Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Мирзо Содиқ Муншии Ҷондорӣ ( Тумани Бухоро) (Аз шуарои аввалҳои асри 13)

Мирзо Содиқ Муншии Ҷондорӣ(Аз « Туҳфат – ул – аҳбоб»)

Хондем чун сафеду сиёҳи китоби чашм,

Чун нуқтаи сиришк надидем боби чашм.

Ҳамчун нигаҳ расад ба фалак сарви нолаам,

Ин нахл парваридаам азбас ба оби чашм.

Равшандилон зи ғафлати ҳамсоя тираанд,

Зад ғўта мардумак ба сиёҳӣ зи хоби чашм.

Ғофил зи файзи гиря дар ин бўстон мабош,

Нахли умед бор диҳад аз саҳоби чашм.

Ҳар дидае, ки нақди сиришке зи каф нарехт,

Содиқ, варо шумор макун дар ҳисоби чашм.

Гўянд, ки аҳолии Ҷондор вакте ба ҷиҳати қаҳтии об пеши Мирзо Содиқ омада, илтимоси навиштани аризае карданд барои талаби об ба амири замон, мирзои мазкур ба ариза навишт:

« Умедгоҳо ! Ва мина –л – мои куллу шайин ҳай, хусусан, ҷондор… »

Нақл аст, ки боре мирзои мазкур бо  мири аҳдаш дар чаҳорбоғе, ки ба тозагӣ бино ёфта буд, сайр мекарданд. Мирзо себе аз он чаҳорбоғ канда, дар даст дошт. Амир таърихе барои чаҳорбоғи мазкур хоҳиш кард. Мирзо дар бадеҳа гуфт:

Таърихи чаҳорбоғ гулгун кардам,
Себе зи чаҳорбоғ берун кардам.

Махфӣ мабод, ки тамоми адади «чаҳорбоғ» 1212 аст, ба ишорати «себе берун кардам» ба амали таъмия – се « б», яъне шаш берун шуда, боқӣ 1206 мемонад.

Мирзо Содиқи Муншӣ соҳибдевон аст. «Даҳмаи шоҳон» ном маснавӣ дорад ба вазни « Шоҳнома». Дар ин китоб подшоҳони охирини Бухороро аз қабр сухан мекунонад. Ҳар кадом тарҷумаи ҳоли худро худ ҳикоя мекунад. Шоёни дидан аст.

Садриддин Айнӣ.
“Намунаи адабиёти тоҷик”,
Душанбе соли 2010.