Аз “Риёз-уш-шуаро”. Қозӣ Низомиддини Хонсорӣ
Мавлиду маншаи вай қасабаи дилгушои мазкура аст. Дар авоили шабоб ба шавқи таҳсили камолот ба Исфаҳон рафта, дар мадориси он ҷо ихтиёри сакнову истифода аз хидмати уламо намуда, ба сабаби ҳусни салиқаву истеъдод рутбаи мавлавият ёфта, дар хилоли таҳсил ҳангоми фурсатро ҷиҳати тартиби димоғу таншити табъ ба суҳбати шуарову зурафо мегузаронид.
Баъд аз чанде бар ҳасаби тақдир ба балдаи Хуррамободи ирамбунёд, ки муқаррари давлати волии Луристони файлист, афтода, дар он ҷо мутааҳҳилу ҳасбулхоҳиши аҳолии он ҷо ба шуғли қазо ризо дода, муҳокимаи шаръиётро мутакаффил гардад.
Бисёр фақирмашрабу латифуттабъ буд. Ба шеър бисёр марбут ва ба фанни мусиқӣ камоли маҳорат дошта. Ҳусни савташ ба мартабае буд, ки агар гоҳе дар танҳоӣ ба мисрае мутараннум мешуду алалғуфлаба гӯши касе мерасид, беҳуш мегардид. Чанд сол қабл аз ҳоли таҳрир дар ҳаёт буд.
Гоҳе байте мавзун менамуд, аз он ҷумла аст:
Ҳарчанд мегурезӣ аз ман, нигорак, ман
Мегирамат чурӯзаи моҳи муборак ман.
***
Аз паҳлуи иззат накунам чарб даҳанро,
Чун шамъ хурам, то битавон хӯрд баданро.
Аз китоби Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019
Таҳияи Мадина ҲАМИДОВА, мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.