Аз “Риёз-уш-шуаро”. Ҳумоюнподшоҳ
Ибни Бобурподшоҳ ибни Умар Шайх Мирзо ибни Абӯсаъид Мирзо ибни Султон Муҳаммад ибни Мироншоҳ ибни Амир Темури соҳибқирони мағфур аст. “Шуд кавкаби Ҳумоюн аз бурҷи саъд толиъ/939//1532-33” таърихи таваллуди он шаҳрёр аст. “Доим ҳумои давлат ояд ба сояи шоҳ/951//1544-45” таърихи рафтани он Ҷамҷоҳ аст ба назди шоҳ Таҳмосби мағфури мозии Сафавӣ.
Ва таърихи муроҷиати вай ба Кобул, ба имдоди подшоҳи мағфуру фатҳ кардани Кобул, ин мисроъ аст, ки гуфто: “навиди фатҳи Ҳумоюн расид боз /954//1547-48”. Мулло Қосими Коҳӣ дар фавти ӯ гуфта: “Ҳамоюнподшоҳ аз бом афтод/963//1555-56”
Шарҳи ҳолоту қазоёе, ки бар вай рӯй дода, дар кутуби таворих мастуру мазкур аст, ин ҷо гунҷоиши таҳрир надошт. Дар вақти асри ҷумъа, ҳафтуми рабеулаввали санаи нуҳсаду шасту се / 1555 – 56 аз боми қасре, ки дар андаруни қалъаи Шершоҳ, ки дар Деҳлии куҳна воқеъ аст, ба сарои ҷовидонӣ шитофт. “Ҳумоюн куҷо рафту иқболи ӯ /963//155-56” низ таърихи он воқеа аст.
Ва ин абёт мансуб ба ӯст:
Ин на сарв аст, ки дар боғ қад афрохтааст,
Шамъи сабзест, ки парвонаи ӯ фохта аст.
Ё Раб, ба камоли лутф хосам гардон,
Ориф ба ҳақоиқи хавосам гардон.
Аз ақли ҷафокор дилафкор шудам,
Девонаи худ хоу халосам гардон.
Эзад, ки фалак ба қабзаи қудрати ӯст,
Додаст туро ду чиз, к-он ҳар ду накӯст:
Ҳам сирати он, ки дӯст дорӣ касро,
Ҳам сирати он, ки кас туро дорад дӯст.
Ин ду рубоӣ дар ҷавобӣ Байрамхон гуфта:
Эй он, ки аниси хотири маҳзунӣ,
Чун табъи латифи хештан мавзунӣ,
Чун медонӣ, ки бе ту чун мегузарад,
Чун мепурсӣ, ки дар фироқам чунӣ?
Эй ёри латифтабъу покизагуҳар
В-эй умдаи аҳли фазлу арбоби ҳунар,
Бигшо назари умед, к-аз нури ҳузур
Меорамат аз тирагии ҳаҷр бадар.
Аз китоби Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019
Таҳияи Малика АБДУЛЛОЕВА.