Ёди гузаштагон. Нуринисо Бобоҷонова – сарваре бо хотироти нек

Нуринисо БобоҷоноваНуриниссо Бобоҷонова, ки муддати 20 сол сарварии калонтарин китобхонаи кишвар, Китобхонаи ба номи Фирдавсиро ба ӯҳда дошт, акунун ба синни 87 расид. Шахсияте, ки то ҳанӯз собиқадорони китобдорӣ хотироте неке аз замони роҳбарияш дар хотир доранд.

Нуринисо Ҳомидҷоновна 9-уми марти соли 1931 дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) дар оилаи омўзгор таваллуд ёфтааст.  Ў пас аз хатми мактаби миёна (1948) ба Омўзишгоҳи занонаи омўзгории шаҳри Сталинобод дохил мешавад ва онро соли 1952 бо баҳои аъло хатм мекунад. Солҳои 1952-1954 ба ҳайси инструктори КМ ЛКСМ Тоҷикистон кору фаъолият мекунад ва баъдан солҳои 1954-1959 таҳсилро дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира ДДМТ) идома медиҳад.

Бобоҷонова Н.Ҳ. пас аз хатми Донишгоҳи олӣ (1959) фаъолияти кориашро дар даргоҳи муқаддас – тамаддуни илму фарҳанги халқи тоҷик Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (ҳоло Китобхонаи миллӣ) идома мебахшад. Дар ин даргоҳ ў дар байни коллективи сершумор (қариб 400 нафара) софдилона меҳнат мекунад ва сазовори обрўю эҳтироми ҳамкасбонаш мегардад. Дар навбати худ роҳбарияти китобхона хислатҳои кордонӣ ва ташкилотчигии ўро ба инобат гирифта, вайро ба вазифаи масъул – мудири шўъбаи коркарди адабиёт ва феҳристнигорӣ таъин мекунад. Дар давраи мудирии ў сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён, зиёдшавии теъдоди онҳо ва миқдору сифати чорабиниҳои оммавӣ дар байни хонандагон зиёду баланд мегардад.

Ў аз соли 1967 то ба нафақа баромаданаш (соли 1987) вазифаи директории Китобхонаро ба ўҳда дошт. Дар давраи сарварии ў фаъолияти ин даргоҳ равнақ ёфт, сохторҳои нави корӣ (шўъбаҳои библиографияи миллӣ, нигоҳдории китобҳои депозитарӣ, ахбор оид ба маданият ва санъат, фонди мубодилавӣ, илмию тадқиқотӣ ва ғайра) тавлид ёфтанд ва сохтмони бинои иловагии он (барои 2,7 млн. адад ҷои китобнигоҳдорӣ) ба истифода дода шуд, нуфузи китобхона дар байни ҳамкасбони ҷумҳуриҳои собиқи шўравӣ ва мамолики хориҷи дуру наздик баланд гардид.

Бобоҷонова Н.Ҳ. барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва фаъолияти кори қитобхона дар бисёр чорабиниҳои байналмилалӣ ширкат варзида, таҷрибаи пешқадами онҳоро сармашқи кори худ гардонидааст.

Дар давраи роҳбарии ў корҳои илмию методӣ ва таҳкиқотии Китобхона ба зинаҳои баланд бароварда шуд ва теъдоди маҳсулоти чопии он низ хеле афзуд.

Бо роҳбарии бевоситаи ў дар ҷумҳурӣ (солҳои 1970-1980) мутамарказонидани маҷмўи китобхонаҳои кишвар ба амал оварда шуданд ва теъдоди сафарҳои кормандони Китобхона ба гўшаю канори ҷумҳурӣ бо мақсади ёрии методию амалӣ ба китобдорони деҳот, омўхтани таҷрибаи пешқадами онҳо зиёд гардид. Дар китоби хотироти меҳмонони китобхона гуфтаҳою суханони нек нисбати кори хуби коллективи кормандони ин қасри дониш, ки Н.Ҳ. Бобоҷонова сарвариашро ба ўҳда дошт, оварда шудаанд. Навиштаҳои болоӣ гувоҳи онанд, ки дар замони роҳбарии зани асил ва меҳрубон, кордону пуртаҷриба Нуринисо Бобоҷонова хизматрасонии фарҳангӣ ба хонандагони Китобхона ва қонеъ намудани талаботи онҳо ба иттилооти зарурӣ хеле хуб ба роҳ монда шуда буданд.   Барои хизматҳои шоёнаш ў бо қарори Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон бо Грамотаи фахрӣ (29 июли соли 1975) ва унвони «Корманди хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон” (1 апрели соли 1981) сарфароз гардонида шудааст.

Аз Нуриниссо Бобоҷонова ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавон хонд:

Зеҳнӣ, Т.Н.: Библиография /Тартибдиҳанда: Н.Кароматуллоева, Ф.Зеҳнӣ; Муҳаррир Н.Бобоҷонова. – Душанбе, 1976. – 69 с.

Китобхонаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ: Ба муносибати 50-солагии кушода шуданаш // Тақвими ҷашн ва санаҳои РСС Тоҷикистон барои соли 1983. – Душанбе, 1983. – С. 13-18. – Ҳаммуаллиф Л.Г.Казырева.

Государственная библиотека Таджикской ССР имени А. Фирдоуси: К 50-летию со дня открытия // Календарь знаменательных и памятных дат Таджикской ССР на 1983 год. – Душанбе, 1983. – С. 71-76. – Соавтор Л.Г. Козырова.

Главная библиотека республики: Гос. Биб-ка Тадж. ССР имени А.Фирдоуси // Библиотеке имени Фирдоуси 50 лет: Сб. статей / Составитель: Л.Г.Козырева; Под. Ред. Проф. А.Л. Хромова. ГРБ им. Фирдоуси. – Душанбе: Ирфон, 1983. – С. 5-23. – Соавтор Л.Г.Козырева.

Маҳзани дониш: КДР ба номи Фирдавсӣ // Тоҷикистони советӣ.   –  1974. – 26 октябр.
Маҳзани маърифат: КДР ба номи Фирдавсӣ // Маориф ва маданият. –  1979. – 13 декабр.

Дар борааш:

О присвоении почетного звания «Заслуженного работника культуры Таджикской ССР» директору Гос. Библиотеки Тадж. ССР им. Фирдоуси тов. Бабаджоновой Нуринисо // Библиотеке имени Фирдоуси 50 лет: Сб. статей. – Душанбе: Ирфон, 1983. – С. 159.

Сулаймон И.С., Раҷабов Ҷ. Ҷорчиёни фаъоли маърифат // Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ – 50 сола: Маҷмўаи мақолаҳо. – Душанбе: Ирфон, 1983. – С. 103.

Бобоҷонова Нуринисо: Маълумоти мухтасар // Хуб шуд, ки зан бо давлат ёр шуд / Нашри 2, бо иловаҳо ва таҷдиди назар. – Душанбе, 2005. – С. 101.

Дар Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон: Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон бо қарори худ ба директори Китобхонаи республикавии ба номи Фирдавсӣ Бобоҷонова Нуринисо барои дар байни меҳнаткашони республика  пропаганда  кардани китоб хизмат нишон доданаш номи фахрии «Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти РСС Тоҷикистон» дод // Тоҷикистони советӣ. – 1981. – 3 апрел; Маданияти Тоҷикистон. – 1981. – 3 апрел.

Шарипов, А., Саидов, Ф., Акобирова, М. Хазинадори ганҷинаи маърифат: Нуринисо Бобоҷонова // Садои мардум. – 2001. – 10 март.

Бозчоп: Коршиносони Китобхонаи миллӣ: Маълумотномаи шарҳиҳолию библиографӣ. – Душанбе: Эҷод, 2006. – Қ. 2. – С. 8-11.

Библиографияи миллӣ