Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Мирзо Шоҳфоизи Бухороӣ (Таваллуд- 1307, вафот 1336)
(Аз тазкираи Мўҳтарам)
Дар ҷавоб ва татаббўъи як ғазали Мирзо Аббос Фурўғии Бастомӣ иншод карда:
Эй ҷон, аз он ба синаи худ ҷо кунам туро,
То сарфи роҳи он бути раъно кунам туро.
Чандон равам зи хеш,ки пинҳон шавӣ зи чашм,
Гоҳе, ки эй нигор, тамошо кунам туро.
Расво шудам агарчи зи ишқи ту, эй писар,
Ҳаргиз гумон мадор, ки расво кунам туро.
Аз насли ҳур ё зи малак офаридаӣ?
Нисбат чи сон ба Одаму Ҳавво кунам туро?!
Эй хоки кўи дўст, зи бас хубу дилкашӣ,
Меарзад, ар ба дидаи худ ҷо кунам туро.
Эй сарв, лофи шеваи озодагӣ мазан!
Варна дучори он қади боло кунам туро.
Фоиз, ба ғайри васфи бутон дам мазан дигар,
То шуҳра зери гунбади хазро кунам туро.
Фоиз дар авоили ҳол ба муносибати пешаи падараш «Сарроф» тахаллус карда буд. Ин ғазалро дар ҷавоб ва татаббўъи Оғоисмоил Мунири Кашмирӣ иншод карда.
(Аз тазкираи Садри Зиё)
Гулбун надорад ин ҳама хуни ҷигар, ки ман,
Ин гуна баҳр ҳам набувад чашмтар, ки ман.
Дар мулки мехнат аз мадади бахти бадсиришт
Ин сон касе наёфта ҳаргиз зафар, ки ман.
Дар хайли кулфату аламу дард хусравам,
Ҷамшед ҳам надошт чунин карру фар, ки ман.
Расвои шаҳр гаштаму девонаи диёр,
Шахсе надорад ин ҳама фазлу ҳунар, ки ман.
Дар Бесутуни ишқ зи Ширини рўзгор
Фарҳод ҳам нахўрда ба сар ин табар, ки ман.
Рўзе, ки дил ба орази моҳат асир шуд,
Ҳаррўза хўрда санги маломат ба сар ки? Ман!
Маҷнун, ки буд шуҳраи олам ба ошиқӣ,
Саҳронаварди ғам нашуда ин қадар, ки ман.
Гуфтам ба нола: саъй намо, нарм кун дилаш,
Гуфто: ба санги хора чи созад асар, ки ман!
Гуфтам: ки бурд аз бари Сарроф дил? Бигуфт:
Он гесувони пурчами чун мушки тар, ки ман.
Мирзо Шоҳфоиз – писари Мирзобой оқсақол ном саррофи бухороист. Мумоилайҳи дар зимни касби падар ба таҳсили илму камол саъйу ҳаракат дошт. Дар авоили соли 1914 мелодӣ барои табобат ва саёҳат Туркия ва баъзе шаҳрҳои Аврупоро сайр карда буд.
Фоиз аз хурдсолӣ ба адабиёт машғулӣ мекард, илова аз мутолааву тафтиши осори адабияи форс ба мутолааи осори адабияи турки усмонӣ низ ҳарис буд.
Мумоилайҳи бо аксари ҷавонбухориён дўсту ҳамфикр буд, бинобар ин соли 1918 дар воқеаи Колесов аз бими дастгир шудан рўй пинҳон кард. Аммо имоми гузараш Қори Рўзӣ ном ўро ба дарбори амир маълум карда, дастгираш кунонид. Фоизи мазлум мисли соири ҷавонбухориён ба дасти амир гирифтор омада, ба азобу уқубати тоқатгудоз ба саодати шаҳодат фоиз гардид.
Дар вақти сайёҳати Туркия ва пеш аз он хеле осори адабияи нафиса аз устодони комили ин фан ҷамъ карда буд. Ба саъйу кўшиши имоми мазкур он ҳама китобҳои нодир ҳам сўзонида шуд.
Садриддин Айнӣ.
“Намунаи адабиёти тоҷик”,
Душанбе соли 2010.