Маҳфили “Дар суҳбаи адиб” бо ширкати Латофат Кенҷаева

  Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дар суҳбати адиб» дар ҳамкорӣ бо телевизиони «Баҳористон» баргузор гардид, ки меҳмони он рўзноманигор, шоири шинохта, нависанда, ношири маъруф узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Латофат Кенҷаева буд. Ин маҳфил тибқи нақшаи чорабиниҳои шуъба моҳе як маротиба доир мегардад.

  Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода муаллима Латофат Кенҷаеваро хушомадед гуфта, аз хидматҳои ў дар роҳи адабиёт, бахусус адабиёти кўдак ёдовар шуд.

  Латофат Кенҷаева дар оғоз бо хоҳиши кўдакон аз лаҳзаҳои фаромўшношудании айёми кўдакияш қисса кард.

– Лаҳзаеро дар ёд дорам, ки муаллими забон ва адабиётамон зиндаёд Салоҳиддинов ба мо бачаҳо гуфтанд, ки пагоҳ омода шавед вохўрӣ бо шоиру нависандагон мешавад, ки онҳо аз шаҳри Душанбе меоянд. Бо ҳама изтиробу ҳаяҷон кўдакона хушҳол будем, ки шоирро бори аввал мебинем. Кӣ меомада бошад?

Вақте, ки толор даромадем, дар пеш се нафар нишаста буданд. Чун ровӣ адибонро шинос кард, ман алаккай аз рўи сураташон мешинохтам, ки онҳо киҳоянд. Шоирон Аминҷон Шукуҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ ва Муҳиддин Фарҳат буданд. Ман ба устод Аминҷон Шукуҳӣ мактуб навишта будам ва он кас ба номаам ҷавоб дода буданд, ки агар шумо шоиру нависанда шудан хоҳед, бояд хеле хеле зиёд китоб хонед. Ҳамин маслиҳати Аминҷон Шукуҳӣ дар ёдам буд ва он мулоқот ҳаргиз аз ёдам намеравад, – нақл кард  Латофат Кенҷаева.

Латофат Кенҷаева хатмкардаи шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо дипломи аъло (1972) аст ва Сабрин тахаллуси шоирии ўст. Вай аз соли 1981 сардабири маҷаллаи ҷавонону наврасон “Истиқбол (собиқ “Машъал”) буда, соли 1996 назди маҷалла Ташкилоти кӯдакони соҳибистеъдоди ҷумҳуриро бо номи “Истиқбол” таъсис дод, ки он соли 2008 табдил ба ТҶБ Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалӣ шуд.

Ў ҳанӯз аз давраҳои мактабӣ машқи шеър мекарду шеърҳои бачагона менавишт. Намунаҳои шеъру ҳикояҳои Латофат Кенҷаева бори аввал дар нашрияҳо ва дар китоби “Тазкираи адабиёти бачагон” ва чандин маҷмӯаи дастҷамъӣ ба табъ расидааст.

Китоби Латофат Кенҷаева “Сандуқчаи марворид” ороста аз тезгӯяку чистон ва кистонҳо дар шакли шеър, барои бачагон эҷод шуда, бо тавсияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 чун дастури омӯзишӣ барои мактаби миёна тасдиқ шудааст. Ин китоб аз маъруфият миёни навсли наврас бархурдор аст. Гувоҳи ин гуфтахо се нашр чоп шуданаш мебошад.

Ин адиби дўстдоштаи кўдакон маҷмӯаҳои зеринро интишор додааст, ки барои кӯдакону навҷавонон ва насли бузургсол эҷод шудааст:

Лолаарӯсак“, “Таронаҳо“, “Марҷони ранга“, “Шарораи хотираҳо“, “Сандуқчаи марворид“, “Рози шабнам“, “Мусича Дурдона“,
Оҳи гусаста“,  “Нома ба бародар“, “Гурбаи Сомон ва ҷӯҷаи Ораш“,
Наҷотбахши дунё кист?”,  Қофиябозӣ 1-2“,  “Шеърҳо,  “Хилвати гесӯ“, “Фариштае ба нури орзу”, “Афсонаи Тилонур“, “Гаҳвораҷунбон“, “Саргузашти чуҷаи доно“, Қофиябозӣ – 10“.

Сўҳбати адиб бо наврасони шуъба хотирмону дилнишин гузашт.

Раҳима Азам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.