоро ба касби духтурӣ машғул шуда, модари Пайравро табобат карда буд, тавсиф намудааст,

Лабонам ҳамеша ба тавсифи ўст,

Надидам чунин дар ҷаҳон ҳеҷ дўст.

     Шоир ҳамчунин ба шарофати духтури чех як муддат ба кори муолиҷа банд шуд, доруҳо тайёр карда, одамонро табобат намуд. Муҳаббати самимии бародарӣ, пазмон шуданаш дар роҳи дўст сабаби ба вуҷуд омадани шеърҳои мазкур шудааст. Эҷодкор ҳамин тавр, аз нахустин давраҳои қалам ба даст гирифтанаш асосан ба навию ҷустуҷўкорӣ дар шеър шурўъ кард ва аз шоирони навовари замони худ барқарор шуд, ки дар шаклу жанрҳои анъанавӣ гоҳо мазмунҳои нав ворид карда, аз усулу сохтори классикӣ истифода менамуд.

      Шеърҳои «Парешон», «Иштиёқ» низ тақлидӣ буда, мисли назира навишта шудаанд. Аммо шоир аз тасвирҳои анъанавии мисли ғазалҳои классикӣ ҷудо намешуд. Омехтаи ғазалу қитъа ва маснавӣ имконоти озодиҷўии  шоирро зиёд менамуданд.

                                   Қоматат сарв аст, рўят –гул, лабонат-оби ҳаёт,

                                   Ман асири қадду рухсори дами Исоятон.

     Дар ғазалҳои классикон чун Саъдӣ, Ҳофиз, Камол ва дигарон ба ҷуз маънии умумӣ, ки ҳар ғазал дошт, он маънии умумӣ боз бо маъниҳои дохилии ҷузъӣ тақсим мешуд чун танқидию шикоятӣ, ҳасбиҳолӣ, иҷтимоӣ ва ғайра. Мо ин аҳволро дар ашъори шоирони  ибтидои қарни бист ва махсусан дар эҷодиёти Пайрав дар ин давра нағз эҳсос мекунем.

Аммо дар ғазали ў «Гар ту дар пайванд бошӣ, аз ҷаҳонам бок нест» анъана устодона истифода шудааст, қариб ҳар байт як мазмуни алоҳида  дошта, аз ҳар хусус мулоҳиза  ба миён гузорида шуда ва боз ин мулоҳизаҳо тарзе ба ҳамдигар марбут гардидаанд, ки онҳоро боз ба қисмҳо ҷудо карда, алоҳида маънидод намудан душвор мебошад. Ин ғазали ишқию ирфонист, ки шоир бо зоҳид ба баҳс гузаштааст. Пайрав бо ин ғазал дар синни 22-солагӣ ба моҳияти ғазали асримиёнагии Шарқӣ расида тавонист.

                        Гар ту дар пайванд бошӣ, аз ҷаҳонам бок нест,

                        Зарра бо хуршед пайвандад, ғаме аз хок нест.

                        Аз гирифторони фитрокат сару сомон маҷўй,

                        Хомаи аҳли чунунро нуқтаи идрок нест.

                        Хест ошиқ ҳар ҳаваскоре, ки лофи ишқ зад,

                        Бар тани ҳар кас қабои ошиқӣ чолок нест.

                        Хомтабъонро бугў Оби  Хизир ҷустан хатост,

                        Дар ҷаҳон оби ҳаёте ҷуз шароби пок нест.

                        Сар ба сар пуч аст, зоҳид, маслаки деринаат,

                        Чашм во кун, он, ки меҷўи ту, дар афлок нест.

                        Зоҳидо, то чанд аз маъшуқу май манъам кунӣ,

                        Пайрави пири муғонам, кор бо тарёк нест.

       Минбаъд ў дар ғазалҳояш кўшиш менамуд, ки аз мазмуни рангину романтикии хаёломези анъанавӣ камтар кор бурда, ба давру замони нав мувофиқ гардонидани ашъорро талаб дошт ва дар ин байн чанд ғазали лирикии ҳаҷвомезе ҳам ба ёдгор гузошт.

        Пайрав шоири ҳассос буд. Ў гоҳ шеърҳои  пурсўзу гудози ишқию иҷтимоӣ мегуфт, ки аз шеърҳои анъанавӣ зиёдтар ба кас таъсир мерасониданд. Ба ин аз як тараф ғазалҳои пуршўри классикӣ боис шуда бошад, аз тарафи дигар, нашъаи ҳаёти озод ва махсусан ишқи тотордухтаре чун Нина (Наима) сахт сабаб шуда монд. Вай ин духтарро дар ҷавонӣ зиёд дўст дошт ва сабаби ба вуҷуд омадани як миқдор шеърҳои лирикии пурэҳсоси «Шаби ҳиҷрон ба хаёли ҷавонон», «Чӣ шуд,ки?», «Фироқнома» ва ҳоқазо гардид. Шоири ҷавон он духтари нозанинро фаромўш карда натавонист. Ҳарчанд хешовандон Пайравро аз  маъшуқа ба Машҳад дур бурданд, духтарро шў гирифт, вале Пайрав боз ҳамон мисли Маҷнун дўстдорӣ мекард. Ў баъд аз гузаштани солиён низ дар васфаш шеърҳо менавишт, ё дар дигар мавзўъ ашъор навишта, он рўзҳои пурдарди ҳиҷронро бо сўзу гудоз ба ёд меовард. («Сазои ман аст», «Парвоз мекунад»), ё як ишорат мекард («Кай гуфтамат?», «Интихоби маъшуқ»). Аммо Пайрав дар ин шеърҳо ҳам гоҳ аз тасвиркориҳои анъанавӣ истифода намуда, ва гоҳ дар ифодаву баёни сухан аз шеваи қалами Лоҳутӣ дурр рафтан намехост.

                        Теғи шаҳодат аз хами абрў бурун кашид,

                        Кофармизоҷ бин, ки чӣ кори савоб кард.

     Чунон ки мебинем, шоир агар дар ин давра мазмунан ба мавзўъҳои  ҷамъиятӣ дахл накарда, зиёдтар шеърҳои маҳрамонаи пуряъсу андўҳ навишта ва ин ҳама дар давраи муайяне боиси пастравии рўҳи эҷодиаш гардида бошад, пас он ҳиссиёти нозук, он ҳаяҷонпарварию ба аъмоқи дил гузашта шеър навиштан як сабаби дигари гармию дилпарварӣ, ҷозибанокии эҷодиёташ мегардиданд. Ин сифати маънавӣ дар мундаиҷаи ашъори Пайрав дар оянда боиси қувват ёфтани поэтикаи (ҳунари) эҷодиёташ шуда тавонистанд.

      Услуби навиштани Пайрав аз шеваи муосиронаш фарқ карда ва ҳамеша навоварона буд. Дар роҳи маънавии шоир мо тозагӣ, навоварӣ, ҳиссиётангезӣ ва ҳаяҷонпарварӣ мушоҳида менамоем, ки дар он солҳо кам шоирон ба ин паҳно мароқ зоҳир менамуданд. Ашъораш зоҳиран анъанавӣ намоянд хам, дар он дохил ҷустуҷўкорӣ зиёд ба чашм мерасид. Мо ин аҳволро муқаддам дар мазмуну сохти шеър, тарзи ифодаи баён, муҳимтар аз ҳама эҷодиётро ба рўҳи давру замон мувофиқ карда ва пайвастанаш мушоҳида менамоем. Ин ҳодиса ҳарчанд ки аз Айнӣ оғоз гирифт, Лоҳутӣ ва Пайрав бо тарзу роҳҳои  мушаххаси худ инкишоф доданд. Лоҳутӣ зиёдтар анъанаписандӣ  карда бошад ҳам, дар он дохил сеҳру эъҷозҳо ба вуҷуд меовард. Пайрав дар анъана махсусиятҳои нави поэтикӣ ва заминӣ дароварда, шеърҳоро аз мағзи ҷон мегуфт.

        Ноқил ё қаҳрамони лирикӣ акнун ба ҳодисаҳои ҳаёт бетараф набуда, ҷуръатманд ва ифшокунанда мебошад, ҳеҷ чиз аз таҳти назари вай дур нест. Вай ифодагари марому мақсади халқ буда, ҳамсолу ҳаммаслаки ботинии ўст. Персонажҳо дар пурнуру шукуфоии ҳаёти нави иҷтимоӣ саҳм мегузоранд.

        Албатта, навиштани шеърҳои мўътабари замонӣ кори осон нест. Хусусан он айёме, ки бўҳрони сахти маънавию иҷтимоӣ дошт, Пайравро зуд дар бағал кашид ва шоир ҳам ин заруратро зуд эҳсос намуда, ба пешвози муҳимтарин масъалаҳои замон қомат рост кард. Вай мадори шеърро афзудан, дар он дигаргуниҳои азим ворид кардан хост. Шоир дар давраи авали эҷодиёташ ба ин орзу то андозае муваффақ шуд. Танҳо шоире ба ин ҳодисаи адабӣ ҷавоб гуфта, баҳои мусбат мегирифт, ки рафти ҷараёни замон, талаби давр, завқу хоҳиши хонандаро дуруст фаҳмида бошад. Вагарна бисёр касон ба ширеши анъана дармонда, ё аз он дилгир шуда, ба кўи ноумедӣ афтода буданд, ё хоҳиши навпардозӣ карда, аз эҷодиёт даст шустанд. Дар солҳои аввали садаи  ХХ ин гуна эҷодкорон кам набуданд, ки баъд як қисме аз онҳо  ба неши мутойибаи Пайрав дармонданд.

        Аммо Пайрав аз қабили чунин шоироне буд, ки фақат ба адабиёти худ маҳдуд нагардид, бо адабиёти русу халқҳои ҳамсоя, бо адабиёти Ғарбу Шарқ ҳамвора машғул шуда, зиёд мутолиа намуда, ғизои зарурии маънавӣ мегирифт. Муқаддам назми ғановатманди форсии тоҷикӣ, дастгирию  ғамхориҳои падаронаи Айнӣ ва Лоҳутӣ, навоварҳои дар адабиёти тоҷик шурўъкардаи онҳо боиси илҳоми эҷодии ин ҷавони сархуш гардида буданд. Ҳамчунин ҷустуҷўкорӣ дар назми халқҳои бародар, шиносоӣ бо эҷодиёти фардҳои бузурги ҷаҳонӣ, бўҳронҳои сиёсию иҷтимоӣ чун Инқилоби ўктабир шоирро зиёдтар парвариш дода буданд. Ин ҷиҳатҳо, бешак, боиси вусъати тафаккури бадеии шоири ҷавони тоҷик шуда, ўро ҳанўз дар ҷавонӣ ба қатори бузургони адабиёти давр гузаронида тавонист. Худи ў дар айни балоғати чавонӣ навишта буд,

                        То ҷаҳон ҳаст зинда хоҳам буд,

                        Қаламам умри ҷовидони ман аст.

Аз китоби Шоҳзамон Раҳмонов “Бародарони ҷонӣ”. Душанбе, “Ирфон”, соли 2003.

Китоби “Бародарони ҷонӣ”-ро, ки ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоири маъруфти тоҷик Пайрав Сулаймонӣ бахшида шудааст, шумо, хонандагони азиз метавонед дар толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Уғул Бобораҳимова.