Аз “Риёз-уш-шуаро”. Мулло Ворастаи Розӣ

Китоб

Аз эли чиканӣ буда. Исмаш Имомқулист. Ба Ҳиндустон омада, дар замони шоҳ Аббоси сонӣ муроҷиат ба Эрон намуда ва дар санаи 1075/1664-65 вафот ёфт.

Ӯрост:

Ба санги кам тарозуи карамро сар фурӯ н-ояд,
Ман аз баҳри ҳамин бар дӯш дорам кӯхи исёнро.

Бар мост миннате ҳама касро, чаро ки мо
Мамнуни он касем, ки мамнуни он наем.

Эй зи оташи узори ту гулҳо шарораҳо,
Чашми туро фиреб яке аз ишораҳо.

Азбаски чарх киштии дарёдилон шикаст,
Ин баҳр як сафина шуд аз тахтапораҳо.

Ду рӯз шуд, ки намебинаму намедонам,
Ба хонае, ки фитодаст дигар он оташ.

Чӣ  монда аз худи мову худпарастии мо?
Ғубори оина беш аст (?) ҳастии мо.

Мужда додандам, ки меоӣ в-аз шодӣ маро
Ҳам ҳаёти рафта омад, ҳам ғами оянда рафт.

Диҳанда то наситонад, наметавон додан,
Кадом ҷуд, ки аз кисаи гадое нест.

Ба ҳар шаҳре, ки бошад он ҷавон, пирӣ намебошад,
Ки мӯ натвонад аз шарми қамарҳо шуд сафед он ҷо.

Он чи пур ҷустему кам дидему дар кор асту нест,
Нест дар маънӣ ба ҷуз одам, ки бисёр асту нест.

Дар мадҳи Зулфиқорхони бегларбегии Ⱪандаҳор гуфтааст:

Шохро дар кафи ӯ ҷавҳари иқбол баланд
Зулфиқор аст  ба дасти Алии Умронӣ.

Дар ҳаҷви Муҳаммадқулии Салим гуфта:

Дахле, ки накардӣ ба Каломуллоҳ аст,
Байте, ки набурдаӣ ту, Байтуллоҳ аст.

Мулло Восиби андаҳорӣ

Аз он шаҳр суханвар кам хостааст, балки шунида нашудааст, ки дар он ҷо мавзуне савои ӯ ба ҳам расида бошад. Дар Лоҳиҷон бо Муҳаммадқулии Салим мусоҳиб буда.

Ӯрост:

 Нафас аз ман ба суроғи ту даме дар пеш аст,
Нақши по дар раҳат аз ман қадаме дар пеш аст.

Магузор, эй дил, ба хами кокули он зулфи сиёҳ,
Ки балое ба қафову ситаме дар пеш аст.

Ба чаман рафтаму чун гул нафасе гӯш шудам,
Булбул аз гул гилаҳо кард, ки хомӯш шудам.

Аз китоби  Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019

Таҳияи Малика Абдуллоева.