Аз “Риёз-уш-шуаро”. Мавлоно Нуруллоҳи Гелонӣ
Аз аксари уламои замон ба ҷомеияту вусъати машрабу ахлоқи карима мумтоз буда, дар улуми адабия, фиқҳу ҳадису калом истеҳзораш ба дараҷаи атамм ва эҳсои камолоташ берун аз ҳаййизи кайфу кам менамуд. Аз чошнии фақраш коми ҷони толибони ориф ширин ва ифодоти алийяаш сайқали мироти қулуби арбоби яқин.
Идроки суҳбати бисёре аз аозими ҳар фирқа намуда, иктисоби ҳамаи саодот фармуда буд. Дар авоили шабоб аз балдаи таййибаи Лоҳиҷон, ки мавлиди он алломаи замон аст, ба Исфаҳон омада, дар камоли сафо рӯзгор мегузаронид, то дар байни авқоти муҳосира аз доруссалтанаи мазбура берун рафта, мутаваҷҷеҳи атаботи олиёти Наҷафи ашрафу Карбалои муалло гардида, дар остонаи муқаддасаи Сайидушшуҳадо, алайҳи-с-салом, муҷовират ихтиёр ва баъд аз ҳафт сол интиқол ба малакути аъло намуда, дар ҷивори он равзаи муқаддаса мадфун гардид.
Бисёр хушсуҳбату суханрас буда. Гоҳе ба ҳасаби иттифоқ байте мавзун менамуда, аз он ҷумла аст:
Арақ чу аз рухи он гулъузор ларзаду резад,
Ситораи фалаки иқтидор ларзаду резад.
Аз китоби Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019
Таҳияи Мадина ҲАМИДОВА, мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.